preloader

интизор шавед...

Ширкати кормандони Институт дар раҳпаймоӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе

  • 24-ноя-2024
  • 77 дидани саҳифа

Даҳҳо нафар кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар раҳпаймоие, ки субҳи имрӯз дар майдони Истиқлоли пойтахти кишвар баргузор шуд, ширкат карданд.

Ҳамасола 24-уми ноябр чун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад, зеро маҳз баъди Раиси Шурои Олӣ интихоб кардани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлоссияи сарнавиштсози 16-ум қатори дигар масъалаҳои муҳим Парчами давлатиро ҳам қабул намуд. Аз ҳамон рӯз, инак беш аз се даҳсола аст, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо ин рӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мешавад.

Субҳи имрӯз низ ҳазорон нафар дар майдони Истиқлоли пойтахт гирди ҳам омаданд ва сарҷамъона ин рӯзро ҷашн гиририфтанд. Ҳазорон нафар бо ҳазорон парчами андозаи хурду бузург ҳамрайъии худро ба сиёсати сулҳҷӯёна, бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карданд.  

Ногуфта намонад, ки  Парчами давлатӣ аз таърихи дур ва замонҳои гузаштаи давлатдории миллати тоҷик нишон аст. Тоҷикон аз замонҳои қадим давлатдор ва бофарҳангу соҳибтамаддун буданд, ки ин чиз дар тамоми маъхазҳои таърихӣ вуҷуд дорад. Парчамро гузаштагонамон нахуст ҳамчун нишони иттиҳоду ваҳдат ва рамзи мустақилияти хеш истифода менамуданд, ки ин гувоҳ аз доштани маданияти баланд ва хотираи таърихии бой мебошад.

Бамаврид медонем ин суханони гуҳарбори Пешвои азизи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шавем, ки фармуданд: «Парчами давлати соҳибихтиёри мо  нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад». 

Рӯзи Парчами давлатӣ ба ҳамагон мубораку хуҷаста бод! 

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту