preloader

интизор шавед...

Тадқиқоти сейсмикӣ ва геофизикӣ

Солҳои 1970 ба мушоҳидаҳои геофизикии деформатсияи қишри замин таҳқиқоти физикаи заминларзаҳо, параметрҳои сейсмикии гидрокимиёвии обҳои мадании ҳароратии зеризаминӣ омӯзиши тағйироти ҷузъии майдони маҳаллии геомагнитӣ дар ҳалли масъалаҳои геодинамикии минтақаи Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби консепсияи плитаҳои тектоникӣ шуруъ гардид.

Таҳқиқотҳои мукаммалу маҷмӯии сейсмогеофизикиро дар оғоз Кулагин М.В., Мирзоев К.М., Каток А.П., Соболева О.В., Старков В.И. ва дигарон сар карданд ва баъдан онро Саломов Н.Г., Каримов Ф.Х., Ҷӯраев Р.У. ва чанд тани дигар идома доданд.

Дар доираи ин тадқиқотҳо механизми сарчашмаҳои зилзилаҳои тектоникӣ, робитаи байни равандҳои омодасозии заминҷунбии қишри замин ва мантия, муҳоҷирати сейсмикӣ, зуҳури мавҷҳои тектоникии деформатсия, механизми заминҷунбии амиқ омӯхта шуда, моделсозӣ, нақши моеъҳо дар равандҳои сейсмотектоникӣ ошкор карда шуда, тадқиқоти макросейсмикии оқибатҳои заминларзаҳои харобиовар дар қаламрави Тоҷикистон гузаронида шуда, озмоишҳои лаборатории тағирёбии суръати деформатсияи пластикии намунаҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ва таъсири микросейсмҳо ба ҳосил шудани рехтагарии металл аз гудохтаҳо ва ғайра таҳқиқ шудааст. 

Дар натиҷаи тадқиқоти геофизикӣ феҳристи зилзилаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, феҳристи заминларзаҳо дар минтақаи Душанбе-Вахш тартиб дода шуда, ҷузъҳои тамоюл, давраҳо ва нодурустии ё аномалияҳои деформатсияи қабати замин муайян карда шуданд.

 Дар асоси мушоҳидаҳои доимии дурударози деформатсияҳои ҳолати стресс-деформатсияи баданаи сарбанди НБО-и Норак ва қишри замин дар наздикии он, арзёбии равандҳои деформатсия, ки дар натиҷаи режими обгирй дар ҳавзи болоии об ба амал омадаанд, тафовути деформатсияи хокҳои алевролитӣ ва регсанг дар канораҳои сарбанди НБО-и Норак муайян карда шуд, арзёбии микдории нишондиҳандаҳо аз дивергенсияи деворҳои турбинаи НБО-и Роғун, тавсияҳо дода шуд. Маълумот ва хулосаҳои илмӣ барои ҷойгир кардани агрегатҳои асосии НБО таҳия ва ба роҳбарияти НБО-и Рогун пешниҳод карда шуданд. 

Ноҳинҷориҳое дар тағйирёбии як қатор параметрҳои физикӣ-кимиёвӣ дар конҳои обҳои маъдании ҳароратии зеризаминӣ, тағйироти даврии пайваста бо гармоникаи моҳонаи мавҷҳои Моҳ алоқаманд ва вайроншавии даврии пеш аз заминларзаҳои сахт ошкор карда шуданд. Хусусиятҳои тақсимоти минтақаии майдони изосейсмикӣ барои заминҷунбӣ бо фокусҳо дар минтақаҳои гуногуни шикаста ошкор карда шуданд.

Ҷузъҳои раванди хазиш ва фосилаи солонаи он, ки бо тағйироти фишори атмосфера алоқаманд мебошад, муайян карда шудаанд. Таъсири зерларзаҳо ба сохтор ва хосиятҳои физикию кимиёвии намунаҳои металл дар марҳилаи тағйири ҳолати модда аз моеъ ба сахт кашф шуд -  то 10—30 дарсад дар сахтӣ,  микромустаҳкамй, гузаронидани электри сатҳӣ, махсусиятҳои термофизикй, инчунин тағйир ёфтани сохторҳои кристалӣ ошкор карда шуд. Як қатор моделҳои равандҳои сейсмотектоникӣ – ивазшавии сейсмикии қишри замин ва мантия, модели қабати ошӯбҳои заминларза, зуҳуроти мозаикии аномалияҳои тектономагнитӣ ва ғайра низ дақиқ карда шуданд. 

Натиҷаҳои ин корҳои геофизикии сейсмикй дар амал татбиқ шуданд. Мушоҳидаҳои тӯлонимуддат тағйири шакл бо диққати зиёд дар мавзеи сарбанди НБО-и Норак анҷом шуд ва натиҷаҳои ин мушоҳидаҳо барои назорати ҳолати техникии сарбанд ба Маъмурияти НБО-и Роғун супурда шуд.

Дар минтақаи сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун мушоҳидаҳои деформатсияи дақиқи баланд гузаронида шуданд. Барои муайян кардани дарачаи афзоиши шиддати сейсмикй дар қитъаи сохтмони сарбанди НБО-и Сангтӯда-1 корҳо роҳандозӣ шуданд. 

Корҳои табақабандии сейсмикии шаҳри Роғун ба анҷом расонда шуданд ва дар ҷараёни он минтақаҳо бо шароитҳои гуногуни ларзаӣ муайян карда шуданд. Натичаҳо барои тарҳрезӣ ва ободонии шаҳр ба ихтиёри Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуданд.

Дар соли 2011 корҳои лоиҳаи байналмилалии Барномаи Рушди СММ- DIPECНO V (№ 00059492) «Дохил намудани биноҳои дорои аҳамияти афзалиятноки иҷтимоии шаҳри Душанбе” ба таҳлили осебпазирии сейсмикӣ (мактабҳои миёна, муассисаҳои томактабӣ, беморхонаҳо, дармонгоҳҳо)», арзёбии тобоварии ин биноҳо ва иншоот ба зилзилаанҷом дода шуданд.

Натиҷаҳои кор дар ин лоиҳа барои банақшагирӣ ва анҷом додани тадбирҳо оид ба паст кардани хатари сейсмикӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба ҳукумати шаҳри Душанбе ва ҳукуматҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе супурда шуданд.

 Корҳо дар доираи Лоиҳаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салиби Сурхи Олмон оид ба коҳиш додани хатари экологӣ дар ҳудуди адирҳои шаҳри Душанбе «Коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар шаҳри Душанбе» ба анҷом расонида шуданд, ки дар рафти он семинарҳои омӯзишӣ оид ба коҳиши хатари офати табиӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд.

Корҳо дар доираи лоиҳаи озмоишии ЮНЕСКО «Арзёбии осебпазирии биноҳои мероси фарҳангӣ ба заминларза дар Тоҷикистон” № 7290113386 (Лоиҳаи «Арзёбии осебпазирии сейсмикии биноҳои мероси фарҳангӣ дар Тоҷикистон») анҷом дода шуд, ки дар рафти он тадқиқоти ҳолати муҳандисию техникии 21 бино дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Натиҷаҳо ба намояндагии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуданд (2015). 

Бо забони руси: муфассалтар...

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту