preloader

интизор шавед...

ИНҚИРОЗ, НОБУДӢ

  • 15-сен-2024
  • 73 дидани саҳифа

 ШАРҲИ ЛУҒАВӢ

Инқироз – бурида шудан, ба охир расидан, тамом шудан, аз миён рафтан, нобуд шудан (Фарҳанги забони тоҷикӣ).

Инқироз -  сарнагунӣ, вожгунӣ, инҳидом, завол, нобудӣ, инҳитот (пастравӣ), заъф, бурида шудан, аз миён рафтан (Фарҳанги форсии Амид). Аз миён рафтан, барчида шудан, сипарӣ шудан (Муъин). Аз байн рафтани комили як гуна. Аз байн рафтани комили як ё чанд хонавода аз  мавҷудоди зинда (Вожаномаи мусавваби  Фарҳангистон).

Деҳхудо: Рафтан ва даргузаштан, бурида шудан, ба охир расидани муддат. Бурида шудан ва гоҳе ба охир расидани муддат аз ин мурод бошад (Ғиёс-ул-луғот ва Онандроҷ), ба сар омадани муддат. 

   Инқироз ё нобудӣ. Ҳолате дар зистшиносӣ ва бумшиносӣ аст, ки ба поёни як навъи организми зинда гуфта мешавад. Инқироз ҳангоме падид меояд, ки вопасин узви як гуна мемирад ва он навъ дигар наметавонад зоиш дошта бошад ва ба зиндагии табиии худ идома бидиҳад. Ин ҳодиса бо гузашти замон мушаххас мешавад, зеро бовариву итминони дақиқ аз нобуд шудани як гунаи ҳайвонот ё наботот ба пайдо нашудани он гуна дар оянда вобаста мебошад. (Донишномаи озод)

Сабабҳои инқироз

Инқирозу нобудӣ маъмулан бар асари тағйироти ногаҳонӣ дар муҳити зист, ё дар натиҷаи рақобат бо дигар намудҳо ё дарандаҳо ба амал меояд. Аммо омилҳои асосӣ инҳоянд:

  • Фалокат (ба замин бархӯрдани шиҳобҳо ва сайёракҳо, фаввора задани вулқонҳо);
  • Тағйири муҳити зист;
  • Омили инсонӣ
  • Ваҳшиён;
  • Рақобат бо ҳайвонҳои дигар дар як муҳити зист;
  • Ҳайвонмурӣ (эпизоотиявӣ), ҳамлаи паразитҳо;
  • Маҳдуд шудани мавзеъ ва макони зист (масалан барои намудҳои ҷазираии ҳайвонот, ки метавонад боиси коҳиши гуногунии генетикӣ шавад)

Далелҳои гуногуне барои инқирози ҷонварон вуҷуд дорад, содатарини он инқироз ё нобудии як намуд, аз даст додани тавоноии зоиши он ва ё нотавонӣ дар рафтан ба шароити беҳтари обу ҳавост. Ҳангоме низ, ки як ҷонвар дар тӯли замони тавоноии худ барои рафтан бо дигар ҷондорон ҷиҳати ба даст овардани ғизоро аз даст  медиҳад, сабаби нобудии насли худ мешавад.

Яке аз далелҳои инқирози ҷонварон нобудии тадриҷӣ ё ногаҳонии макони зисти онҳост. Ин гуна ҳолат метавонад ба сабаби олуда шудани муҳити зиндагии ҷонварон рух диҳад ё ба иллати хурд шудани минтақаи шикори он аз сабаби ворид шудани як навъи шикорчии қавитар дар он минтақа ба вуҷуд ояд. Дар ин ҳолат он ҳайвон наметавонад ба бақо идома диҳад ва ба тадриҷ нест мешавад.

  Олудагии макони зист метавонад ба нобудии комили як гуна дар як ноҳияи сабаб шавад, ки ин раванд басуръат ё ба гузашти замон анҷом мешавад. Нобуд шудани ҷангалҳои тропикии боронӣ сабабгори аз миён рафтани макони зист барои бисёре аз ҷонвароне шуд, ки дар ин гуна шароит мезистанд ва онҳо ба шароити дигар худро натавонистанд мутобиқ созанд.

Инсон бо дахолатҳои бемавриду бавмавриди худ ба фаъолияти ҷангалҳои боронӣ суръати инқирозро миёни 1000 то 10 000 баробар андозаи маъмулии он боло бурд. Ба ҳамин тартиб возеҳ аст, ки мо дар гирудори як инқирози бузург дар таърихи Замин ҳастем.

Занбӯруғҳои Аврупои Ғарбӣ дар миқёси маҳаллӣ дар гирудори инқирози тӯдаӣ ҳастанд. Намунабардориҳои фишурда дар маҳалҳои муайян аз кишварҳои Олмон, Австрия, Ҳолланд нишон додааст, ки зарфи 40 соли охир то 50% гунаҳои ин занбӯруғҳо аз миён рафтаанд. Зоҳиран иллати аслии он олудагии ҳаво будааст.

 

(Идома дорад)

Таҳияи Бобоҷон Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту