preloader

интизор шавед...

Лабораторияи палеонтология ва сейсмология

Аз ҷумлаи озмоишгоҳҳои қадимии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ба шумор меравад. Кормандон ва олимони ин лаборатория дар пажӯҳишҳои зиёди бунёдӣ даст доранд ва дар кушоиши бисёре аз гиреҳҳои илм дар соҳаи деринашиносӣ, ки як шохаи зистшиносӣ ва  заминшиносӣ аст, ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Чанд маълумоти кутоҳ дар бораи ин лаборатория дар зер меояд.

МАЪЛУМОТИ УММУӢ

Кормандони ин лаборатория ба омӯзиши морфология, систематика ва аҳамияти стратигрофии боқимондаи мавҷудоти зиндаи даврони гузашта, ки дар табақоти мухталифи замин ба ҷо мондаанд ҳамчун асоси тартиб додани схемаҳои муфассали стратиграфии тақсимоти фанерозой, аз нав барқарор намудани ҳодисаҳои биотикй ва абиотикии таърихи минтақаи Осиёи Миёна, палеобиогеография ва палеоэкологияи организмҳои фосидшуда машғуланд.

ТАЪРИХИ ЛАБОРАТОРИЯ

 Соли 1964 дар Институти геологияи АИ Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон бахши палеонтологӣ ташкил шуд, ки ба он В.М. Рейман сарварӣ мекард. Ин бахш дар қатори роҳандозии таҳқиқоти умумигеологӣ ҳамчунин ба омӯзиши марҷонҳои даврони мезозоии Тоҷикистон низ иқдом намуд. Аммо таҳқиқотҳои палеонтологиву стратиграфӣ дар Институт хеле пештар, аниқтараш баъди таъсиси он дар соли 1941 оғоз шуда буд. Он замон ин бахш аз ҷониби И.Е.Губин сарварӣ мешуд. Ва ҳамин тадқиқотҳо барои пажӯҳишҳои умумигеологӣ нақши ёрирасон бозиданд. Он замон ҳоло ихтисоси маҳдуди палеонтологҳо ва стратиграфҳо дар ҳайати ин бахш вуҷуд надошт. 

Замоне, ки Институт ба ҳайати Академияи илмҳои Тоҷикистон шомил карда мешуд, таҳқиқотҳои стратигрофӣ дар бахши геологияи умумӣ, ки сарварии он ба уҳдаи С.А.Захаров буд, пеш бурда мешуд. Аз соли 1951, яъне баъди дохил шудани Институт ба ҳайати Академияи илмҳои ҷумҳурӣ омода намудани мутахассисони палеонтолог ва стратиграфҳо оғоз гардид. Ба ин воҳиди илмӣ дар солҳои мухталиф донишмандоне чун В.Д.Салтовская (1953), М.Р.Ҷалилов (1956), М.З.Пӯлодов (1956), В.М.Рейман (1957), А.Г.Косенков (1957), Ф.Х.Ҳакимов (1959), А.А.Ашӯров (1959), Э.В.Бойко (1959), Г.К.Мелникова (1960), В.Н.Овчаренко (1960), В.Л.Лелешус (1962) омадаву таҳқиқотҳо гузаронидаанд. 

  Баъди ташкили бахши палеонтологӣ ин ҳайат бо олимоне назири Э.В.Голтман (1965), Г.Х.Солибоев, ки охири соли 1966 баъди кор дар Раёсати геология ва таҳсил дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Ленинград омада буд, пурра гардид.  

Соли 1967 бахши палеонтология ба лабораторияи палеонтология ва стратиграфия табдил дода шуд ва сарварии он бар дӯши Манзур Раҳимовч Ҷалилов буд. Соли 1978 шуъбаи палеонтология ва стратиграфия таъсис ёфт. Дар ин солҳо ба ҳайати кормандони палеонтологҳо ва стратиграфҳо А.А.Собиров (1971), Н.К.Оспанова (1978), О.А Корчагин (1981), М.А.Муратова (1983), А.А.Хисяметдинова (1990), аз дигар ташкилотҳои геологогӣ дар солҳои мухталиф ба Институт мутахассисони омодашудаву баландихтисос аз қабили Г.Н. Менаков, (1973), А.Б.Маҳкамов (1978), В.И.Дронов (1979), И.А.Бардашев (1994), Н.П.Бардашева (1994) ба иҷрои масъулият пардохтанд.

Охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90-и асри гузашта ҳайати кормандони лаборатория ба 23 нафар расид, ки 19 нафари онҳо кормандони илмӣ буданд. Қисмати бештари онҳо дорои дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илмҳои геологиву минералогӣ буданд. 

Доктори аввалини илм дар лаборатория В.Л. Лелешус буд, ки рисоллаи доктории худро соли 1972 дар мавзӯи “Табулятҳои палеозойи Тоҷикистон (истифода аз усулҳои риёзии омӯзиши табулятҳо)” ҳимоя намуд. Соли 1974 Манзур Ҷалилов дар мавзӯи “Шикампойҳои даврони табошири қисмати ҷанубу шарқи Осиёи Марказӣ (мафҳумҳои систематикӣ, стратигрофӣ ва зоогеографӣ)” рисолаи докторӣ ҳимоя кард. 

Соли 1987 бошад Г.Х.Солибоев рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Стратиграфия ва палеогеографиияи эотсини қадими қисмати шарқии Осиёи Марказӣ бар пояи омӯзиши моллюскҳои дукафа”, соли 1989 Г.К.Мелникова дар мавзӯи “Марҷонҳои ибтидои мезазой (аҳамияти стратиграфикӣ, морфологӣ, филогенӣ ва систематикии онҳо)”, соли 1993 Ф.Х. Ҳакимов,соли 1994 В.И.Дронов, соли   2013 г. Н.К.Оспанова баъди ҳимояи рисолаҳои докторӣ ба дарёфти дараҷаи илмии докторони илм шарафёб шуданд.

Баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ бисёре аз кормандони лаборатория Тоҷикистонро тарк карданд ва ба кишварҳои дигар муҳоҷират карданд, иддае аз олам рафтанд. Дар айни замон ин лаборатория дорои 7 корманди илмӣ (1 доктори илм ва 6 номзади илм) мебошад. 

Дар тӯли замони гузашта кормандони лаборатория таҳқиқоти монографии омӯзиш ва ба рӯйхат шомил кардани табулятҳои давраҳои ордовик, силурий ва девон, ҳамчунин фораминиферҳои ангиштсанг ва конодонтҳои давраи силурий ва нармбаданҳои  сарпой ё пойбасари давраи девон, обсазҳои давраи палеозой, марҷонҳои мезозой, шикампойҳо, бозупойҳо, аммониди карбонати калсий, молюскҳо ё нармбаданҳои дупалла ва садафиёни давраи палеоген, спораҳои давраҳои юра ва палеогенро мавриди омӯзиш қарор доданд ва ҳоло ба таҳқиқи садафиёни даврони антропоген оғоз кардаанд.

 Аввал дар шакли маърӯзаҳои ҳисоботии илмӣ ва баъдан қисман атласи олами ҳайвонот ва набототи сангшудаи даврони ордовик, силур, девони Тоҷикистон (соли 1991 нашр шуд), давраҳои карбон перми Тоҷикистон, бесутунмуҳраҳои давраи триаси Помир (соли 2001 чоп шуд), давраи юраи Тоҷикистон, табошири Тоҷикистон (соли 1998 аз чоп баромад), кайнозои Тоҷикистон, ҷинси карбонатҳо ва ғайра таҳия ва чоп шуд.  “Луғати стратигарофии Помир (нашри аввал соли 2006 ва нашри дуюм соли 2013)” интишор ёфт, ки 649 ҷузъро дар бар мегирад. "Луғати стратигрофии фанерозойи Тоҷикистон" соли 2012 ба нашр расид, ки 1018 ҷузъи стратигрофиро дар бар мегирад. Аз соли 2021 ҳайати кормандони лаборатория ба коркарди нави панҷсолаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар мавзӯи “Пароканиш ва буҳронҳои биотекӣ дар рушду тавсеаи фауна ва флораи Тоҷикистон ва зарфиятҳои стратигрофии онҳо” оғоз карданд. 

 Кормандони лаборатория бо ҳамкасбону ҳамкоронашон дар ташкилотҳои мухталифи илмӣ-таҳқиқотии олам, аз ҷумла дар  Австралия, Австрия, Амрико, Белгия, Испания, Канада, Чин, Муғулистон, Олмон, Лаҳистон, Русия, Узбекистон, Украина иртиботҳо ва ҳамкориҳои пажӯҳишӣ доранд, дар фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба стратигрофии давраҳои мухталифи қадим ширкат мекунанд. Дар конфронсҳо ва ҳамоишҳои гуногуни байналмилаливу ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд. Онҳо дар кори иҷлосияи Умумирусиягии ҷамъияти палеонтологҳо низ иштирок мекунанд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Июнь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту