preloader

интизор шавед...

Ҳимояи рисолаи докторӣ муборак, ҳамкори азиз!

  • 26-апр-2024
  • 187 дидани саҳифа

Роҳбарият ва корманди Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мудири лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезис ҒАФУРОВ ФАРҲОД ҒИЁСОВИЧРО ба муносибати ҳимояи бомуваффақияти рисолаи докторӣ самимона муборакбод мекунад.

Ҳимояи рисолаи доктории ҳамкори мо дар мавзӯи «Минералогия, геохимические особенности и генезис карбонатитовых проявлений Таджикистана» рӯзи 25-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Тошканд баргузор шуд. 

Фарҳод Ғафуров аз ҷумлаи пуркортарин пажӯҳишгарони Институт буда, самараи талошҳои рӯзафзуни худро дар роҳи илм имрӯз ба намоиш гузоштанд. 

Мавзӯи таҳқиқ хеле фарогиру доманадор буд ва ба донишманди тоҷик муяссар гардид, ки натиҷаи заҳамоти чандинсолаи худро дар як рисолаи докторӣ гирд оранд ва дар шоҳидии донишмандони зиёди соҳа дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дифоъ кунанд. 

Як бори дигар ҳамкори донишманди худро барои ин комёбӣ муборакбод мекунем ва барояшон комёбиҳои нав таманно дорем!

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту