preloader

интизор шавед...

Пайдоиш ва рушди геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология дар Тоҷикистон. Бахши панҷум

  • 31-мар-2024
  • 66 дидани саҳифа

Институти геология дар робитаи наздик бо Институти геология ва геофизикаи ба номи Ҳ.М.Абдуллоеви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ўзбекистон (тибқи созишномаи ҳамкориҳо) таҳқиқот оид ба сохтори умқи қишри замин ва мантияи болоӣ дар Осиёи Миёна гузаронид. Дар ин кор ба омўзиши қишри замин дар профили Помиру Ҳимолой ва дар минтақаи бо ҳам пайвастани Ҳисору Олой бо Помир бештар диққат дода шудааст.

Дар якҷоягӣ бо Институти геологияи Академияи илмҳои Россия, Институти геология ва геофизикаи Шӯъбаи Сибирии Академияи илмҳои Россия ва донишмандони Олмонӣ тадқиқотро оид ба тектоникаи герсинидҳои ИҶШС ва Аврупои Миёна анҷом доданд. Институт, инчунин дар таҳқиқот оид ба масъалаҳои «Раванди геосинклиналӣ ва ташаккули қишри замин» ва «Геодинамикаи муқоисавии қишри замини минтақаҳои чиндор» ширкат варзид. Ҳамзамон, кормандони институт дар омўзиши геологияи Куба, Афғонистон ва Чин иштирок кардаанд.

Пас аз ба даст овардани истиқлолият, ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии Олмон, Фаронса, Чин, ИМА, Қирғизистон дар бораи гузаронидани корҳои экспедитсионӣ бо мақсади омўхтани сохтори умқ ва сохтори геологии қишри замин ва литосфера, таркиби моддии ҷинсҳои таҳшинӣ, магмавӣ ва метаморфикӣ ва синну соли онҳо, таърихи гузаштаи шароитҳои геологӣ дар алоқаманди бо тағирёбии иқлим ва ғайра оғоз ёфт,

Дар тўли мавҷудияти худ Институти геология ба маркази эътирофшудаи таҳқиқоти илмӣ ва илмӣ-методии геологӣ дар Тоҷикистон пешбаранда табдил ёфтааст. Дар ин даргоҳи илму маърифат корҳои муҳим оид ба палеонтология ва стратиграфия, тектоника, литология, петрология, минералогия, геохимия, канданиҳои фоиданок ва металлогения, гидрогеология ва геологияи муҳандисии Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.

Омўзиши мунтазами заминҷунбиҳо дар ҳудуди Тоҷикистон аз ибтидои солҳои 30-ум оғоз ёфт. Омўзиши зилзиланокӣ ва ноҳиябандии сейсмикии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии таҳқиқот дар Филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ, ки соли 1932 таъсис дода шуда буд, гардид.

Ташкил карда шудани корҳои экспедитсионӣ дар аввали солҳои 30-юм аз тарафи гурўҳи Экспедитсияи маҷмаавӣ (комплексӣ)-и Тоҷикистон ба омўзиши мунтазамонаи зилзиланокии Тоҷикистон такони бузург дод. Аз рўйи натиҷаҳои ин корҳо аз тарафи профессорон Г.П.Горшков ва В.О.Сшохер дар Конференсияи якум оид ба омўзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистони Шўравӣ (Ленинград, 1932) барномаи таҳқиқот оид ба сейсмология ва сохтмони ба заминҷубӣ тобовар барои Тоҷикистон таҳия карда шуд. Дар ин конференсия ба зарурати дар ҷумҳурӣ ташкил намудани 5 пойгоҳи зилзиласанҷӣ ишора карда шуд. Соли 1933 Д.И.Мушкетов ва Г.П.Горшков харитаҳои нахустини ноҳиябандии сейсмикӣ ва сейсмотектоникии Тоҷикистонро тартиб доданд. Аз ҷониби А.С.Мухин такмили нахустини нақшаи асосӣ (генералӣ)-и пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе иҷро карда шуд.

Нахустин пойгоҳи сейсмикӣ дар Тоҷикистон, ки дар он ба мушоҳидаҳои асбобии заминҷунбиҳо оғоз карданд, дар шаҳри Душанбе Институти сейсмологии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ бо ташаббуси директори Расадхонаи Душанбе А.В.Соловёв таъсис дода шуд. Дар ташкил намудани ин пойгоҳ узви вобастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ П.М.Никифоров фаъолона иштирок намуд. Корҳоро оид ба интихоби ҷойи он ва бо таҷҳизоти зарурии сейсмологӣ ва геофизикӣ таъмин намудан, профессор В.Ф.Бончковский роҳбарӣ намуд. Мудири аввалини пойгоҳи сейсмикӣ П.Г.Семёнов таъйин гардид.

Дар солҳои баъдиҷангӣ бо ташаббуси Институти геофизикаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ дар Тоҷикистон сохтани шабакаи пойгоҳҳои сейсмикӣ оғоз гардид. Дар соли 1945 илова ба пойгоҳи сейсмикии «Душанбе» пойгоҳи сейсмикии «Обигарм», соли 1947 –пойгоҳи «Кўлоб» таъсис дода шудад. Дар соли 1948 дар заминаи се пойгоҳи сейсмикӣ – «Душанбе», «Обигарм» ва «Кўлоб» бахши геофизикии Филиали тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ таъсис дода шуд.

Дар охири солҳои 40-ум, баъди заминҷунбиҳои фалокатбори Ашқобод (1948) ва Ҳоит (1949),  бо ташаббуси академик Г.А.Гамбурсев ба ҷумҳурӣ Экспедитсияи маҷмаавии сейсмологии Институти геофизикаи АИ ИҶШС (баъдан - Экспедитсияи маҷмаавии сейсмологии Институти физикаи Замини АИ ИҶШС) меояд, ки роҳбарони он дар аввал Д.А.Харин, сипас И.Л.Нерсесов буданд. Ин экспедитсия бори нахуст дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба мушоҳидаи муфассали зилзиланокӣ дар ноҳияи Ғарми Тоҷикистон оғоз намуд, ки он пойгоҳи табиӣ барои мушоҳидаҳои дақиқ ва коркарди усулҳои миқдории баҳодиҳии хатари сейсмикӣ гардид. Таҳти роҳбарии Г.А.Гамбурсев дар ин ҷо бори аввал дар Иттиҳоди Шўравӣ корҳо оид ба пешгўйии заминҷунбиҳо  ба роҳ монда шуданд.

Бахши геофизикӣ дар моҳи марти соли 1951 ба Институти сейсмология табдил дода шуд. Таъсиси он ба рушди илми сейсмология дар Тоҷикистон такони муҳим бахшид. Нахустин директори институт, мудири пойгоҳи зилзиласанҷии «Душанбе» П.Г.Семёнов таъин гардид. Вазифаи асосии институт дар он давра ба даст овардан ва коркард кардани маълумоти сейсмикӣ, муайян кардани маркази заминҷунбиҳо ва тартиб додани бюллетени сейсмологӣ буд. Дар иҷрои ин вазифа В.А.Нечаев, А.П.Каток ва Т.И.Кухтиков саҳми арзанда гузоштанд.

Аз соли 1952 институтро В.И.Бунэ роҳбарӣ мекард. Самти асосии таҳқикоти сейсмологӣ дар ҷумҳурӣ омўзиши қонуниятҳои зоҳиршавӣ ва моҳияти физикии заминҷунбиҳо буд, ки онҳо дар тавсияномаҳои сессияи сайёри Шўро оид ба сейсмологияи АИ ИҶШС муайян карда шуда буданд (Душанбе, 1953).

Вобаста ба барномаи васеи пешбинишудаи сохтмони иншооти бузурги гидротехникӣ ва объектҳои саноатӣ дар ноҳияи Душанбе-Вахши Тоҷикистон, дар назди институт масъалаи ноҳиябандии муфассали сейсмикии ҳавзаи дарёи Вахш ва водии Ҳисор гузошта мешавад. Барои бевосита гузаронидани корҳо оид ба таҳқиқи реҷаи сейсмикӣ, сейсмотектоника, таъсиси шабакаи пойгоҳҳо дар зери ноҳиябандии сейсмикӣ ва таҳққи зилзиланокӣ дар маҷрои миёна ва болои дарёи Вахш, таҳти роҳбарии В.И.Бунэ эксмедитсияи махсуси маҷмаавӣ ташкил карда мешавад.

Аз соли 1954 институти сейсмологияро В.Н.Гайский роҳбарӣ менамояд, ки дар он корҳо оид ба омор ва омўзиши реҷаи сейсмикӣ ба роҳ монда шуда, шабакаи пойгоҳхои сейсмикӣ васеъ карда мешавад. Дар ташкил намудани шабакаи пойгоҳҳои сейсмикӣ В.Н.Мамонтов, В.М.Кулагин ва дигарон бевосита иштирок менамоянд. Миёнаи солҳои 50-ум сохтмони маҷмааи биноҳо ва базаи таҷрибавии институт оғоз мешавад, ки лоиҳаи онро Б.П.Сухаревский таҳия намуда буд. Соли 1961 институт ба бинои нав мекўчад.

Дар ҳамкорӣ бо Институти физикаи Замини Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ методикаи баҳодиҳии миқдории хатарии сейсмикӣ коркард карда мешавад ва методики ноҳиябандии сейсмикӣ хеле такмил дода мешавад, ки он баъдан дар дигар ноҳияҳои зилзилафаъоли Иттиҳоди Шўравӣ истифода бурда мешавад. Дар гузаронидани ин корҳо Е.Ф.Саваренский, В.И.Кейлис-Борок, К.К.Заполский, А.В.Введенская, И.В.Зволинский, А.С.Алексеев кўмаки зиёд мерасонанд.

Машварати умумииттифоқии ҳамоҳангсозӣ, ки майи соли 1957 дар Душанбе доир гардид, зарурати таҳким бахшидани таҳқиқоти муҳандисию сейсмологиро дар тамоми минтақаҳои мамлакат ва дар навбати аввал дар Тоҷикистон барои зудтар ҷамъ овардани маълумоти зарурӣ оид ба хусусияти зоҳиршавии заминҷунбиҳо ва таъсироти онҳо ба биною иншоот эътироф намуд. Дар ин машварат мақсаднок будани пешбурди корҳо дар институт дар соҳаи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар барои расонидани кўмаки мустақими амалӣ ба хоҷагии халқ ишора карда шуд.

Дар соли 1958 Институти сейсмология ба Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (ИТСЗТС) табдил дода шуд. Дар он бахшҳои нав оид ба омўзиши ба заминҷунбӣ тобоварии биною иншоот таъсис дода шуданд. Барои ба роҳ мондани таҳқикот оид ба сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар аз Академияи илмҳои Арманистон ба вазифаи муовини директори институт С.А.Шагинян – мутахассис оид ба сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва ҳаракатҳои қавии қишри Замин, яке аз пешогомони таъсиси хадамоти ҳаракатҳои қавӣ дар Тоҷикистон даъват карда шуд. Дар гузоштани таҳқиқотҳо оид ба сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар А.Г.Назаров, С.В.Медведев, Д.А.Харин кўмак расонданд.

Дар барбари таҳқиқоти муфассали зилзиланокии маҷрои миёнаи дарёи Вахш аз соли 1962 бо дастгирии илмии А.Г.Назаров, Ш.Г.Напетваридзе, Н.Н.Маслов, С.В.Медведев, И.Г.Тер-Степанян коркарди методикаи омўзиши таҷрибавии зилзилабардории иншооти баланди тиргакдор дар моделҳо тавассути таъсироти сейсмотарқишҳо оғоз мегардад. Дар солҳои 1964-965 аз ҷониби кормандони институт Г.С.Селезнев, А.П.Валов, Р.С.Шусер, В.Н.Бондаренко, В.Н.Заякин, Ю.Л.Заславский таҳти роҳбарии Т.Г.Сагдиев ин методика дар модели саҳроии сарбанди НОБ-и Норак дар 1/50 бузургии натуралии сарбанд, ки дар пойгоҳи махсус дар наздикии сарбанди НОБ-и Норак сохташуда ба таъсироти сейсмотарқишӣ аз озмоиш гузаронида шуда, роҳандозӣ шуда буд ва дар моделҳои 1/200 ва 1/300 бузургии табиӣ, ки дар шароити озмоишгоҳӣ дар платформаи сейсмологии махсусе, ки дар институт сохта шуда буд, озмоиш карда шуд. Минбаъд дар ин платформа ҳамчунин тарҳи сарбанди НОБ-и Роғун дар 1/200 ва 1/300 бузургии табиӣ мавриди натуралӣ озмоиш қарор гиифт.  

Аз тарафи А.П.Валов, Г.М.Назаренко, Л.А.Боркин, А.А.Мусаэлян хосияти маводҳои пошхўранда ва зардхокҳо омўхта шуданд, ки аз онҳо минбаъд ҷисми сарбанд бояд бардошта мешуд. Корҳои аз тарафи институт иҷрошуда имкон доданд ки масъалаи таъмини зилзилабардории сарбандҳои баланду нодири НОБ-ҳои Норак, Роғун ва дигар иншооти гидртехникӣ дар дарёҳои Вахш в Панҷ ҳал карда шавад. 

Озмоиши лабораторӣ ва «саҳроӣ»-и моделҳои сарбанди хокии НОБ-и Норак

Озмоиши тарҳҳои сарбандҳои бетонӣ ва хокии НОБ-и Роғун

Аз оғози солҳои 60-ум мутахассисони институт корҳоро оид ба микроноҳиябандии сейсмикии шаҳрҳо ва маҳаллҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ, ҳамчунин корҳои ноҳиябандии муфассали сейсмикии майдонҳои сохтмони объектҳои бузурги хоҷагии халқ ба анҷом мерасониданд.  Дар ҳалли ин масъала В.А.Нечаев, А.А.Мусаэлян, Л.А.Коган, О.А.Романов, Х.М.Мирзобоев, Л.А.Скорик, В.Г.Гиллер, Э.Бачаева саҳми арзанда гузоштанд.


П. АМИНЗОДА Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, номзади илмҳои техникӣ П. Аминзода

М.Л. ГАДОЕВ, муовини директор оид ба илм ва таълим,номзади илмҳои геология ва минералогия  

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту