preloader

интизор шавед...

Пардабардорӣ аз лавҳаи ёдгории профессор Абдулҳақ Файзиев

  • 02-апр-2026
  • 67 дидани саҳифа

Имрӯз, 02.04.26 дар дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ бо иштироки Президенти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода маросими пардабардорӣ аз лавҳаи ёдгории узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Файзиев Абдулҳақ Раҷабович доир гардид.

Дар маросими пардабардорӣ намояндагони сохторҳои соҳавӣ, аъзоёни Раёсати АМИТ ва зерсохторҳои он иштирок доштанд.

Пас аз маросими пардабардорӣ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи "Сахми ФайзиевА. Р. дар пешрафти соҳаи геология" баргузор гардид.

Дар кори семинар ходимони пешбари илмии Институт Мавлонӣ С., Ғафурзода Ф. Г., Файзиев Ф. А. ва Сафарализода Н.С. бо маърузаҳои илмии худ суханронӣ карданд.

Дар кори семинар, Президенти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода, директори Институт Носир Сафарализода, муовини вазири Вазорати энергетика ва хоҷагии оби ҷумҳурӣ Шарифа Худобахш иштирок ва дар бораи Абдулҳақ Файзиев, роҳи тайнамудаи ӯ дар ил, нақши шоиста ва мондагори олими маъруф дар рушди илмҳои геология ҳарф заданд.

Гуфтанист, ки Абдулҳақ Файзиев — доктори илмҳои геология ва минералогия (1981), профессор (1982). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1997). Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1998) мебошад.

Абдулҳақ Файзиев  15 -уми марти соли 1938 дар деҳаи Ёрии ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, соли 1959 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ)-ро бо ихтисоси «минералогия» хатм кардааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмиаш: минералогия, геологияи канданиҳои фоиданоки ғайримаъданӣ, геохимия ва термобарогеохимия мебошад.

Солҳои 1985-1996 декани факултаи геология, солҳои 1996-1997 мудири кафедраи геология ва ҷустуҷӯи манбаъҳои канданиҳои фоиданоки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1996-1997) буд.

Аз соли 1997 то соли 2010 вазифаи Директори Институти геологияи Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Соли 2011  мудири озмоишгоҳи канданиҳои фоиданоки Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Академияи милии илмҳои Тоҷикистон буд. 

 Абдулҳақ Файзиев муаллифи беш аз 550 асару мақола ва корҳои илмист. Аз он ҷумла 7 монографияи илмӣ ва 7 китоби дарсӣ оид ба минералогия ва кристаллография ва чандин васоити таълимиву методӣ чоп кардааст.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар 5 асари пурарзиши илмӣ ва 5 китоби дарсии устод ба мутахассисону ҳаводорони илми геология тақдим шудааст.

 Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон буда, бо медали Готфрид Вилгелм фон Лейбнитси Академияи илмҳои табиатшиносии Аврупо барои хидматҳои хос дар тадқиқоти илмӣ тақдир шудааст.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Май 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту