preloader

интизор шавед...

Зи дониш зинда монӣ ҷовидонӣ...

  • 19-апр-2024
  • 35 дидани саҳифа

Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, ки бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 феврали соли 2022, № АП-155 тасдиқ шуда буд, ҳамасола баргузор мегардад.

 

Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани тy ҷавшан аст.

 

Дониш чароғи фаросат, қуввати дил, савати маънавӣ ва зиреҳи бузургест, ки касро аз ҳама гуна ранҷ азобу, уқубат ва андӯҳгинӣ пастиву баланди  зиндагӣ ҳифз мекунад. Илм ва маърифат барои инсон манбаи фазлу камол буда, шахсро зиндадил нигоҳ медорад. Шахси илму маърифати баланд дошта,  дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯбарӯ намешавад, зеро ақли бузургаш ӯро бо роҳи росту самарабахш раҳнамоӣ мекунад. Тавассути ақлу зиракӣ ва бузургии хирадаш, ки аз мутолиа ба даст овардааст, Ӯ метавонад соҳибмаълумоту соҳибкор ва соҳибиззат бигардад. Хирадмандон ҳаминро низ бояд бидонанд, ки онҳо дар дилу дидаи мардум абадан мемонанд. Ёдовар бояд гардид, ки дониш, бемеҳнат ва бемаҳорату заковати бузург ба даст намеояд. Фарде, ки дар илмомӯзӣ кӯшиш менамояд, аз тамоми мушкилиҳо, камбудиҳо ва машақатҳои зиёд наҳаросида бояд чизе омӯзад, то донишманд гардад, зеро шахси донишманд соҳиби обрӯст. Донишманд будан ин ганҷи бузургест, ки баробари дунё арзиш дорад:


Беҳ аз ганҷи дониш ба гетӣ куҷост?
 Киро ганҷи дониш бувад подшост!

Ҳеҷ ганҷе беҳтар аз дониш нест, зеро ки он инсонро чун ҷавшани бузург аз маърифти пасти инсонӣ, гармиву сардӣ, андӯҳгинӣ ва эҳтиёҷот эмин медорад. Пас,  моро мебояд бисёр ҷидду ҷаҳд намуд, то ҳама вақт  илм биомӯзем. Агар сарчашмаи омӯзишие пайдо нашуд, аз он нафароне, ки  саводи кофӣ надоранд, наметавон чизе омӯхт ва бо чашми дил ба ӯ нигарист. Чуноне, ки дар зарбулмасале омадааст “ҷони нодон ҳама вақт дар азоб аст”. Он низ барои зиёд гардидани дониши шахс кӯмак хоҳад кард. Бо омӯхтани суханҳои наве барои як шахс ҷаҳони дигаре, равшан мегардад. Сухани бузурге, ки барои шахсоне, ки дониши кофӣ надоранду кам мутолиа менамоянд, ҳаёти онҳоро тағйир медиҳад ва  ба роҳи рост ҳидоят мекунад.  

Инсони дорои хислат ва хусусияти хуб дошта, пайваста дар омӯхтани илм ва дониш талош меварзад. Илмро чун гавҳараки чашм бодя ғанимат шумурд, дониши худро бо мутолиаи бештар  ҷило бодя дод. Инсони бадонишу илмдор аз пайи ҷамъ овардани молу мулк ва сарвати зиёд намекӯшад. Чунки дар зиндагӣ ҳамеша илму, дониш ва хирад дар мадди аввал меистанд. Кӯшиш ба харҷ бояд  дод, ки ҳар рӯзи ҳаётро оиди зиёд намудани донишу ақлу заковат сарфа гардад.

Зиёд намудани дониш касро комилан кордон, бомаърифат ва нуктафаҳм мегардонад. Мегӯянд, ки хираду дониш барои инсони бомаърифат ҳамчун ғизодиҳандаи неру мебошад. Шахсе, ки дорои хираду дониши бузург нест, ӯ ҳамчун шахсияти аз ин ғизои солим дурмонда ва дар байни ҷомеа чун ангушти намоён ба назари ҳар фард расанда мебошад. Сабаб дар он аст, ки аз ҷиҳати дониши кам доштанаш кореро иҷро менамояд, ки қобили қабули ҷомеа намегардад. Зиёд намудани дониши ҳар як инсон ба ҳадди омӯзишу мутолиаи ӯ вобастагӣ дорад. Зеро мегӯянд, ки:


Илм чандон ки бештар хонӣ,
 Чун амал дap тy нест, нодонӣ.

Илм ва дониш омӯхтан рисолатҳои бузурги инсонианд. Касе, ки ин рисолатҳоро ба ҷо намеорад, дар таънаву маломати атрофиён мемонад. Шахсияти донишмандро  бошад ҳама эътироф намуда, ҳурмат ва эҳтироми ӯро ба ҷой меоранд. Агар ба марги каммаърифатон танҳо фарзандонашон бигирянд, ба марги алломаҳо омма мегиряд, зеро бо заковату дониши бузургашон дили ҷаҳониёнро ба даст овардаанд. Барои омӯхтани донишу маърифати зиёд бисёртар бояд китоб мутолиа намуд, зеро манбаи ҳамаи омӯзишу донишҳо аз китоб сарчашма мегирад.


Рӯй овар бар китобу дониш аз он саҳл гир,
To ба дониш гардӣ машҳури ҷаҳону дилпазир.

Бале, дониш чароғи ақл аст, ки дидагон аз он равшаниву нур ва дилҳо хушиву сурур мегиранд. Шахси донишманд зинатдиҳандаи ҳар анҷуман аст. Агар аз хурдӣ то ба дами марг барои омӯхтани илму андӯхтани дониш камар бандем, саҳве нахоҳад шуд, зеро асоситарин ва беҳтарин амал дар зиндагии инсони асил, ин илм омӯхтан аст. Чуноне, ки гуфтаанд:


Зи дониш зинда монӣ ҷовидонӣ,
 Зи нодонӣ наёбӣ зиндагонӣ.

Фалсафаи илм – қисми фалсафа, ки сохтори илм, қонуниятҳои умумии фаъолияту инкишофи онро (ҳамчун низоми донишҳои илмӣ, соҳаи фаъолияти маърифатӣ, ниҳоди иҷтимоӣ, асоси дигаргунсозиҳои навоваронаи ҷомеа) меомӯзад. Илм дар ҳастии таҷрибавии худ дар бисёр масъалаҳо ҳамчун объекти пурихтилоф зуҳур мекунад. Ин гуфтаҳо ба ҳастии таърихии илм, бо назардошти ҳолати феълии он, алоқаманд аст.

Озмун бо мақсади “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва инчунин  рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, нисбати ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамасола ташкил ва гузаронида мешавад.

Озмуни мазкур ба ду гурӯҳ ҷудо шуда дар алоҳидагӣ тақсимот карда мешавад:

  • муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шакли нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои хусусӣ)
  • хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантону  омӯзгорон.

Бо ташабуси бевоситаи Пешвои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардонидани озмунҳои  “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва “Фуруғи субҳи донои китоб аст” дар байни омма бисёр дастгири ёфта, натиҷаҳои хуб медиҳад.

Эълон намудани озмуни “Илм фуруғи маърифат” аз ҷониби Президенти кишварамон дар асоси дастгирии ҳаматарафа ёфтани озмунҳои амалкунандаи  пешина дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Ҳадаф ҷалби омма ба омӯзиши илмҳои дақиқу риёзӣ ва табиист, зеро ояндаи кишвар, ояндаи рушди босуботи он маҳз аз тараққии ин илмҳо вобаста мебошад. 

Қайд кардан ба маврид аст, ки эълону амалишавии ин озмунҳо шавқу рағбати ҷавононро бори дигар ба омузиши илму дониш бедор намуда истодааст. Пас аз ин озмун, аз байни иштироккунандагони озмунҳо шахсиятҳое пайдо гардиданд, ки барои пешравии Тоҷикистони азизамон кушишҳо менамоянд. Ихтироъҳое, ки баъзе довталабон пешниҳоди ҳайати комиссия намудаанд ҳамаҷиҳата дар истеҳсолот ҷори карда шуда истодаанд. Чунин истеъдодҳо дар оянда дар пешрафти дилхоҳ соҳа саҳми арзишманди худро гузошта метавонанд.  

Мақсад аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”- муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомии инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷик мебошад.             

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат ба рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат доир мегардад.

Файласуфи машҳури немис Фридрих Нитсше гуфтааст: “Агар Шумо ба сӯйи мақсад амал карданро оғоз намуда бошед, дарро ба рӯи шубҳа бубандед”. Дар воқеъ бисёре аз иштироккунандагон ба ғолибияти хеш бовар доранд. Инсоне, ки ба худ бовар надорад, наметавонад он чизеро, ки ӯ мехоҳад, ба даст орад.

Ба шахсоне, ки дар озмунҳо ширкат варзидан мехоҳанд, чунин тавсияҳо дода мешавад, ки китобҳоро бо забони тоҷикӣ ва ҳам бо забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, чиноӣ ва олмонӣ)-ро мутолиа намоянд. Чи қадаре, ки шахс бисёр мутолиа намояд, ҳамон қадар боварӣ ба худаш зиёд мешавад. Зеро поягузори варзиши ҷудо Дзигоро Кано гуфтааст: “Ин муҳим нест, ки мо аз дигарон беҳтар бошем, муҳим он аст, ки  аз дирӯза дида беҳтар бошем”.

Наполеон Ҳилл бо илҳом аз устодаш А. Карнеги, ки рамзи муваффақияти худро барои ӯ шарҳ дода буд, китоби “Биандешеду сарватманд шавед”-ро навиштааст. Наполеон Ҳилл барои навиштани ин китоб муддати 20 сол ба таҳлили зиндагии сад шахсиятҳои номӣ пардохта ва ҳосили онро ба сурати 13 қадам барои расидан ба сарват шарҳ додааст.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» моро водор месозад, ки бештар ба илм таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сафи олимонро афзун намоем ва иштироки бештари ходимони илмии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ҷалб намоем. Ба рушди илму инноватсия аҳамияти махсус дода, бо истифода аз имкониятҳо барои донишомӯзи ва тараққиёти илми Тоҷикистон дар Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон шароити муосидро, фароҳам оварем.

Олимов Шодрӯз Амирқулович

Олимов Баҳром Қосимович

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ

тобовар ва сейсмологияи АМИТ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту