Гурӯҳи технологияи геоиттилоотӣ ва зондкунии дистантсионӣ соли 2011 ташкил шудааст. Новобаста аз навтаъсисии гурӯҳ кормандони илмии он дар анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ пешсаф буда, тамоми корҳо бо истифода аз усулҳо ва барномаҳои компютерии муосир роҳандозӣ мешаванд. Натиҷаи тадқиқотҳои ин гурӯҳ ҳам дар маҷаллаҳои илмии ватанӣ ва ҳам дар маҷаллаҳои хориљии ба рӯйхати Скопус дохил шаванда ба табъ расонида мешаванд.
Самтҳоиасосиифаъолиятиилмӣ-тадқиқотии гурӯҳ
- Рамзкушоии аксҳои кайҳонӣ ва ҳавоӣ.
- Сохтани харитаи ярчҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дохил кардани онҳо ба базаи геоиттилоотии муассиса.
- Муайян кардани қонуниятҳои фазогии зуҳуротҳои ярчӣ дар вобастагӣ бо кунҷ, шакл ва самти нишебӣ, баланди аз сатҳи баҳр, миқдори боришотҳои атмосферӣ, масофа аз дарёҳо, қабати растанӣ, таъсири заминларза ва намнокии замин.
- Арзёбии таъсири андозаи пиксели модели сифрии маҳал ба натиҷаҳои моделсозии осебпазирӣ аз ярчҳо.
- Муайян кардани заминҳое, ки аз тарафи мардум нодуруст истифода бурда мешаванд.
- Сохтани харитаи қитъаҳои алоҳидаи тадқиқшаванда ё истифодабарии замин ва арзёбии дақиқияти он.
Ғайр аз корҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолияти дигари гурӯҳи технологияи геоиттилоотӣ ва зондкунии дистантсионӣ ин таъмини фаъолияти кории шабакаи интернет дар биноҳои Институт, назорати сомонаи Институт ва дохил намудани хабарҳои нав ба нав дар сомонаи он мебошад.
Барои иҷрои вазифаҳои вобаста ба интернет ва сомонаи Институт муҳандис-барномасозон ва кормандони техникии гурӯҳ мутасаддӣ мебошанд. Ҳамзамон, муҳандис-барномасозон ва кормандони техникӣ ба пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд.
Яке аз самтҳои фаъолияти ходимони илмии гурӯҳи мазкур ин омӯзиш ва арзёбии равандҳои экзогении геологӣ мебошад. Айни замон диққати махсус ба омӯзиши зуҳуротҳои ярчӣ аз ҷумла, зуҳуротҳои ярчии минтақаҳои силсиланерӯгоҳи дарёи Вахш, водии дарёи Обихингоб, дарёи Зарафшон ва дарёи Гунт дода мешавад.
Дар тӯли фаъолияти гурӯҳ кормандон муносибатҳои фазогии зуҳуротҳои ярчиро бо кунҷ, шакл ва самти хобиши нишебӣ, баланди аз сатҳи баҳр, кафишҳо, қабати растанӣ, заминҷунбӣ ва боришотҳои атмосфериро муайян кардаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки барои дар сатҳи баланд анҷом додани корҳо, усулҳои миқдорӣ ва ниммиқдорӣ истифода бурда шуда, барои пайдо кардани натиҷаи нисбатан хуб маълумотҳои гирифташуда байни якдигар муқоиса карда мешаванд.
Барои ба анҷом расонидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ маълумотҳои тадқиқоти фосилавӣ (аксҳои кайҳонӣ ва ҳавоӣ) ва технологияҳои геоиттлоотӣ истифода бурда мешаванд.