preloader

интизор шавед...

Рихтер ва ҷадвали Рихтер. Бахши охир

  • 06-апр-2024
  • 108 дидани саҳифа

Ҷадвали Рихтер барои чен кардани қувваи  «ML» ё «ML» меномиданд. Рихтер барои арзёбии қувваи зилзила дар маркази он логарифми даҳии ҷойивазкунии A (дар микрометрҳо)-и сӯзани сейсмографи стандартии Вуд-Андерсонро пешниҳод намуд.  

Дар он f функсияи ислоҳест, ки вобаста аз масофа то маркази зилзила аз рӯи ҷадвал ҳисоб карда шудааст. Қувваи зилзила тақрибан {\displaystyle A^{3/2},}  мутаносиб аст, яъне афзоиши бузургии 1,0 ба афзоиши амплитудаи ларзиш 10 маротиба ва афзоиши энергия тақрибан 32 маротиба мувофиқат мекунад.

Аммо ин ҷадвал якчанд нуқсонҳои назаррас дошт:

Рихтер барои мувофиқ кардани ҷадвали худ, заминҷунбии хурд ва миёна дар ҷануби Калифорнияро истифода бурд, ки бо умқи сарчашмаашон ночиз аст.

Бо сабаби маҳдуд будани таҷҳизоти истифодашуда, ҷадвали Рихтер тақрибан 6,8 маҳдуд буд.

Усули пешниҳодшудаи андозагирӣ танҳо мавҷҳои рӯизаминиро ба назар мегирифт, дар ҳоле ки ҳангоми зилзилаҳои амиқ ё умқӣ як қисми муҳими қувва дар шакли мавҷҳои ҳаҷмӣ ҷудо мешавад.

Дар тӯли якчанд даҳсолаи оянда ҷадвали Рихтер такмил ва бо мушоҳидаҳои нав мутобиқ карда шуд. Ҳоло якчанд ҷадвали дигар мавҷуданд, ки муҳимтаринашон инҳоянд: Магнитудаи мавҷҳои ҳаҷмӣ ва Магнитудаи мавҷи рӯизаминӣ. Бо вуҷуди ин, аксари васоити ахбори омма то ҳол онҳоро ҳамчун арзишҳои "Рихтер" ном мебаранд. Ҳама миқёси зикршуда хусусияти логарифмии аслро нигоҳ медоранд ва тақрибан қиматҳои ададии муқоисашаванда доранд


Таҳияи Б.Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту