preloader

интизор шавед...

Осорхонаи минералогӣ

  • 13-апр-2024
  • 61 дидани саҳифа

Соли  1984 барои Осорхонаи минералогии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Тоҷикистон маконе дар ошёнаи аввал ба масоҳати умумии 182 м2 ҷудо карда шуд, ки он дорои утоқи минерологӣ бо адабиёти геологӣ, таҷҳизоти ёрирасон буд.

Толори хурди ин осорхона бо се ҷевони металии тиббӣ ва намунаҳои канданиҳои фоиданок муҷаҳҳаз гардонда шудааст.  Ҷолибтарин намунаҳои кристалҳои хурд, сангҳои қиматбаҳо дар витринаи бузург интихобан гузошта шудаанд.  Инҳо гулдонҳои сохташуда аз ақиқу лоҷувард, шамъдонҳои сохташуда аз ақиқ – ҳамагӣ аз маҷмуаи шахсии В.Дӯстматов, ҳамчунин аз коллексияи шахсии маводи маъдании  Н.Раҷабов мебошанд. 

Илова бар ин дар солони кӯчак тикаҳое аз чӯби сангшуда, нусхаҳои изи динозаврҳо ҷо дода шудааст. 

Масоҳати толори намоишӣ барои намоишгоҳи маводи маъданӣ ва сангҳо 148 метри мураббаъ аст, ки витринаҳои он беш аз 2200 намуна доранд. Илова бар ин солони аслии осорхона дорои як утоқи бузург барои  нигаҳдории маҷмуаҳои  захирашуда аз намунаҳо ва ҳамчунин гузоришҳо ва дигар маводи геологии кормандони илмии институт, ки солҳои пеш кор кардаанд, ҷудо карда шудааст. 

Вазифаҳои осорхона иборат аз таҳқиқоти махсуси илмӣ вобаста ба омӯзиш ва нигох доштани фонди минералоги (чамъоварй ва ба низом даровардани маъданҳо, маъданҳо, коллексияи сангҳо ва боқимондаҳои палеонтологӣ) мебошад. 

Дар ташкили осорхона нақши академик Р.Б.Баротов хеле бузург аст. Академик Баротов солҳои 1953-1988 сарварии ин Институтро ба уҳда дошт. Маҳз ташаббусҳои беназири ӯ буд, ки барои ин боргоҳи пажӯҳишӣ бинои ҳозиразамон сохта шуд.   

Ҷамъоварии намунаҳои фонди минералии осорхона аз ҷониби кулли кормандони институт ҳангоми анҷоми пажӯҳишҳо ва ковишҳои илмӣ роҳандозӣ шуд.  Илова бар ин, маҷмуаи маъданҳо ва сангҳо аз ҳисоби намунаҳои ба осорхона тақдимшуда аз бозёфтҳои шахсии кормандони институт пурра карда мешавад.

Коллексияи минералогӣ тақрибан 2200 намунаи маъданҳо, сангҳо ва бозёфтҳои палеонтологиро дар бар мегирад. Деворҳои осорхона бо харитаҳои геологй, манзараҳои ҷолиби табиат ва ғайра оро ёфтаанд.  Ҳамчунин расму портрети шахсиятҳои хидматкарда дар ковишҳову таҳқиқоти геологӣ гӯшае аз ин деворҳоро диданӣ кардааст. 

Дар ҷамъоварии намунаҳои маъданй ҳиссаи маъданшиноси машҳури ҷумҳурӣ  В.Ч.Дӯстматов, ки дар давоми фаъолияти худ зиёда аз бист канданиҳои навро кашф кардааст, калон мебошад. Ӯ, ки аз алоқамандон ба кори худ буд, тавонист маҷмуаи  осорхонаро бо гузоштани беш аз 300 намунаи намоишӣ ба таври назаррас васеъ кунад.

Маъданҳо ва ҷинсҳои кӯҳии басо ҷолибу диданиро дар ҳаҷми бештар аз 200 намуна С.А.Морозов, В.В. Могаровский, А.Н. Россовский, А.Р. Файзиев, Н. Раҷабов ва дигарон гирдоварӣ карданд ва дар осорхона гузоштанд.

Ба ғайр аз кормандони институт шахсони дигаре аз ҷумлаи дӯстдорони маъданҳо, бахусус  Александр Булдихин заҳмати ҷамъовариву ғанӣ кардани гуногунии таркиби маъданҳои осорхонаро кашидаанд. Номбурда як кисми зиёди коллексияи шахсии худро, аз он ҷумла маъданҳои аҷоиби кристалл, флюорит, квартси дуддор ва ғайраро ба осорхона туҳфа намуд.  Ӯ ҳамчунин ёфтаҳое аз чӯби сангшуда ва боқимондаҳои палеонтологии птеродактилҳо (номи илмӣ: Pterodactylus – болангӯштиҳо. Номи дастае аз оилаи птерозаврҳо. Гунае аз ҳайвонҳои инқирозшуда, ки дар охири давраи Юра, 152,1-145 миллион сол пеш зистаанд) низ дорад, ки бинанда дар осорхона бо онҳо метавонад ошно шавад. 


Бо осорхона муфассалтар шумо метавонед аз мақолаи кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ  М.Л.Гадоев ва Б.Д.Урунов ошно шавед.

Мақола инҷост: ссылка...

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту