preloader

интизор шавед...

Ширкат дар роҳпаймоӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

  • 30-июн-2024
  • 84 дидани саҳифа

Кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ рӯзи 25 июни соли 2024 дар роҳпаймоие, ки ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд, иштирок карданд.

 Ҳар сол дар таърихи 27-уми июн мардуми баландиқболи саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷашни ваҳдати миллиро бо хушнудӣ ва хушҳолии беандоза таҷлил мекунанд. Ин иде аст, ки садо аз хотимаи ҷанг ва башорат аз пирўзиҳои сулҳу субот медиҳад. Муқаддас, шарафманд идест, чаро ки он ҳосили ҷидду ҷаҳд ва кўшишҳои шабонарўзиҳо, натиҷаи ҷонбозиҳои самарабахши сулҳхоҳон аст, ки дар тўли чанд сол талошҳо доштанд, то мо ба ин рўзи пурфайзи оромию ободӣ расем. Зеҳни мо ҳатман чунин суол пайдо мешавад, ки кадомин неру ва чӣ гуна қувва моро ба ин рўзи биҳиштӣ ва оромию субот расонд ва бешак, посухи саволи мо чунин хоҳад буд: ВАҲДАТ!

Оре, маҳз бо лутфи илоҳӣ нерўи ваҳдат дар кишвари мо бар алайҳи ҷудоӣ имконе фароҳам овард, то рўзгори хуш боз нафаси тоза бигирад, андўҳ аз диёр по кашад, ба бўстони зиндагӣ баҳори нозанин рангорангӣ ато намояд ва ғунчаҳои ханда дар лабони мардумон гул кунанд.

Худи ҳамин аснод, ки дар ин гирудори гўшношунид қариб сад ҳазор одам кушта шуда, як миллион нафар гурезаю муҳоҷири иҷборӣ гардид, далели рўҳияи ҷангу бесарусомониҳо аст ва хомўш намудани алангаи оташи ин ҷанг коре буд хеле сангин.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониии худ ин андешаро таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекўшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».

Дар ин самт талошу шуҷоат, кўшишҳои шабонарўзии Сарвари кишвар, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин аз лавҳи хотирҳо ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳанд шуд. Қудрате, ки Худованд ба ин марди шуҷоъ, меҳрубону саховатпеша ва ватандўст Сарвари кишвар эҳдо карда, нури лутфашро ба сўйи ў равона сохт, ҳайратфузуну тааҷҷуббарангез мебошад. Ин марди шариф савганд ёд карда буд, ки паноҳандагонро ба ватан бармегардонад ва сулҳро дар кишвар барқарор хоҳад намуд ва хушбахтона, ҳамин тавр шуд.

Ў дар рўзҳои аввал изҳор карда буд, ки «ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам» ва ба ин аҳдашон вафодор монданд.


Расул Каримов

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту