preloader

интизор шавед...

Замин лундаи барф

  • 10-сен-2024
  • 47 дидани саҳифа

Замин лундаи барф (анг. Snowball Earth ) – як фарзия, ки тибқи он гӯё замоне ин Замин бо барфу ях комилан пӯшида буд. Ҷонибдорони ин фарзия мегӯянд Замин ҳаддиақал як бор 650 миллион (ба ақидаи дигар 635 миллион) сол пеш ба таври комил яхпӯш шуд ва як саҳрои саропо яхро мемонд. Бино ба ақидаи ин олимон ин рӯйдод дар давраҳои криогенӣ (анг. Cryogenian‎ - даврае, ки байни 720 то 335 миллион сол пеш тӯл кашид) ва эдиакарӣ (анг. Ediacaran period – охирин давраи геологиинеопротерозой, ки аз 635 то 541 миллион сол тӯл кашид ва онро охири давраи яхбандии бузург меноманд) ва ҳатто имкон дорад давраҳои дигари геологиро низ дар бар мегирифт. Баъди анҷоми ин давраи бузурги яхбандӣ таҳаввули бисёрҳуҷайраҳо ба суръати бештар оғоз шуд.
Аммо тибқи пажӯҳишҳои дигар дар тӯли даврони неопротерозой эҳтимолан замин се ё чаҳор яхбандони қобили таваҷҷуҳро пушти  сар гузоштааст. Ва олимон аз ин даврон ба унвони “Гулула ё лундаи  барфии Замин” ёд мекунанд. 
Вале атрофи ин фарзия назарияҳои дигаре ҳам арзи вуҷуд карданд, ки баъзеҳо агар куллан ҳам рад накунанд, аммо бо овардани мисолҳои дигар қисман фарзияро зери шубҳа қарор доданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин чун зеби илм баҳс аст ва аз баҳс ҳақиқат мерӯяд, баҳсҳои илмӣ дар ин маврид имрӯз ҳам таҳти ҳимояи “Барномаи ҷаҳонии илмҳо дар бораи Замин” International Geoscience Programme) — лоиҳаи 512 «Давраи яхбандии неопротерозой» идома доранд.


Таҳияи Бобоҷон Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту