preloader

интизор шавед...

Рихтер ва ҷадвали Рихтер. Бахши 1

  • 31-мар-2024
  • 65 дидани саҳифа

Дар ҳар заминларза, ки дар гӯшаву канори олам рух медиҳад, ҳангоми муайян кардани қувваи он исми Рихтер ва Ҷадвали Рихтер ба забон меояд. Шояд бисёриҳо маълумоти кофӣ дар бораи ӯ ва Ҷадвали ӯ надошта бошанд. Аз ин рӯ тасмим гирифтем дар ин бора матлабе ҷо диҳем. Ба ҳар ҳол аз надонистан донистан хуб аст. Ё не?

Чарлз Фрэнсис Рихтер (Charles Francis Richter) – сейсмологи амрикоӣ, ки солҳои 1900 – 1985 зистааст. Вай соли 1935 ҷадвали андозагирии заминларзаро пешниҳод кард ва солҳои 1941-1945 ин ҷадвалро аз нигоҳи назариявӣ ҳамроҳ бо сейсмологи ҳамватанаш Бено Гутенберг (1889 – 1960) асоснок намуд. Баъдан ин ҷадвал дар саросари олам эътироф шуд ва имрӯз ҳам ҳар ҷое заминларза ба қайд гирифта мешавад, маҳз аз ҳамин ҷадвал ёд мекунанд, дар ҳоле, ки ҷадвалу воситаҳои дигари муайян кардани қувваи зилзила вуҷуд дорад.  

Рихтер дар хонаводаи кишоварз таваллуд шуда, баъди хатми Донишгоҳи Стэнфорд хеле ҷавон буд, ки рисолаи докторӣ ҳимоя кард. Барандаи ҷоизаи Нобел лар илм Роберт Милликен  Рихтерро дар озмоишгоҳи сейсмологӣ ба кор даъват кард ва Чарлз аз он замон ба омӯзиши ин соҳаи илм оғоз намуд. Дар он замон бисёр мафҳумҳо дар мактабҳои гуногуни илмӣ на танҳо бо ҳам зид буданд, балки аксар вақт якдигарро инкор мекарданд. Дар як муддати кутоҳ вай ба забони хеле одиву фаҳмо ду китоби дарсӣ дар ин мавзӯъ навишт ва ин ду китоб ҳатто имрӯз, дар асри 21 низ маҳбубияти худро аз даст надодаанд ва то кунун дар донишгоҳҳо омӯхта мешаванд.

Ҷадвалҳои онзамонаи муайян кардани қувваи заминларза, бахусус ҷадвали геолог ва роҳиби итолёвӣ Ҷузеппа Меркали, ки соли 1902 пешниҳод шуда буд,  диққати Чарлзро бештар ба худ кашиданд. Дар ҷадвали Меркали асосҳои илмӣ камтар ба назар мерасиданд, балки таваҷҷуҳи бештар ба воҳимаи мардум карда мешуд ва маҳз аз ҳамин қувваи зилзиларо эълон менамуданд. Яъне, агар одамон тавонистанд аз хонаҳои харобшуда фирор кунанд ва ҷон ба саломат баранд, пас қувваи ин заминларза камтар ва агар зери хок монданд ё маҷруҳу захмӣ шуданд, бештар арзёбӣ мешуд.

 Он замон мудири озмоишгоҳи сейсмикӣ Бено Гутенберги олмонӣ буд ва онҳо ҷиддан тасмим гирифтанд муштарак ин мавзуро ҷиддан омӯзанд. Онҳо якҷоя ҳар як хабари заминҷунбиро бо ҷидду ҷаҳд омӯхтанд ва кӯшиш карданд, ки ҳам шакли ин офатҳои табииро муайян кунанд ва ҳам имконоти ба онҳо таъсир расониданро нишон диҳанд ва қувваи онҳоро суст кунанд. Талошҳо зина ба зина натиҷа доданд ва билохира ба Рихтер муяссар шуд ҷадвали дақиқеро созад, ки баъдан номи ӯро чун олими дақиқкору ихтирогар дар таърихи илм барои абад сабт намуд. 

Аммо тартиб додани ҷадвал ба номи ӯ танҳо як ҷузъи он чизе аст, ки Рихтер кардааст. Дар тӯли тамоми ҳаёти худ ӯ барои пурзӯр кардани меъёрҳои сохтмонӣ, барои бераҳмона нест кардани изофаҳои гуногуни меъмории нолозим аз лоиҳаҳо, ба монанди дар қолаби болоии биноҳо ҷойгир кардани қолибҳои стукавии бисёртоннагӣ устуворона мубориза мебурд. Албатта, ӯ на ҳамеша меъморонро бовар кунонда метавонист, аммо истодагарии ӯ дар наҷот додани даҳҳо нафар ҳангоми зилзила кумак кард.

Дар зиндагӣ Рихтер як инсони заминиву хаёлпардозе буд. Дучархасаворӣ ва сайру саёҳат бо дучархаро дӯст медошт, дар оғӯши табиат будану шабонгаҳон аз насими шабу шаббодаи субҳ баҳра бурданд барояш лаззати зиндагӣ ба ҳисоб мерафт. Вай 7 забон, аз ҷумла забони русиро медонист.

Рихтер натурист буд ва ҳамроҳ бо ҳамсараш ҳамеша дар ҷамъияти мардону занони урён ҳузур пайдо мекард. Аз нигоҳи дидгоҳи динӣ атеист буд ва узви Конгрегатсияи Кауфман ба шумор мерафт.

 Вай бар асари бемории заъфи дилу раг 30-уми сентябри соли 1985 дар шаҳри Пасаденеи иёлоти Калифорния аз олам даргузашт.  

 

Таҳияи Б.Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту