» » Парламентские выборы в Таджикистане

Новости

Парламентские выборы в Таджикистане

ИНТИХОБОТ –ИФОДАИ ИРОДАИ ХАЛК
Соли 2020 дар таърихи давлатдории мардуми сарбаланди кишварамон сахифаи наве кушода шуд. Ин хам бошад дар сатхи баланд ва бо як эхсоси худшиносии милли, эхсоси ватандории баргузории интихоботии навбатии вакилони Мачлиси намояндагон ва мачлисхои махалли ба шумор меравад. Мухимияти ин масъала дар Паёми имсолаи Рохбари давлатамон ба таври хеле нозукбинонаву мантики баён гардида, ахамиятиу арзиши он аз чандин дидгох барраси гардиданд. Масъалаи баргузории интихоботи имсола аз чониби интихоботкунандагон дар як фазои сулху осоиштаги, бо иштирок дар хаёти сиёсии мамлакат демократи ва шаффоф гузаронида шуд. Лозим ба ёдовари аст, ки чандин нафарашон бори аввал аст, ки дар чунин маъракахои сиёсии кишвар иштирок менамоянд. 
Мавриди зикри хос аст, ки вакилони имсола аз вакилони интихобшудагон солхои кабли ба кулли фарк доштанд. Фаркияташон дар он аст, ки имсол номзадхо ба вакилии мачлиси вакилони халки нохияви, шахри ва вакилони мачлиси намояндагон, хамаашон номзадхои арзанда ва тачрибадидаанд, инчунин, ба сифат ва дониш, сатхи забондони, тачриба ва малакаи кордонии онхо диккати махсус дода шудааст.
Номзадхо ба хайси номзад ба вакилии Мачлиси вакилони халк дар махалхо, нохияхо ва ш. Душанбе дар доираи барномаи пеш аз интихоботии хизби Халкии Демократии Точикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» чихати ноил шудан ба хадафхои стратегии рушд барои панч соли оянда, амал намуда, ичрои вазифахоидар пеш гузоштаашонро бо дарки эхсоси масъулияти баланд ичро хоханд кард. 
Дар интихоботи навбати бо максади ичрои талаботи конунгузории интихоботии Чумхурии Точикистон ва таъмини хукуки интихоботии шахрвандоне, ки берун аз кишвари азизамон карор доранд, дар 30 давлати чахон 39 участкаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ташкил карда шуданд. Ва чи хеле ки аз расонахои хабари маълум гардид, шахрвандони мо бо вучуди берун будан аз марзи Точикистон дар ин маъракаи сиёси фаъолона иштирок намуда, мавкеи худро барои пешрафти кишвари азизамон, муайян намуданд, ки ин ифтихори хар як фарди миллати точик мебошад.
Хамзамон, рафти баргузории интихобот дар шароити шаффоф ва ошкоро аз тарафи мушохидони байналмилали аз кабили Кумитаи ичроияи Иттиходи Давлатхои Мустакил (КИ ИДМ), Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатхои иштирокчии Иттиходи Давлатхои Мустакил (АБП ИДМ), Дафтари ниходхои демократи ва хукукхои инсони Созмони амният ва хамкори дар Аврупо (ДНДХИ/САХА), инчунин, намояндагони сафоратхои мукими Точикистон зери назорат карор дошт. Ва хамаи намояндагони ин ниходхои баландпоя дар як заминаи ором ва демократи гузаштани интихоботи вакилони халки ибрози акида намуданд, ки ин як бори дигар аз рохи пешгирифтаи Чумхурии Точикистон ва обрую мавкеи он дар арсаи чахони далолат мекунад.
Умедворам, ки интихобкунандагони имсола номзадхои арзандаро интихоб кардаанд. Аз хамаи номзадхое, ки ба хайси вакилии мачлиси вакилони халки, нохияви, шахри ва вакилони мачлиси намояндагонинтихоб гариданд, ба хамаашон барои амалишавии барномаи Хизби Халкии Демократии Точикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» чихати ноил шудан ба хадафхои стратегии рушдва дастуру супоришхои рохбари муаззами хизб мухтарам Эмомали Рахмон барори корро таманно дорам.

Давлатов Ф.

Номзади илмхоигеология ва минералогия.
Теги:
Поделиться:

Похожие новости

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Designed by CROSS Graphics

All rights reserved © 2020