preloader

интизор шавед...

Кумитаи иттифоқи касаба

   Кумитаи иттифоқи касабаи (КИК) Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Нақшаи кории Институт ва Нақшаи кории Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи Академияи миллии илмҳои Тољикистон, қарору қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

   Фаъолияти КИК мутобиқи нақшаи корӣ сохта шуда, дар ҷаласаи КИК барои як сол муайян карда мешавад. Дар ин нақша гузаронидани ҷаласаи ҳисоботии солона, ҷаласаҳои КИК, ҷаласаҳои муштарак бо маъмурият, мувофиқа намудани ҷадвали рухсатиҳо ба маъмурият, тақсим намудани билетҳои КИК, ҷамъ намудани маълумот оид ба кормандони нав ба кор қабулшуда, иштирок намудани кормандони муассиса дар корҳои ободонии ноҳия, шаҳр, ҷумҳурӣ, ба нақшагирии чорабиниҳо оид ба муҳофизати меҳнат, азназаргузаронии ҳолати бино, лабораторияҳо ва утоқҳои корӣ барои бехатари аз сӯхтор, омода намудани муассиса барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон, гузаронидани чорабиниҳо доир ба таҷлили ҷашнҳои Наврӯзи байналмиллалӣ, Истиқлолияти давлатии ҶТ иди касбии “Сохтмончиён” иди касбии “Геологҳо” ва дигар идҳои аҳамияти љумҳуриявию байналмиллалӣ дошта, расондани кӯмакҳои моддӣ ба кормандон ва оилаҳои кормандони камбизоат, харидори тӯҳфаҳо ба кормандони соҳибҷашн, табрикоти рӯзи мавлуди кормандон, ба кормандон бахшида ба идҳои «Артиши миллӣ», «Рӯзи модарон», харидори тӯҳфаҳо ба фарзандони кормандон ва кормандон  бахшида ба иди «Соли нав», қоидаҳои тартиботи дохила ба қайд гирифта шуданд. Ҳамаи ин чорабиниҳои банақшагирифта дар якҷоягӣ самти асосии фаъолияти КИК – ро ташкил медиҳанд. Аз рӯи нақшаи КИК-и Институт ҳама сола, бояд 6-7 нафар кормандон ба табобатгоҳҳо барои табобат гирифтан фиристонда шаванд.

   Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ институт бо тамоми талаботҳо ин Иди аҷдодиро таҷлил менамояд. Иди модарон низ бо як шукӯҳи тоза ҷашн гирифта шуда, коллективи занони муассиса бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Аъзоёни иттифоқи касаба доимо таҳти ғамхорӣ қарор дошта, ба онҳо кумакпулӣ дода мешавад. Ҳамчунин, ҳамасола дар соли нави мелодӣ барои фарзандони кормандон туҳфаҳо тақдим карда мешавад.

   Ҳамин тавр, Иттифоқи касабаи Институт вазифаҳои дар наздаш гузоштаро иҷро намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои кормандон вобаста аз имкониятҳои мавҷуда боз ҳам шароити хуби корию фароғатӣ фароҳам оварад.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту