preloader

интизор шавед...

Эътирофи заҳматҳои геологҳо чӣ буда метавонад?

  • 06-апр-2024
  • 30 дидани саҳифа

Ҷоизаи кори пурзаҳмати геологҳо ин ҳамон кашфиётест, ки баъди талошҳои зиёду пажӯҳишҳои пайваста ниҳоят ба даст меояд. Паёмест, ки рушанкунандаи дил, анҷоми як давраи томи таҳқиқот, самараи шабҳои бехобӣ, рӯзҳои пурмашаққат аст. Эътирофи хидматҳои геолог метавонад он бошад, ки ба номи ӯ ва ё ба поси хотири ӯ номи ин ё он кандании фоиданоки кашфшуда, гунаҳои ҷадиди гиёҳони кашфшуда ё ҷонварон номгузорӣ мешавад.

Дар миёни геологҳои Тоҷикистон кормандони хидматкардаву хидматнишондода хеле зиёданд, ки исми онҳо рӯйхати гурӯҳҳои гуногуни олами наботоб ва ҳайвонотро пурра кардааст.  

Беш аз 100 сол аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон корҳои мухталифи геологӣ роҳандозӣ мешаванд ва то кунун садҳову ҳазорҳо заминшиносон бо таҳқиқоту пажӯҳишҳои арзишманди худ як рӯйхати томи таҳқиқгаронро ташкил додаанд. Бисёре аз онҳо дар китоби “Номҳои ватании геологҳо дар номҳои палеонтологӣ”, ки соли 2000 дар Санк-Петербург чоп шудааст, дида мешавад, вале исми бисёриҳои дигарро он ҷо намебинем. Аз сӯи дигар корҳои анҷомшуда метавонанд номи геологро ифода накарда бошанд.  

Муаллифи мақолаи “Номи геологҳо дар рӯйхати флора ва фаунаи (олами набототу ҳайвоноти) Тоҷикистон” Н.К. Оспанова аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар ҳамин бора баҳс мекунад. 

Муаллиф дар муаррифии мақолаи худ менависад, ки дар байни таксонҳое, ки ҳангоми мувофиқаткунонии стратиграфӣ дар қаламрави Тоҷикистон истифода мешаванд, бисёр таксонҳое ҳастанд, ки номашон ба ифтихор ё хотираи геологҳо гузошта шудааст. Мақсад аз ин мақола ошно кардани доираи васеи хонандагон бо феҳристи номҳои дар ихтиёри мо буда ва ба ин васила бори дигар қадрдонии хидмати ҳамкорон мебошад. Дар ин рӯйхат номи 160 таксони палеонтологӣ, ки ба номи 91 олим номгузорӣ гардидааст, оварда шудааст.  

Ин мақола дар шумораи 4-ми “Асарҳои Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология”, соли 2021 чоп шудааст. Хоҳишмандон метавонанд бо матни комили ин мақола ин ҷо ошно шаванд: “АСАРҲОИ ИНСТИТУТИ ГЕОЛОГИЯ, СОХТМОНИ БА ЗАМИНҶУНБӢ ТОБОВАР ВА СЕЙСМОЛОГИЯ”, НАШРИ 4

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту