Ҳамчуноне ёдовар шудем,дар як ҳамош дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИҶТ аз академик Сатпаев Каниш Имантаевич ёд карданд. Кист ӯ ва чӣ маҳбубият дорад?
КАНИШ ИМАНТАЕВИЧ САТПАЕВ 31 марти соли 1889 дар авули рақами 4-и уезди Павлодари вилояти Семипалатини империяи Русия ба дунё омад. Дар хонавода фарзанди аз ҳама хурдӣ буд.
Солҳои 1909 то 1911 Каниш Сатпаев дар мактаби авул таҳсил кард. Соли 1911 ба омӯзишгоҳи русиву қазоқии шаҳри Павлодар қабул шуд ва онро соли 1914 бо баҳои аъло хатм кард. Баъди анҷоми таҳсил дар омӯзишгоҳ бо вуҷуди он ки падараш Имонтой мухолифат кард, вай ба семинарияи муаллимии Семипалатин рафт, аммо гирифтори бемории сил шуд ва ин дар раванди таҳсилаш мушкил эҷод кард. Бо вуҷуди ин то соли 1918 таҳсил кард ва баъди хатм соҳиби диплом ҳам шуд.
Каниш Имантаевич мехост ба таҳсилаш боз ҳам идома диҳад ва маълуомти олӣ ба даст орад, аммо мутаассифона, бо дипломи семинария макотиби олии вақт танҳо баъди супурдани имтиҳон аз фанҳои риёзӣ ва забони хориҷӣ қабул мекарданд. Якумин сол вай барои дохил шудан ба донишкадаи технологии Томск омодагӣ дид ва ҳамзамон ба сифати муаллими фанҳои табиӣ кор кард.
Аммо бемории сил ӯро водор кард аз таҳсил муддате даст кашад ва дар авул худро табобат кунад. Духтурон ба ин назар буданд, ки вай дигар ҳаргиз наметавонад ба омӯзиш дода шавад, танҳо метавонад дар ҳавои тозаи авул зиндагии оромона дошта бошад.
Замони муолиҷа дар Баянаул Каниш Сатпаев ба таҳияи китоби дарсии алгебра барои мактабҳои қазоқӣ оғоз кард ва онро соли 1924 ба анҷом расонд. Он аввалин китоби дарсии алгебра ба забони қазоқӣ буд.
Аввали соли 1921 Сатпаев бо геолог М.А. Усов, ки ба Баянаул омада буд, мулоқот кард ва меҳмон тавонист таваҷҷуҳи ин ҷавонро ба илми геология ҷалб кунад ва худи ҳамон сол вай ҳама вазифаҳои худро як сӯ гузошт ва барои дохил шудан ба донишкадаи технологӣ ба сафар кард. Аммо соли 2022 бори дигар бемориаш хуруҷ кард. Лозим омад дубора ба авулаш баргардад. М.А. Усов, ки зиёд ба Баянаул омадурафт дошт, барояш кумак мекард. Баъди якуним сол ба таҳсил шуруъ кард ва соли 1926 донишкадаро хатм намуд. Худи ҳамон сол ӯро барои кор ба трести металҳои рангаи Атбасар ба вазифаи сардори шуъбаи геология ба кор фиристоданд. Соле баъд узви идории трест интихоб шуд.
Ҳамин тавр сарнавишт ӯро ба илми геология овард. Соли 1940 барои кашфи кони Джезказган Каниш Сатпаев сазовори мукофоти олӣ-ордени Ленин шуд.
Соли 1944 вай барои таъсиси Академияи илмҳои Қазоқистон талошҳои худро оғоз кард ва соли 1946 он билохира ифтитоҳ шуд ва худи ӯро аввалин академик ва президенти Академия интихоб карданд.
Соли 1946 аъзои КМ ҳизби коммунисти Қазоқистон интихоб гардид. Соли 1950 унвони профессор бо ихтисоси “геология”-ро таъсис дод ва депутати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, даъвати 3 интихоб шуд.
Бо супориши Президиуми АИ СССР дар иҷлосияи ташкилии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат кард ва дар ҳамин иҷлосия Каниш Имантаевич аъзои фахрии Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб гардид.
Каниш Сатпаев ҳамагӣ 65 сол умр дид ва 31 январи соли 1964 баъди бемории дурудароз дар шаҳри Москав аз олам гузашт.
3 феврал дар қабристони марказии шаҳри Ала-Ато ба хок супурда шуд.