preloader

интизор шавед...

Шарҳи баъзе истилоҳоти оташфишонӣ (вулканӣ)

  • 12-окт-2024
  • 48 дидани саҳифа

ҒУЛДАҲОНА Ё КОСАИ ОТАШАФИШОНӢ (анг. Caldera). - Падидаи оташфишонии дегмонанде аст, ки маъмулан пас аз фаввораҳои оташфишонӣ ва бар асари фурӯ рехтани  заминҳои атрофи оташфишон шакл мегирад. Ғулдаҳона ба сурати як чоҳи фурӯпошанда дар болои вулқон аст, кидаврашакл аст ва дар баъзе ҳолатҳо каме дароз шудааст ва андозаи он нисбат ба каналҳои дохили он чандин маротиба зиёдтар аст.  

Тибқи раддабандии генетикӣ косаи оташфишонӣ ду навъ мешавад: 

Таркишӣ. Омили ба вуҷуд омадани косаи оташфишонӣ таркиш аст. Ҷамъ шудан ва фаровонии газҳои таҳти фишор, ки бо инфиҷор ҳамроҳ мебошанд, даҳанаи васеъро ба вуҷуд меоранд.

Резишӣ. Косаҳои резишӣ бар асари тағйири шакли маводи гудохташуда ё холӣ шудани бахшҳои поёнӣ ва вазнин шудани бахшҳои болоӣ ва дар натиҷа резиши даҳона ба вуҷуд меоянд.

Аз аввали солҳои 1960 дар бораи фаъолиятҳои оташфишонӣ дар дигар сайёраҳои манзумаи Шамсӣ ва ҳамсафарони он гумагӯҳо расонаӣ шуданд. Дар ин замина натиҷаи чандин пажӯҳишҳои арзишманди илмӣ, ки тавассути бесарнишинҳо ва киштиҳои кайҳонӣ ба даст омада буданд, интишор ётанд. Маълум шуд, ки дар Моҳ, Миррих, Зӯҳра ва Муштарӣ низ вулқонҳо ба ҳар сурат доир мешаванд.

КАЛДЕРА - КОСАИ ОТАШФИШОНӢ. Ду истилоҳ ё вожаи ба ҳам наздике дар ин бора вуҷуд дорад, ки баъзан онҳоро ба ҳам иштибоҳ мегиранд. Яке ғулдаҳонаи оташфишонӣ аст, ки ишора рафт ва дигар косаи оташфишонӣ, ки шакли лотинии он  сaldaria – калдера мебошад. Чуноне гуфта шуд, калдера лафзи лотинӣ аст ва дар гузашта мардумони он рӯзгор ба маънои “деги пухтупаз” медонистанд. Ин калима баъдҳо дар ҳамин шакли калдера ба забони испонӣ ворид шуд ва аз он ба замони англисӣ ҳам дохил гардид.


Таҳияи Б.Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту