Санги маҳтобӣ якчанд навъи минерали шпати даштии шаффофу нимшафоф (адуляр, албит, олигоклаз, ортоклаз, санидин) аст, ки аксаран нимшаффофу кабудтоб, баъзеашон мисли рангинкамон тобиш доранд.
Онҳоро шпати садафй низ меномад. Баъзе навъҳои ин санг мисли чашмҳои гурба ялт-ялт метобад. Кристаллҳояш призмашакл, сахтиаш 6 мебошад. Санги моҳтобй ҳамчун санги ороишӣ дар тайёр кардани маснуоти заргаррй (нигин, ангуштарин) истифода мешавад.
Санги маҳтобй санги хеле камёб аст. Кони навъи аълои он дар Шри –Ланка дар гнейсҳои кварсу шпати даштй ҷойгир шудаанд. Дар ИМА ин санг дар байни ҷинсҳои вулқонй-риолитҳо ва рагй-гранит-порфирҳо вомехӯрад. Санги моҳтобии Карелияро, ки минерали олигоклаз мебошад, беломорит меноманд. Он дар пегматитҳо вомехӯрад.
Дар ҷумҳурии мо санги моҳтобй дар Помири Шарқй дар мавзеи Рангкӯл ёфт шуд. Он минерали адуляр мебошад. Лонаҳои 10-12 см –и он дар пегматитҳо дучор мешаванд. Баъзе кристаллҳои дорои тобиши рангинкамон 4x2x1, 2 см андоза доранд. Геологҳои ҷумҳурй бояд ин санги ҷавоҳирии тобонро на фақат дар Помир, балки дар кӯҳистони Зарафшону Ҳисор ва Қаромазор низ ҷустуҷӯ кунанд.
Аз китоби академик Рауф Баротов “Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон”, Душанбе соли 1996.
Хонандагони азиз метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Нилуфар Иғболова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.