preloader

интизор шавед...

Хатари нобудии пиряхҳо ба ояндаи Замин

  • 26-мар-2024
  • 103 дидани саҳифа

Садсолаҳо пеш, вақте инсоният бори аввал дар бораи қитъаҳои саросар пӯшида бо ях меандешид ва ҳатто дар аввали қарни ХХ, ки омӯзиши ин қораҳои яхӣ муяссар шуд, шояд касе аз аввалкошифон ва ҳатто пажӯҳишгароне, ки моҳҳову солҳоро дар ин сарзаминҳо пушти сар кардаву аввалин додаҳои таҳқиқотии худро ба ҷаҳониён мерасонданд, гумон ҳам намекарданд, ки рӯзе фаро хоҳад расид, ки башар аз нобудии ин яхсори бузург бонги изтироб хоҳад зад.

Аммо саранҷом ин фоҷеа ба дасти инсон анҷом шуд. Дар натиҷаи фаъолияҳои зиддииқлимии башар Замин марҳилаи дигар аз инкишофи худро пушти сар мегузорад ва қадам ба қадам ба гармоиши шадид наздик мешавад. Олимону донишмандонро лозим омад даҳсолаҳо талош кунанд, то афсона набудани гармои сартосариро ба гӯши давлатмардон расонанд. Агар чандин даҳсола пеш танҳо дар доираҳои илмӣ ин фалокати эҳтимолӣ баҳс мешуд, ҳоло он аз ин доира хориҷ шуд, акнун дар ин бора кулли сарварони кишварҳои олам на танҳо сухан меронанд, балки анҷуманҳо, ҷаласаҳо, конфронсҳо меороянд ва роҳҳои пешгирии фалокати инсониро меҷӯянд. Ҳамин инсоне, ки садсолаҳо бераҳмона ҷангалҳоро буриду нобуд сохт, бо бунёди азимтарин корхонаҳои саноатӣ ҳаворо ғализу барои зист номумкин кард, ба ҳадде газҳои гулхонаиро ба фазо партоб кард, ки имрӯз ҳамагонро ба изтироб овардааст, ҳоло талош дорад садди роҳи ин офат шавад.

Вале ҳамоно ба таври шоиставу боиста сарварони кишварҳои абарқудрат ба умқи масъала нарасидаанд, ба ҳадде ки баъзан ин ё он ҳамоиш дар ин мавзуъ бидуни натиҷа ба поён мерасад. 

Чаро пиряхҳоро меомӯзанд?

  Пиряхҳоро олимон манбаъи муътамади маълумот дар бораи иқлими гузашта меноманд. Онҳо дар натиҷаи резиши барф сол ба сол, қабат ба қабат афзоиш меёбанд. Ин барфҳо бо мурури замон ба ях табдил мешаванд. Дар дохили онҳо ҳубобҳои ҳавои ҳамон замоне, ки ин барф рехта буд, боқӣ мемонад. Дар қабати пирях иттилоъ аз обу ҳаво ва иқлими ҳамон солҳо ҳифз мешавад. Яхшиносон аз рӯи ҳамин ҳубобчаҳои ҳаво метавонанд миқдори газҳои гулхонаӣ, дудаҳо, партобҳои вулканӣ, чангу ғуборро муайян кунанд ва бар пояи иттилои ҳосилшуда дар бораи ҳарорати ҳаво, сатҳи баҳр, ҷойгиршавии яхи баҳр ва ғайра маълумоти илмӣ ба даст оранд.  

Муҳаққиқон барои ба даст овардани намунаҳо сӯрохи қутраш 10-15 см-ро дар яхсори Гренландия ва Антарктида парма мекунанд, аз он мағзаи яхӣ (керн, мағзаи яғӣ - намунаи ҷинси маъдан, ки барои таҳқиқи аз пармачоҳ берун оврада  мешавад)-ро берун меоранд ва дар лабораторияҳо меомӯзанд. Дар айни замон донишмандон таркиби яхи то 800 ҳазор сол пешро мавриди пажӯҳишу омӯзиш қарор додаанд. Вале ҳоло талош доранд қадимитарин яхро пайдо кунанд, то аз таърихи иқлими 1,5 миллион сол огоҳ шаванд.

Донишмандон ба ин назаранд, ки миллион сол пеш бозсозии иқлимии Замин сурат гирифт, аммо сабабҳои он ҳоло маълум нест. Ба ҷуз ин ки фарзияву тахминҳо дар шакли назарияҳои илмӣ ба вуҷуд омадаанд. Барои он ки маълум шавад маҳз чӣ сабаб шуд, ки иқлим башиддат тағйир ёбад, мағзаи пирях лозим аст. Қутбшинос Алексей Екайкин мегӯяд ин гуна “пиряхи қадимӣ”-ро танҳо дар Антарктида метавон пайдо кард. Бояд чанд ҷойро парма кард ва мағзаи яхиеро ба даст овард, ки дастнахӯрда бошад, бо қабатҳои ях омехта нашуда бошад ва маҳз аз он метавон маълумоти илмӣ дар бораи газҳои гулхонаӣ дар атмосфераро кашф кард. Ҳоло олимони кишварҳои гуногун аз рӯи шаш лоиҳаи илмӣ барои пайдо кардани ин мағзаи яхӣ (керн) талош доранд.

 

Пиряхҳои кӯҳӣ чӣ арзиши илмӣ доранд?

Олимон пиряхҳои кӯҳиро низ мавриди омӯзиш қарор медиҳанд, чун онҳо низ дар бораи гузаштаи иқлимӣ маълумоти илмӣ медиҳанд, вале чун онҳо ба мисли яхсори Антарктида қадимиву бузург нестанд, иттилоъи камтар ва ба солу аср наздикро метавон пайдо кард. Ин ҷо мутахассисон ғафсии барфи рехта ва об шудани онро меомӯзанд.

Пиряхҳоро на нанҳо яхшиносон, балки ҳавошиносон, гидрологҳо ва олимони соҳаҳои дигар низ меомӯзанд. Маълумотҳоро аз саросари олам Хадамоти умумиҷаҳонии мониторинги пиряхҳо дар Швейтсария гирд меорад. Ҳамаи ин иттилоъро омӯхта олимон вазъи иқлим ва захираи оби ошомиданӣ дар заминро таҳлил ва пешгӯӣ мекунанд.

Пиряхҳои рафта

Борҳо гуфтаанду навиштаанд, ки пиряхҳо дар худ таърихро ҳифз мекунанд, ҳар пора яхи аз умқи як пирях беруновардашуда ҳикоёти зиёде аз гузаштаи башар ва таърихи Замин мекунад. Аммо мутаассифона, имрӯз худи пиряхҳо доранд ба таърихи зинда табдил мешаванд. То кунун садҳо пиряхи хурду бузурги олам ба мавҷудият худ хотима додааст ва моли таърих шудааст. Чунончӣ, то ба имрӯз аз 13 ҳазор пиряхи қаламрави Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор адади он пурра об шудааст. Дар ҳоле, ки  60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон  сарчашма мегиранд.

Аз нуқтаи назари илм пирях замоне  фоношуда дониста мешавад, ки агар баъди батадриҷ об шудан ғафсии он аз 40-50 метр кам шавад. То кунун таърихи омӯзиши пиряхҳо зиёд дидааст, ки ин гуна яхкӯҳҳои боазамат бо мурури солҳо ва аз таъсири гармои рӯ ба афзоиши Сайёра “ба хок супурда” шудаанд. Аз ҷумла соли 2019 дар Исландия пиряхи  Окйёкюдл ба ҳамин гуна сарнавишт рӯбарӯ шуд. Ҳоло дар ҷойи он як лавҳаи хотиравӣ ба сони санги сари гӯр гузошта шудааст ва дар он мухтасар дар бораи гузаштаи ин пирях навиштаанд. Ин аввалин пиряхи азими Исландия буд, ки ба мавҷудияти худ хотима дод. Каме баъдтар ин ҳодиса ба сари пиряхи Пизол дар Швейтсария омад. Донишмандон онро аз соли 1993 меомӯхтанд ва шоҳиди рӯз ба рӯзу сол ба сол хурд шудани он буданд.

Ҳамаи ин ҳодисаҳо ҳушдорест ба Инсон, ки ҳоло ҳам дер нашудааст ба ояндаи Сайёра ба назари илм бингарад ва батадриҷ даст аз партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо бардорад. Ҳар пиряхи нобудшуда як фоҷеа барои инсон аст.  

Олимони муосир барои ҳифзи таърих ва таваҷҷуҳи насли оянда мағзаҳои яхии пиряҳои нобудшударо ба як анбор воқеъ дар Антарктида мебаранд. Он ҷо тибқи лоиҳаи Ice Memory бо дастгирии ЮНЕСКО осорхонае бунёд шудааст, то ояндагон тавонанд намунаҳои пиряхҳои нобудшуда дар АвруОсиё, Амрикои Ҷанубӣ ва дигар қораҳоро бубинанд. 

Аммо ҳоло донишмандон ба ояндаи пиряхҳо хушбин нестанд. Яхшинос Алексей Екайкин, ки болотар чанд ҷумла аз ӯ иқтибос овардем, ба ин назар аст, ки мутаассифона ҳатто замоне ҳам, ки мо ба партоби газҳои гулхонаи хотима мебахшем, ин пиряхҳо ҳамоно об хоҳанд шуд. “Зеро ин газҳо ба ҳадде партоб шудаанд, ки захираашон дар атмосфера басо зиёд аст. Бояд ҳоло ҳам ки дер нашудааст ҷиддан партоби онҳоро коҳиш дод. Тибқи як нақшае бояд амал кард, ки то солҳои 2050-2060 инсоният пурра ба ин амалаш хотима бахшад ва дар марҳилаи дигар ин гуна газҳоро аз фазо кашида гирад. Аммо ҳатто баъди ин ҳам пиряхҳо об мешаванд, миқдори яхи олам коҳиш меёбад ва сатҳи оби баҳру уқёнусҳо дар тӯли асри XXI пайваста боло хоҳад рафт”.

Болоравии сатҳи баҳр чӣ хатар дорад?

Олимон ба ин суол посухи дақиқи илмӣ доранд. Онҳо мегӯянд агар Гренландия об шавад, сатҳи баҳр 7 метр баланд мешавад ва агар ҳамаи пиряхҳо, аз ҷумла пиряхҳои кӯҳистон об шаванд, сатҳи баҳр 60 метр боло мешавад. 

Баҳр аз соли 1970 алакай ба соҳилҳо ҳамла мекард ва аз ин сол то соли 2015 суръати миёнаи ҳаракати он ба самти соҳил солона 2мм буд, ҳоло ин суръат афзоиш ёфтааст ва ба 4 мм дар як сол расидааст. Дар миёнаи аср он ба 10 мм дар як сол мерасад. Ҳамзамон оби захиравии олам дар хушки коҳиш меёбад.

200 млн одамони сайёра дар айни замон дар баландии 5 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунанд. Маҳз барои онҳо афзоиши сатҳи баҳр хеле ташвишовар аст. Ҳоло баҳр хушкиҳоеро дар соҳилҳои бузургтарин шаҳрҳои олам – Лондон, Ню-Йорк, Беэнос-Айрес ва қаламрави Данияву Нидерландия, нимҷазираи Колски Русия ва ҳиссаи азими Сибири Ғарбӣ ишғол мекунад. Давлатҳое ҳам ҳастанд, ки маҷбур мешаванд муҳоҷират кунанд, зеро охири асри XXI сарзаминҳои онҳо пурра зери об хоҳад монд.  

Оби баҳр дар ин асно танҳо қаламравҳои азимро зери об намекунад, балки соҳилҳоро хароб мекунад ва хоки он қаламравро шӯр месозад. Ин боис мешавад, ки рустаниҳо аз байн раванд, кишоварзӣ зарари ҷуброннопазир бинад ва оби ошомиданиро пурра барои истифода номумкин гардонад. Дар ин ҳол инсонро лозим меояд пайваста барои коҳиши суръати ҳаракати баҳр ба соҳилҳо талош кунанд ва ба шароити нав худро мутобиқ созад. 

Аммо мушкил он аст, ки ин талошҳо танҳо дар тӯлонимуддат самара хоҳанд дод, бояд барномаҳои ҷиддие аз ҳоло тарҳрезӣ шаванд, кишварҳо маблағҳои зиёд ҷудо кунанд ва пайваста дар ҳамкорӣ бо якдигар талошҳои созанда ба роҳ монанд.  

Пиряхҳои мавзеъгирифта дар кӯҳистон аз тағйири иқлим бештар осеб мебинанд. Вале онҳо барои он қисмат аз аҳолии кишварҳое, ки дар қаламравашон зиндагӣ мекунанд, басо муҳиманд. Маҳз онҳоянд, ки дарёҳоро бо оби худ сероб нигоҳ медоранд, чашмаҳо аз қалби замин фаввора мезананд, киштзорон аз оби ҳамин рӯдхонаҳо сарсабзанд, сокинон эҳтиёҷи худро ба оби ошомиданӣ маҳз аз ҳамин дарёҳову чашмаҳо мебароранд.  

Албатта, дар тағйири ҷаҳонии иқлим нақши бештарро пиряхҳои азими Гренландия ва Антарктида мебозанд. Гармоиши бесобиқаи Замин ба пиряхҳои азим бетаъсир намемонад. Аз ҳоло дар Антарктида ва дигар нукоти яхпӯш ин обшуданҳо ба чашм баръало намоён аст. Донишмандон ҳоло аз он дар изтиробанд, ки бар асари об шудани пиряхҳои азим айсбергҳо (яхкӯҳҳо)-и боазамат пайдо мешаванд. Ин яхкӯҳҳо шиноваранд ва ба киштиронӣ хатарҳои зиёд эҷод мекунанд. Хуб аст, ки киштиҳои ин замон бо василаи радарҳои худ айсбергро сари вақт мушоҳида мекунанд ва аз хатарҳои зиёд пешгирӣ мешавад. Вале ин яхкӯҳҳои шиновар ба муассисаҳои доимамалкунанда, аз қабили платформаҳо зарари бештар мерасонанд. Зеро ин гуна иншоотҳоро наметавон ба муҷарради мушоҳидаи яхкӯҳи шиновар аз ҷойе ба ҷойи дигар ба зудӣ интиқол дод.  

Хатаре, ки таҳдид мекунад

Пиряхҳо барои экосистема басо заруранд. Ҳаёти ҳайвоноти зиёде аз мавҷудияти пиряхҳо вобаста аст. Бар асари об шудани Антарктида насли пингвинҳо алакай рӯ ба коҳиш овардааст. Хирси сафед, ки сокини аслии Арктика мебошад, метавонад ба зудӣ маҳв шавад. Зеро коҳиши қабати яхӣ майдони шикори ӯро коҳиш медиҳад.  

Об шудани пиряхҳо ва гарм шудани дамои ҳаво боиси тағйир дар ареали ҳайвонот ва ҳашараҳо мешавад, онҳо мавзеъи зисти худро ба самти қутб васеъ мекунанд. Ин хатари дигар ба кишоварзӣ-бемории рустаниҳо ва пайдо шудани ҳашаротҳои зараррасоне мегардад, ки қаблан вуҷуд надошт. 

Ҳоло на танҳо пиряхҳо об мешаванд, балки қаламрави азими яхпӯши олам аз таъсири бесобиқаи гармоиши Замин рӯ ба об шудан оварданд. Алакай роҳҳои болои ин яхсорҳо сохташуда, биноҳо, иншоотҳо хароб шуда истодаанд. Об шудани ин қаламрави саросар яхпӯш боис мешавад, ки газҳои гулхонаии нуҳуфта дар қабатҳои он ба ҳаво партоб шаванд ва сабаби боиси боз ҳам гармтар шудани Замин гардад.

Донишмандон борҳо бонги хатар аз пайдо шудани бемориҳои ҳамагир аз об шудани пиряхҳову қаламрави азими яхпӯши олам зада буданд. Онҳо мегӯянд ҳарчанд вирусҳои қадима наметавонанд дар қабати яхӣ дурудароз зинда бимонанд, вале бактерияҳо ин гуна таҳдид дошта метавонанд. Зеро бактерия қобилияти дар ях ҳам муддати тӯлонӣ зинда мондан дорад.  Таърих алакай ин гуна мисол дорад. Соли 2016 бар асари об шудани ях дар нимҷазираи Ямол бемории сиёҳзахм хуруҷ карда буд.   

 

Таҳияи Бобоҷон Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту