preloader

интизор шавед...

Таърихи геологии Замин

  • 06-апр-2024
  • 28 дидани саҳифа

Дар тӯли беш аз 4,54 млрд соли мавҷудият сайёраи Замин таҳаввулоти мураккабро аз сар гузаронидааст. Фаҳмиши ягонаи таърихи геологии Замин, бахусус давраҳои ибтидоии инкишофи сайёра вуҷуд надорад. Таърихи геологии Замин дақиқан аз 1 млрд сол пеш оғоз меёбад.

Дар таърихи инкишофи геологии Замин давраҳои венд (600—535 млн сол пеш), кембрий (535—490 млн сол пеш), ордовик (490—443 млн сол пеш), силур (443—418 млн сол пеш), девон (418—360 млн сол пеш), ангиштсанг (360—295 млн сол пеш), перм (295—251 млн сол пеш), триас (251—200 млн сол пеш), юра (200—145 млн сол пеш), табошир (145-65 млн сол пеш), палеоген (65-23 млн сол пеш), неоген (23-1,8 млн сол пеш), давраи чорумин (1,8 млн сол пеш — то имрӯз)-ро ҷудо мекунанд. Давраҳо дар эраҳои палеозой (535—251 млн сол пеш), мезозой (251-65 млн сол пеш) ва кайнозой (65 млн сол пеш — то имрӯз) муттаҳид шудаанд. Пораҳои калонтарини таърихи геологии Замин — эонҳо (мас. фанерозой — 535 млн сол пеш) ва арконҳо (то 2,5 млн сол пеш) ва протерозой (2,5-0,535 млн сол пеш), ки дар токембрий ҷудо карда мешаванд, дар баробари эраҳои палеозой, мезозой ва кайнозой ба давраҳои бузурги инкишофи олами органикии Замин мувофиқат мекунанд.

Дар давраи тоархей (то 4 млрд сол пеш), ки давомоти онро баъди аккретсия олимон аз 10 то 150 млн сол муайян кардаанд, Замин хеле гарм ва гудохта буд. Он ба ҳастаи филиззии моеъ (асосан оҳан) ва мантияи силикатӣ, ки қисми болоии он «уқёнуси тафта»-и ғафсиаш якчанд сад км буд, ҷудо мешуд. Массаи асосии об як қисми атмосфераи қадимии аз буғи об ва газҳо (асосан гази карбон ва нитроген) таркибёфта буд. Баъзе олимон нисбатан дертар дар натиҷаи бегазшавии қаъри Замин дар рафти тадриҷан сардшавии сайёра ба вуҷуд омадани атмосфераро тахмин мекунанд.

Замин дар давоми 1 млрд сол бо суръати 100°С ба сардшавӣ сар кард. Ҳангоми сардшавии «уқёнуси тафта» дар сатҳи он қишри сахт — қишри ибтидоии заминӣ, шояд, таркибаш базалтӣ ба вуҷуд омад. Замин аз ҷониби шиҳобпораҳо бомбаборон шуд, ки дар натиҷаи он дар рӯйи Замин танӯраҳои сершумори андозаашон гуногун ташаккул ёфтанд. Дар ҷойҳои афтиши шиҳобпораҳо гудозаҳо ҷорӣ шуданд. Вақте ки ҳарорати Замин аз ҳарорати ҷӯшиши об паст шуд, аз атмосфераи қадимӣ миқдори зиёди об борид, ки он уқёнуси Оламро ба вуҷуд овард: об дар натиҷаи сардшавӣ ва шӯшабандии мантия қисман ҷудо шуд.

Ба плитаҳо (порчаҳо)-и андозаашон хурд тақсимшавии литосфераи ибтидоӣ қариб 4,3-4 млрд сол пеш ба амал омад, ки ба он селҳои конвексионӣ дар мантия ва баландшавии ҷараёни моддаҳои гармшудаи қаърии мантия мусоидат намуданд. Ғайр аз ин дар натиҷаи ҷоришавии гудозаи таркиби фавқуласосӣ қитъаҳо бо литосфераи ибтидоӣ зич ташаккул ёфтанд, ки онҳо ба мантияи поинии қисман гудохташуда фурӯ рафтанд. Тектоникаи «ҷанинӣ»-и плитаҳо сар шуд. Дар ноҳияҳои аз ҳам дуршавии плитаҳо қишри уқёнусии нав ва дар ноҳияҳои наздикшавии плитаҳо мавзеъҳои зичшавии литосфераи ибтидоӣ пайдо шуданд. Дар ноҳияҳои зичшавии литосфераи ибтидоӣ, ҷойҳои зичшавии тектоникӣ ва ғафсшавии қишри базалтии ибтидоӣ манбаъҳои тафтаи андезитӣ пайдо шуданд, ки барои ташаккули моддаҳои қишри континентӣ (хушкӣ) ҳамчун асос хидмат карданд.

Дар давраи архей (қариб 4-2,5 млрд сол пеш) қисми зиёди рӯйи Заминро уқёнус бо қишри базалтӣ ишғол кард, ки дар ҳудудҳои он камонакҳои андезитии сершумори вулканӣ, инчунин пуштакӯҳҳои вулкании дохилиплитавӣ ва байниплитавии гунаи Исландияи ҳозира мавҷуд буданд. Мантияи болоӣ нисбат ба мантияи ҳозира гармтар буд ва плитаҳои литосферии дар мантия фурӯрафта ба мантияи поинӣ фурӯ нарафта, тез гарм мешуданд. Аз мантия миқдори зиёди гудозаи таркиби фавқуласосӣ гудохта мешуд. Дар раванди фурӯравӣ фазои байни камонакҳо тадриҷан кам шуда, бархӯрди камонакҳои вулканӣ ба амал омад, ки натиҷаи он пайдошавии қитъаҳои қишри континентии ибтидоӣ («ҳаста»-и қитъаҳои оянда) мебошад. Дар охири архей дар ҳудудҳои қитъаҳои муттаҳидшудаи қишри континетӣ кӯлу дарёҳо мавҷуд буданд, ҷилдҳои платформавии ибтидоӣ (оҳаксанг дар ҷануби Африқо ва ғарби Австралия) ғун шуданд. Дар интиҳои архей дар натиҷаи бархӯрди «ҳастаҳо»-и сершумор бо қишри континентии ибтидоӣ ва магматизми калий-натрийи гранитоидии калонмиқёс қитъаҳои васеъ (ё аввалин дар таърихи Замин фавқулконтинети Моногей, ки онро Пангей 0 низ меноманд) ташаккул ёфтанд. Дар давоми инкишофи архейии Замин 50- 70 % (шояд бештар)-и ҳаҷми моддаҳои ҳозираи қишри континентҳо ташаккул ёфтааст. Дар давоми архей оби уқёнус тадриҷан сард шуд. Ҳудуди 2,5 млрд сол пеш бо нахустин яхбандии умумӣ — яхбандии Гурон машҳур аст. Таввасути фаъолияти ҳаётии бактерияҳои сианӣ дар атмосфераи Замин бори нахуст оксигени озод пайдо шуд.

Дар давраи протерозою фанерозой (2,5-0 млрд сол) дар натиҷаи сардшавии умумии Замин плитаҳои литосферии дар мантия фурӯрафта ба қисмҳои поинии он расиданд; ин боиси танзими тамоми низоми ҷойивазкунии гармӣ дар мантия ва пайдоиши давраҳои хушкии бузурги тектоникии дарозмуддат гардид. Дар давоми ин давраи инкишофи геологии Замин қитъаҳои хушкӣ завол ва аз нав ташаккул ёфтанд, уқёнусҳо пайдо ва нест шуданд. Бо такроршавӣ дар 750 млн сол қитъаҳои бузурги хушкии устувор ташаккул ёфтанд. Қитъаҳои хушкии бузурги камтар устувор, эҳтимол, дар миёнаи давраҳои фавқулконтинентӣ (2125, 1375 ва 625 млн сол пеш) пайдо шудаанд. Ҳаҷми миёнаи плитаҳои литосферӣ ва ғафсии онҳо тадриҷан зиёд ва шумораи плитаҳо кам шуд. Таркиби қишри уқёнусӣ аз коматииту базалтӣ ба базалтӣ мубаддал гардид. Дар минтақаҳои бархӯрди хушкиҳо ва дар канораҳои фаъоли хушкиҳо дар натиҷаи равандҳои чиндоршавӣ, метаморфизм ва гранитшавии ғафсиҳои таҳшинӣ ва вулкании дар уқёнусҳо ғуншуда пораҳои нави қишри континентӣ ташаккул ёфтанд; минтақаҳои кӯҳии чиндор ба вуҷуд омаданд. Дар 2,5 млн соли охир давраҳои гармшавиҳои умумӣ бо давраҳои сардшавиҳои кӯтоҳмуддат (чанд вақт дар токембрийи ибтидоӣ, баъд 700—600, 455—445, 325—290, ва 10-0 млн сол пеш) иваз шуданд, ки боиси яхбандиҳои рӯйи Замин гардиданд. То 2,5 ва на дертар аз 1,0 млрд сол пеш (ба эҳтимоли зиёд 1,7 млрд сол пеш) ҳастаи Замин ҷудо шуд.

Дар аввали протерозойи ибтидоӣ хушкии бузурги охири архей дар натиҷаи пайдо шудани рифҳои континентӣ ва минбаъд ба рифҳои байниконтинетӣ табдил ёфтани онҳо ва оғози пайдошавии қишрҳои уқёнусии нав аз байн рафт. Ҳавзаҳои уқёнусии пайдошуда, ки хушкиҳоро ҷудо карда, минтақаҳои серҳаракати протерозойи ибтидоиро ба вуҷуд овардаанд, аз рӯйи давраи Вилсон инкишоф ёфтаанд. Басташавии ҳавзаҳои уқёнусӣ дар натиҷаи бархӯрди блокҳои хушкии онҳоро маҳдудкунанда дар охири протерозой (1,8-1,6 млн сол пеш) боиси пайдоиши хушкии бузурги нави Мегагей (онро Пангейи I низ меноманд) гардид. Дар охири давраи чиндоршавӣ (аз рӯйи ҷадвали стратиграфии байналмилалӣ — ибтидои мезозой ва протерозой) хушкии бузург пора-пора ва дар охири давраи чиндоршавӣ (охири мезозой ва протерозой, қариб 1 млрд сол пеш) Родиния ё Пангейи II пайдо шуд. Дар ибтидои давраи чиндоршавии охирин (ибтидои палеопротерозой) Родиния ба Лаврентия (платформаи Амрикои Шимолӣ), Балтика (платформаи Аврупои Шарқӣ), Сибир (платформаи Сибир), Сино-Корея (платформаи Чин, Корея), Янсзи (платформаи Чини Ҷанубӣ), Тарим (массиви Тарим), Баренс-Гиперборей (платформаи фарзиявии Гиперборей) ва ба дараҷаи зиёд ба Гондванаи муттаҳид (платформаҳои ҷанубӣ — Амрикои Ҷанубӣ, Африқо, Ҳиндустон, Австралия, Антарктидаро муттаҳид кард) тақсим шуд. Хушкиҳои қадимӣ ба ҳавзаҳои уқёнусии нав тақсим шуданд, ки онҳо баъд минтақаҳои серҳаракати фанерозой: Протояпетус (минтақаи Анлантикаи Шимолӣ), Прототетис (минтақаи баҳри Миёназамин), уқёнуси Палеоосиёӣ (минтақаи Урал-Охота)-ро ба вуҷуд оварданд. Ҳамаи пораҳои хушкиро, эҳтимол, уқёнуси Прапатсифик иҳота мекард, ки дар сарҳадди он бо материкҳо минтақаи серҳаракати уқёнуси Ором инкишоф ёфт. Дар охири протерозой ва палеозой минтақаҳои серҳаракат таҳаввулоти мураккаб ва бисёрдавраро аз сар гузаронданд. Хотимаёбии инкишофи онҳо (ғайр аз минтақаи уқёнуси Ором) дар натиҷаи басташавии уқёнусҳо ва бархӯрди хушкиҳои қадимӣ дар аввали мезозой боиси ташаккули хушкии бузурги Пангей гардид.

Дар натиҷаи тақсимшавии Пангей дар ҳудуди юраи ибтидоӣ ва миёна (қариб 175 млн сол пеш) уқёнусҳои ҳозираи Атлантик, Ҳинд, Яхбастаи Шимолӣ, инчунин уқёнуси Неотетис ба вуҷуд омаданд. Кушодашавии уқёнусҳо дар бисёр минтақаҳои Замин дар давраи табошир ба вулканизми траппӣ (музофоти траппии Парана дар Амрикои Ҷанубӣ, Этендек дар Африқо, Декан дар нимҷазираи Ҳиндустон ва ғайра) сабаб шуд. Ҳангоми басташавии Неотетис, ки дар ҳудудҳои он хушкиҳои хурди сершумор — «хушкиҳои кандашуда»-и Гондвана (ки ин уқёнусро ба ҳавзаҳои алоҳида ҷудо карданд) мавҷуд буданд, минтақаи серҳаракати Алпу Ҳимолой ташаккул ёфт. Ҳавзаҳои аз қадим боқимондаи Неотетис пастхамиҳои Ион ва Левантин дар қисми шарқии баҳри Миёназамин мебошанд. Дар эраи мезозой дар натиҷаи рифпайдошавӣ дар паси камонакҳои вулкании ҷазираҳо пастиҳои Черноморияи Шарқӣ, Черноморияи Ғарбӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва дар эраи кайнозой пастиҳои ғарбии баҳри Миёназамин (пастиҳои Алҷазоир, Тиррен ва ғайра) ташаккул ёфтанд. Масоҳати уқёнуси Ором дар давоми мезозой ва кайнозой аз ҳисоби ба самти он ҳаракат кардани хушкиҳои ҳамҳудуд кам шуд. Дар минтақаи серҳаракати уқёнуси Ором дар мезозой ва кайнозой ҳодисаҳои муҳимми тектоникӣ ба амал омаданд. Бархӯрди камонакҳои ҷазиравӣ бо канори Амрикои Шимолӣ ва Амрикои Ҷанубӣ дар охири мезозой боиси ташаккули кӯҳҳои чиндори Кордилера ва чиндоршавии Андҳои Марказӣ гардид. Тақрибан дар ҳамин вақт дар натиҷаи бархӯрдҳо дар канори шимолии Осиё минтақаи чиндори Чукоткаи Боло пайдо шудааст. Ҳодисаҳои тектоникӣ дар давраи мезозой тамоми музофоти шарқии Осиёро фаро гирифта буданд.

 Дар охири кайнозой, дар давраи тектоникии нави инкишофи Замин сохтори ҳозира ва релефи Замин комилан шакл гирифт. Бархӯрди бардавоми хушкиҳои бузурги Ҳиндустон бо Авруосиё боиси пайдоиши баландтарин кӯҳҳои Ҳимолой ва ташаккули кӯҳҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (Ҳиндукуш, Қарақорум, Помир, Тиёншон, Кунлун, Наншан, Синлин, Олтой, Саяна, кӯҳҳои Назди Байкал ва Паси Байкал) гардид. Дар қисми шимолу шарқии ин минтақа силсилахарсанги зериобии Байкал пайдо шуд. Ба самти шимол ҷойивазкунии плитаи Арабистон боиси пайдоиши халиҷи Адан ва баҳри Сурх гардида, онро аз плитаи Африқо ҷудо кард. 

Ба самти шимолу ғарб ҷоивазкунии як қисми нимҷазираи Арабистон боиси қадафрозии силсилакӯҳҳо дар ҷанубу ғарби Осиё (аз ҷумла Қафқози Калон ва Хурд) гардид. Дар сарҳадди миотсен ва плиотсен дар уқёнуси Олам силсилаи ҳозираи қаторкӯҳҳои миёниуқёнусӣ ташаккул ёфт, ки Антарктидаро аз Амрикои Ҷанубӣ ҷудо кард. Дар давраи чорумин ноҳияҳои шимолии Аврупо ва Амрикои Шимолиро қабатҳои сершумори барф пӯшонданд.


Манбаъ: Энсиклепедияи миллӣ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту