preloader

интизор шавед...

Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ

   Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ яке аз калонтарин зерсохтори Институт ба шумор рафта, дар самтҳои зерин корҳои тадқиқотиро пеш бурда истодааст:

- Гузаронидани мушоҳидаҳои доимии сейсмикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба воситаи пойгоҳҳои сейсмикии рақамӣ;

- Гузаронидани мушоҳидаҳои доимии деформатсияи қишри замини қаламрави Точикистон;

- Ба қайдгирии заминҷунбиҳои шадид бо таҷҳизотҳои муҳандисию сейсмометрӣ (ССРЗ);

- Мушоҳидаҳои сейсмогеохимивӣ оид ба гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар пармачоњҳои обҳои маъданию термалии Тоҷикистон.

   Расонидану пешниҳод намудани ахборотҳои фаврӣ нисбати заминҷунбиҳои ҳисшавандаи дар ҷумҳурӣ ба амал омада ба мутахассисони соҳавии Институт ва иштирок намудан дар таҳқиқи макросейсмикии оқибатҳои заминҷунбиҳои шадид.

   Ҳудуди Тоҷикистон яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъолтарини Осиёи Марказӣ ва ҳатто Ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар қаламрави ҷумҳурӣ бузургтарин силсилакӯҳҳои қитъаи Осиё-Тиёншону Помир арзи вуҷуд доранд, ки дар қишри онҳо ҳаракатҳои босуръати тектоникӣ ба вуҷуд омада, боиси сар задани заминҷунбиҳои гуногунқувва ва шадид мегарданд. Инчунин, дар манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон минтақаҳои серзилзилаи Помири Ҳиндукуш ҷойгир мебошанд ва дар онҳо заминҷунбиҳои сершумори шадиди чуқурманбаъ (чуқурии гипо-марказ тахминан то 200км ва зиёда аз он) ба вуқӯъ меоянд. Тақрибан 80 фоизи заминҷунбиҳои дар Осиёи Марказӣ рух медода ба қаламравии Тоҷикистон рост меояд.

   Аз ин лиҳоз, аз солҳои 1940-и қарни гузашта сар карда, барпо намудани пойгоҳҳои сейсмикӣ ва гузаронидани мушоҳидаҳои сейсмологӣ дар собиқ Иттифоқи Шуравӣ ва дар навбати аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурият пайдо намуд. 

   Солҳои 1980-ум мушоҳидаҳои сейсмологӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, дар 47 пойгоњҳои маъмулӣ (аналогӣ), 7-пойгоҳҳои геофизикӣ, 4-пойгоҳҳои сейсмогеохимиявӣ ва дигар намуди мушоҳидаҳо гузаронида мешуданд. Ҳамчунин дар мавзеъҳои ҷойгиршавии НБО-и Норак ва Сарбанд пойгоҳҳои муҳандисӣ сейсмометрӣ фаъолият дошта, дар қисмати шарқии ҷумҳурӣ (минтақаҳои Рашт) аз тарафи Экпедитсияи комплексии сейсмологии Институти физикаи Замини Академияи илмҳои Иттифоқи Шуравӣ 15-адад пойгоҳҳои комплексии сейсмологӣ ташкил гардида, мушоҳидаҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида мешуданд ва онҳо аз солҳои 1992 ба ихтиёри Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.       

   Ҳоло дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 56-адад пойгоҳҳои сейсмикӣ, сейсмогеофизикӣ, сейсмогеохимиявии Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикии Институт мавҷуд мебошанд. Дар заминаи аксари ин пойгоҳҳо (20-адад) нақбҳои махсуси геофизикӣ сохта шудаанд, ки барои ҷойгир намудани ҳамагуна таҷҳизотҳои сейсмикӣ ва геофизикӣ беҳамто мебошанд. Бояд қайд кард, ки аксари ин пойгоҳҳо бевосита дар минтақаҳои НБО-и Норак ва сохтмони НБО-и Роғун ҷойгир шудаанд ва нақши онҳо дар таъмин ва дастрас кардани маводҳои илмӣ-таҳқиқотии сейсмологӣ, таҳқиқи ҳолати сейсмикӣ ва гузаронидани мониторинги сейсмикии ин мавзеъҳо дар марҳилаҳои то оғози сохтмон, дар рафти сохтмон ва истифодабарии ин иншоотҳои гидротехникии барқӣ, хеле бузург аст.

   Вобаста ба ин ёдовар гардид, ки бо дар назардошти омӯхтани ҳолати сейсмикӣ ва баҳо додани дараҷаи бехатарии сейсмикии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1416 аз 30 майи соли 2017 “Дар бораи бехатарии сейсмикӣ” ва Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №833 аз 31.12.2014 “Дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолаҳои фавқуллода” оид ба ҳамкорӣ мавриди истифодабарӣ қарор додани пойгоҳҳои сейсмикии Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикии Институт мақсаднок ва сари вақти мебошад. Айни замон 5-адад таҷҳизотҳои сейсмикии пойгоҳҳои рақамии Хадамоти Геофизикии АМИТ ва 11-адад таҷҳизотҳои сейсмикии пойгоҳҳои рақамиии НБО-и Роғун дар пойгоҳҳои сейсмикии Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикии Институт ҷойгир гардида, дар ҳамкорӣ мавриди истифодабарӣ қарор доранд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту