preloader

интизор шавед...

Терроризм – ифротгароӣ. Хатаре, ки башарро таҳдид мекунад

  • 03-апр-2024
  • 77 дидани саҳифа

Дар хотир дошта бошем, ки роҳбарони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки фарзандони мову шуморо ба сафҳои худ ҷалб менамоянд, азоби таваллуд кардану ба воя расонидани фарзандони моро накашидаанд, заҳмати бедорхобиро надидаанд ва ба онҳо нону об надодаанд. Аз ҳамин хотир фарзандони мову шумо барои онҳо ҳеҷ арзиш надоранд, дар як лаҳза онҳоро ба террористи худкуш табдил дода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Баъди аз даст додани онҳо танҳо ҷони падару модар месӯзаду халос. Мо набояд гузорем, ки номи фарзандони мо дар таърихи миллат ҳамчун террорист ё ифротгаро сабт шавад. Ин дар шаъни падару модари тоҷик ва миллати соҳибфарҳангу бостонии тоҷик айб аст”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ин чанд ҷумла аз охирин суханронии Пешвои муаззами миллат иқтибос шуд. Як бахши муҳими суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки рӯзи 9 марти соли 2024 баргузор шуд, ба ҳамин мавзуъ, яъне терроризм ва экстремизм бахшида шуд. Сарвари Давлати Тоҷикистон бо эҳсоси баланди масъулият дар назди миллат ва халқҳои кишвар пайваста моро аз ҷалби ҷавонон ба созмонҳои террористӣ ва паёмадҳои он ҳушдор медиҳанд. Ва ин бесабаб ҳам нест.

Терроризму ифротгароӣ зуҳуроти  харобиоваранд, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд. Ин ду мафҳум, ки куштор кинаву адоват ва ғаразу ҳангомабарандозиро дар маҷмўъ дар бар мегиранд, боиси садҳо низоъҳо ва амалҳои вайронгар дар саросари олам шудаанд. Инсоният бахусус аввали асри XXI ба ин хатари мудҳиш бештар рӯбарӯ шуд. Терроризми имрӯза аз гузашта бо чандин хусусиятҳои фарқ мекунад ва ба симову сурат тахрибкортарин ва вайронгартарин амал ба ҳисоб меравад.

Гурўҳои террористӣ аз ҷониби хадамоти махсуси давлатҳои алоҳида дастгирӣ ёфта, бо роҳу василаҳои мухталиф тавассути тарғиби ғояҳои  зиддимиллӣ ва ифротгароёна даст ба ҳамалоти маргбор мезананд ва ҳаёти ҳазорон нафарро зери хатар мегузоранд. Силоҳи таблиғотии имрӯза барои гурӯҳҳову дастаҳои ифротгаро ва экстремист шабакаи ҷаҳонии Интернет аст ва  бо истифода  аз фазои бекарону то ҷойе бесоҳиб ҷавонони ноогоҳу камдонишро даъват мекунанд. Аксари кулли онҳое, ки ба узвияти ин созмонҳо шомил мешавнд, шахсони беҳуввият ва аз бедонишӣ зери бори таблиғоти дурӯғин рафта мебошанд. Касонеанд, ки аз асли Ислом бехабаранд. Исломе, ки куллан зидди харобкориву куштору ғасб аст. 

Дар заминаи фаъолияти созмонҳои террористӣ солҳои охир ҷангҳои иттилоотӣ низ дар арсаи ҷаҳонӣ бештар шуда, ҷудоиандозӣ ва бегонапарастӣ дар баъзе давлатҳо зиёд ба чашм мерасад.

Ҳамзамон гурўҳҳое, ки қаблан наметавонистанд ба ҳадафҳои муғризонаи худ бирасанд,  имрўз бо дастгирии қудратҳои хориҷӣ  берун аз давлатҳои худ ба фаъолиятҳои тағрибӣ шурўъ намуда, талош мекунанд суботу амниятро барҳам зананд.

Новобаста аз он, ки имрўз пайвастани ҷавонон ба чунин гурўҳои ифротгаро ва мутаассиб дар кишвари мо кам гардида бошад ҳам, вале таҳдиди таъсири чунин ташкилотҳои ифротгарро ба суботу оромӣ зиёд аст. Кам шудани пайвастани ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротӣ натиҷаи кори машаққатбори хадамоти амниятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон буд. 

Бояд гуфт, ки ташкилотҳои террористӣ асосан  гурўҳҳои идорашаванда буда, аз ҷониби нафарони алоҳида назорат ва сарпарастӣ мешаванд. Ин созмонҳо, ки аз берун идора мешаванд, танҳо як ҳадаф доранд: бесубот кардани ҷомеа, барҳам задани амнияту бехатарӣ ва бо истифода аз ин даст задан ба амалҳои бадкирдорона аст.

Тайи солҳои охир раванди ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хислатҳои нав касб кардааст. Террористон дигар ба воситаи зулму шиканҷа на, балки бо роҳи  дасиса паҳн намудани хабарҳои беасосу дурўғин ҷавононе, ки дониши комил ва огоҳии сиёсӣ надоранд, аъзои ташкилотҳои хеш мегардонанду бо дасти онҳо ҳадафҳояшонро амалӣ месозанд.

Дар чунин вазъ тарбияи дурусти ҷавонону наврасон, ки ояндаи миллату давлат мебошанд, муҳиму саривақтӣ аст. Ба воситаи бедор кадани ифтихори миллӣ ва эҳсоси худшиносию худогоҳӣ дар замири онҳо ҳадафҳои олии давлату ҳукумат амалӣ шуда, оянда ҷомеа дурахшону мунавар мегардад.

Як василаи дигаре, ки ташкилоту созмонҳои террористиву ифротгаро аз он истифода мебаранд, ин расидан ба эҳсоси маҳаллии ҷавонон аст. Яъне тақвияти маҳалгароӣ. Тибқи ҳамон мақоли маъмулии “Тафриқа андозу ҳокимият кун”. Марази маҳалгароӣ дар мо мутаассифона, вуҷуд дорад ва баркандани ин маризӣ яке аз василаҳоест, ки мо метавонем ҷавононро аз шомил шудан ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро боздорем.

Маъмулан ин гурӯҳу ин дастаҳо ифротгароянд, таассубӣ ва хурофотпарастанд. Инҳо аз Ислом он чизеро таблиғ мекунанд, ки ба фоидаи худашон бошад. Дини  Ислом дини ахлоқ аст, дини покист, дини инсонсоз аст. Вале гурӯҳҳо бо шарҳи нодурусти оятҳои он ҷавонони ноогоҳро мағзшӯӣ мекунанд ва онҳоро ба ифроткароиву тааассуб моил месозанд. Ин гуна мисолҳо зиёданд. Чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз як василаи ҷалби афрод маҳз ҳамин таассуб ва ифрот аст.

Як сабаби дигаре, ки ҷавонон моил ба чунин гурӯҳҳо мешаванд, надонистани қонунҳои кишвар аст. Қонунҳои Тоҷикистон ширкати шаҳрвандони кишварро дар ҷангҳо берун аз хоки Тоҷикистон ва пайвастани онҳоро ба созмонҳои террористиву экстремистӣ, гурӯҳу дастаҳои ифротӣ на танҳо манъ мекунанд, балки ҷиноят медонанд. Танҳо кофист ба ёд орем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза зидди терроризм ва экстремизмро бо қабули ин қонунҳо тақвият бахшидааст: «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 ва 2021 – 2025 қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Бояд ба ҷавонон маҳз инро фаҳмонд. Соли маърифати ҳуқуқи эълон шудани соли 2024 ба ҳамин ҳадаф аст. Яъне, агар мо қонунро донем, ба ҷойе пой намегузорем, ки манъ аст. Пешвои азизи миллат дониста соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карданд. Миллат бояд қонундон бошад, то фиреб нахӯрад.

Зиракии сиёсиро дар замири аҳли ҷомеа хусусан наврасону ҷавонон тақвият бахшидан яке  аз вазифаҳои асосии оила, муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа мебошад. Дар ҳолати баланд бардоштани сатҳи огоҳии миллӣ ҷавонону наврасон дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва замони бархӯрди хатари терроризму ифротгароӣ кам гардида, моҳияти истиқлолияту озодӣ ва сулҳу субот комил мешавад.

Тоҷикистон дар масири муқовимат бо терроризму экстремизм дар минтақа ва ҷаҳон мавқеъи устувор дошта, ҳамеша ин зуҳуроти номатлубро маҳкум мекунад. Ҳамин аст, ки дар мамлакати мо чандин конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баланд вобаста ба муқовимат бо терроризм  ва ифротгароӣ бо иштироки доираи васеи коршиносони ҷаҳонӣ, сиёсатмадорону таҳлилгарон баргузор шудааст.

Тарғиби ғояҳои тунд ва харобиовар тавасути шабакаҳои иҷтимоӣ рушд кардааст, аъзоёни ташкилотҳои террористиву экстремистӣ мехоҳанд бо пешниҳоди хабарҳои беасосу дуруғин ва ҳангомаҳои муғризонаашон шууруи миллӣ, ҳамзамон худшиносӣ ва худогоҳии миллии ҷавононро коста намоянд.   Ба ҳамин хотир зарур аст, ки ҳадафу мақсадҳои нопоки чунин афроди вайронкору хиёнатпешаро возеҳтар дарк намоем ва бар муқобили онҳо, ки нооромии  аҳли сайёрраро мехоҳанд,  шадидан мубориза мебарем.

Имрўз хусусияти глобалӣ доштани таҳдиди терроризмро эҳсос намуда,ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳамаи гуна роҳу усулҳои мавҷуд буда бо ин падидаи номатлуб мубориза бурда истодааст. Бо мақсади коркарди механизми мубориза бо ин зуҳуроти манфӣ созмонҳо ва иттиҳодияҳои имконпазир ташкил карда мешавад. Зеро пешгирӣ намудани амалҳои террористӣ бештар ба ташвиқу тарғиби идеологияи миллӣ ва ташаккули амнияти идеологӣ вобастагӣ дорад,ки бояд аз ҷониби сарварони сиёсӣ, шаҳрвандон ва кишварҳо дастгирӣ ёбанд.

Мавриди қайд аст, ки идеологияи миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз барои бедор намудан ва ташкил кардани иродаи дасттаҷамъонаи мардум аҳамияти умумимиллӣ дорад. Хамзамон, омўзишу таҳқиқи идеологияи миллӣ дар муқобили терроризм барои муайян намудани манфиятҳои аслӣ ва пешгирӣ намудани идеологияи экстремистӣ зарурияти воқеӣ дорад ва он дар раванди таҳқими давлатдории миллӣ фурсати муносиб мебошад.

  Аминзода П., Каримов Р. Ш

ИНСТИТУТИ ГЕОЛОГИЯ, СОХТМОНИ БА

ЗАМИНҶУНБӢ ТОБОВАР ВА СЕЙСМОЛОГИЯИ АМИТ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту