Бори аввал оташфишонӣ дар Ио1 соли 1979 аз ҷониби Voyager 12 кашф шуда буд. Ин суол дар мавриди омилҳои масъули ҳифзи тӯлонимуддати фаъолияти геодинамикиро дар чунин як объекти начандон бузургро ба миён овард.
Ба ин як омӯзишу пажӯҳиши нави JPL NASA равона гардид. Он ба таҳлили маълумоте асос ёфтааст, ки таҳқиқи Juno ҳангоми ду парвоз дар моҳи декабри соли 2023 ва январи соли 2024 дар наздикии Ио ҷамъоварӣ кардааст. Ин дастгоҳ ба 1500 километрии сатҳи маҳвора наздик шуд ва бо истифода аз сисмемаи назорати фаъоли киштии кайҳонии DSN андозаригӣ шуд.
Бар асоси натиҷаҳо мушаххас шуд, ки андозагириҳо як ҳолати шадиди калавиши мавҷро ба қайд гирифтанд. Давраи гардиши Ио дар атрофи Муштарӣ 42,5 соат аст, вале аз сабаби мадори эллиптикиаш дар давоми он ҷозиба тағйир меёбад.
Дар натиҷа, моҳвора давра ба давра дар самтҳои гуногун фишурда мешавад, ки боиси эҷоди таниши дохилӣ мешавад. Он боиси об шудани як қисми дохилӣ мегардад, ки онро каҷшавии мавҷҳо меноманд.
Он ҳамчун манбаи мавод барои оташфишонӣ хидмат мекунад.
Натиҷаҳои ба даст овардашуда бо назарияи мавҷудаи оташфишонии Ио, ки вуҷуди як уқёнуси магмаии камумқро дар қаъри 30-50 килиметрӣ пешниҳод мекунад, мутобиқат надорад. Ин бар асоси таъсироти мушаххасшудаи маҳвора ба майдони магнитии Муштарӣ аст, ки марбут ба мавҷуд будани сангҳо ё ҷинсҳои гудохта дар қаъри он мувофиқ аст.
Вуҷуди оташфишониҳо дар саросари сатҳи Ио ба ин натиҷарасидааст, ки уқёнуси магмаии дарназардошташуда ҷаҳонист.
Ҳамин тариқ додаҳои илмии нав боис мешавад, ки назарияи маҷудияти оташфишонӣ дар Ио мавриди таҳқиқи дигар қарор гирад ва ин бор ҳамроҳ бо неруҳои ҷазру мадд.
МАНБАЪ: catalogmineralov.ru/news
Поварақ:
- Ио – Анг. Номи яке аз радифҳои сомонаи Галилейии Муштарӣ. Наздиктарин радиф аз қамарҳҳои Галилеии Муштарӣ ба ин сайёра аст. Ио 13-уми ҷисм дар сомонаи Хуршедӣ бар пояи ҷирм ва ҳаҷм мебошад. Ин радиф аз назари андоза андаке бузургтар аз Моҳ аст. Бо 400 оташфишони фаъол фаъолтарин ҷирм аз назари геологӣ дар манзумаи Хуршедӣ ба ҳисоб меравад.
- Voyager 1 - (англ.Voyager-1) — яке аз ҷуфти зондҳои сайёравии монанд ба ҳамдигар буда, соли 1977 ИМА ба кайҳон партоб кардааст.
Лоиҳа дар мавриди наздик будани сайёраҳои азим (Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептун) гузаронида шуд. Ҳарду дастгоҳҳои кайҳонӣ имкони таҳқиқи чор сайёраҳои азим, системаи радифҳо ва фазои атрофи онҳоро дошт. Ба воситаи онҳо ҷирмҳои зиёди кайҳонӣ кашф гардида, ба Замин маълумот ва тасвирҳои зиёд фиристода шуд. Асбобҳо аз ду гурӯҳ иборат буданд. Қисми аввал барои таҳқиқи муҳити атрофи мадори ҳаракат – майдони магнитӣ, зарраҳои зарядноки энергияашон паст, нурҳои кайҳонӣ ва тавсифоти плазма истифода шуд.
Гурӯҳи дуюми асбобҳо аз фотокамераҳои фарохзовия (3°) ва фотокамера барои гирифтани тасвирҳои калон (0,4°), интерферометр барои таҳлили афканиши инфрасурхи атмосфераи сайёраҳо, спектрометри ултрабунафш, дедектори радиоафканиши магнитосфераи сайёраҳо, фотоқутбиятсанҷ барои чен намудани интенсивият ва қутбияти рӯшноӣ иборат буд.
Дастгоҳ ба Муштарӣ ва радифони он (Ио ва Каллисто) наздик шуд, аз назди Зуҳал ва радифҳои он – Титан, Рея ва Мимас гузашта, Манзумаи офтобиро тарк намуда ба фазои байниситоравӣ дохил шуд.
Таҳия ва шарҳи Б.Шафеъ