preloader

интизор шавед...

Маросими гулчанбаргузорӣ бахшида ба 125 солагии Каниш Имантаевич Сатпаев

  • 15-апр-2024
  • 103 дидани саҳифа

Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ  ва сейсмология санаи 12 апрели соли 2024 маросими гулчанбаргузорӣ дар назди лавҳаи ёдгории аввалин академики фахрии Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон, олими барҷастаи соҳаи геология Каниш Имонтаевич Сатпаев баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур, ки ба 125-солагии Сатпаев К.И. бахшида шуда буд Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Туреханов, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Коҳирова, роҳбарият ва коллективи Институти геология, сохтмони ба заминчунби тобовар ва сейсмология, кормандони Сафорати Қазоқистон ва намояндагони ҷомеаи илмӣ иштирок карданд.

Баъди маросими гулчанбаргузорӣ дар толори маҷлисгоҳи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология ҷаласаи тантанавӣ бо суханронии директори муассиса Аминзода П. ифтитоҳ ёфт. Мавсуф, дар нутқи худ оид ба нақши фарзанди қазоқ Каниш Имонтаевич Сатпаев дар ташкили Академияи фанҳои Тоҷикистон, Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, инчунин таҳқиқоти геологии ба сарзамини Тоҷикистон бахшидашуда, ёдовар шуданд.

Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон Туреханов В. зимни суханронӣ, ки қисман ба забони тоҷикӣ сурат гирифт ба роҳбарияти Академияи миллии илмҳо ва Институт барои мусоидат дар ташкили чорабинӣ бахшида ба хотираи К.И. Сатпаев изҳори сипос намуда, доир ба хизматҳои ин олими намоён дар таъсиси мактаби металлогенӣ дар Қазоқистон ва умуман Осиёи Миёна ва дигар чорабиниҳое, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба робита ба ҷашни мазкур баргузор мегардад муфассал маърӯза карда, қайд намуданд, ки робитаҳои қазоқистону тоҷикистон дар соҳаи илм тадриҷан рушд хоҳанд ёфт, чунки заминаи он, аллакай дар садсолаи пешин гузошта шуда буд.

Ноиби президенти Академияи миллии илмҳо Қоҳирова Г.И. саҳми академик К.И. Сатпаевро дар рушди илми Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуда, аз ҳаёту фаъолият ва хизматҳои ӯ дар ҷодаи илм гуфта гузаштанд. Дар охирсухани худ Қоҳирова Г.И. таъкид карданд, ки ҳаёту фаъолияти Каниш Имонтаевич барои насли ҷавон, аз он ҷумла геологҳо намунаи ибрат хоҳад буд.

Дар фаранҷоми ҷаласа Аминзода П. меҳмононро барои ташрифашон хайрамақдам гуфта, дар кору фаъолияти рӯзмараашон комёбиҳо орзу намуда, ҳамагонро барои гирифтан акси хотиравӣ дар назди лавҳаи ёдгории академик К.И. Сатпаев даъват намуданд. 

Нарзиев Ҷамшед Мирҳусейнович

ходими хурди илми ИГСЗТС-и АМИТ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту