preloader

интизор шавед...

Саранҷом, исбот шуд, ки ҳайвонҳо метавонанд заминларзаро пешбинӣ кунанд

  • 12-окт-2024
  • 86 дидани саҳифа
Дар диди аввал ин чандон назари тоза нест. Аз қаблҳо ҳам дар ин бора мегуфтанд. Яъне маълум буд, ки баъзе намуди ҳайвонот метавонад заминларзаро қабл аз вуқуъ ҳисс кунад. Вале то кунун далели боварибахши илмӣ дар ин бора вуҷуд надошт. Мушоҳидаҳо илман асоснок нашуда буданд ва дақиқан маълум набуд, ки гунаҳои мухталифи ҳайвонот ҳангоми таҳаввули ногаҳонӣ чӣ аксуламале аз худ нишон медиҳанд.  Аммо гурӯҳе аз донишмандони аврупоӣ баъди пажӯҳишу мушоҳидаҳо ин падидаро аз нигоҳи илмӣ шарҳ доданд. Барои ин онҳо чиро ба назар гирифтанд?

a) харитае, ки макони заминларза дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2016 дар маркази Италияро нишон медиҳад. Доираҳои марказашон умумие, ки одамон заминларзаро ҳисс карданд.

б) харитае, ки басо батафсил марказҳои заминларзаро, ки дар ҷараёни ин пажӯҳиш омӯхта шуданд, нишон медиҳанд, бахусус макони ҷойгиршавии молхонаҳо ва ҳамон чорвое, ки мавриди омӯзишу таҳқиқот қарор доранд. 

 в) натиҷаи амали гови дар оғил басташуда, ки ҳисгар дар гардани  вай овезон буд. 

 Рафтори ғайримуқаррарии ҳавонот, ки заминларзаро пештар аз одамон ҳисс мекунанд, кайҳо мушоҳида шуда буд. Масалан, пешбинии заминларзаи ноҳияи Хайчэни Чин дар соли 1975 танҳо замоне муяссар шуд, ки ба рафтори ғайриодии морҳо ва кӯрмушҳоро назорат карданд. Ин ҷонварон як рӯз пеш аз офат минтақаи будубоши худро басуръат тарк карданд. Ҳарчанд дар ин бора маълумотҳо аз ҳар гӯшаи олам зиёданд, вале ҳамоно барои як пажӯҳиши муътабару комилан илмӣ басанда набуд.

Таҳқиқоти нави Пажӯҳишгоҳи омӯзиши рафтори ҳайвоноти Ҷамъияти Макс Планк билохира тасдиқ намуд, ки ҳавонот қодиранд ин гуна дигаргуниҳои табииро қабл аз вақт эҳсос намоянд. 

Барои исботи ин мебоист се шароитро меомӯхтанд: ҳайвонот мебоист дақиқ замони рух додани заминларзаро муайян мекарданд, рафторашон тағйир меёфт. Мушоиҳидаҳои ҳаррӯза мебоист амалан аз мушоҳидаҳои маъмулӣ фарқ мекард. Дар бисёре аз маърӯзаҳои илмии атрофи ин масъала ин шартҳо сарфи назар шуда буданд. 

Олимон таҳти роҳбарии Мартина Викелскиба чанд ҳайвоне, ки ба заминҷунбӣ ҳассосияти хос доранд, ҳисгар дар молхонаи рустои Каприл воқеъ дар Италия насб карданд. Ба ин шумул шаш гов, панҷ гӯсфанд ва ду саг шомил буданд. Дар замони мушоҳида аз моҳи октябри соли 2016 то моҳи апрели 2017 дар ин минтақа бештар аз 18 ҳазор такони замин, ки ҳадди баланди он то 6,6 балл тибқи ҷадвали Рихтер буд, рух дод. Гурӯҳ он гунаи ҳайвонотеро интихоб кард, ки ба фаъолнокии минтақаи мавриди пажӯҳиш вокуниш нишон медод. 

Баъдан олимон рафтори ҳайвонотро омӯхтанд ва онро бо харитаи фаъолнокии сейсмологӣ муқоиса карданд. Маълум шуд, ки он тақрибан дар ҳар як-бист соат дигаргун мешавад: ҳар қадар, ки ҳайвонот ба маркази заминларза наздик бошанд, ба такони замин пештар вокуниш нишон медиҳанд. Ҳамзамон бо ин донишмандон муайян карданд, ки ҳисси заминларзаи қарибулвуқӯъ дар галаи ҳайвонот осонтар аст, назар ба як ҳайвони танҳо.

Аммо пажӯҳиш ҳоло ҳам суолҳои зиёди беҷавоб дорад. Он ки ки ҳайвонот қабл аз такони замин онро ҳисс мекунанд, ин солиёни дароз маълум буд. Ҷониби дигари масъала, ки таҳқиқи бештар мехоҳад, он аст, ки чӣ водор мекунад, ки ин ҷонварон ба заминларза қабл аз вуқӯъи он вокуниш нишон диҳанд. Донишмандон ҳоло ба ин назаранд, ки агар ин таҳқиқоташон идома кунад, дар наздиктарин фурсат ҷанбаҳои номаълуми вокуниши ҳайвонот ба заминларза ва дигар ҳодисаҳои табиӣ мушаххастар мешавад.

(Манбаъ: naked-science.ru)

 Таҳияи Бобоҷон Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту