preloader

интизор шавед...

Гармоиши умумиҷаҳонӣ. Аз гузашта то имрӯз

  • 11-янв-2025
  • 37 дидани саҳифа

Соли 1988 бо ширкати Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бо мақсади ироаи маълумоти объективии  илмӣ Гурӯҳи байнидавлатии таҳлилгарони тағйири иқлим (IPCC, ГБТТИ) сохта шуд, ки зери ҳимояи СММ фаъолият мекунад. Ин созмон солҳои баъдӣ дар арёбии сабабҳои тағйири иқлим ба комёбиҳои илмӣ даст ёфт. Дар чорумин маърузаи худ ГБТТИ ба ин нукта таъкид кард, ки 90% эҳтимолияти тағйири дамои ҳаво ба тамаркузи газҳои гулхонаӣ вобаста аст, ки ба дасти инсон анҷом мешавад.

Дар панҷумин маърузаи худ овард: Муайян карда шуд, ки дар баланд шудани дамои атмосфера ва уқёнусҳои олам, тағйири умумиҷаҳонии силсилаи гидрологӣ, коҳиши миқдори барф ва ях, болоравии сатҳи миёнаи оби баҳр ва баъзе падидаҳои ғайриодии иқлимӣ инсон даст дорад...Эҳтимол меравад таъсири инсон сабаби асосии гармоише шуд, ки аз миёнаҳои асри ХХ мушоҳида мешавад”

Солҳои 2021 ва 2022 “Маърузаи шашуми арзёбии  ГБТТИ” мунташир шуд. Маърузаи вижаи “Гармоиши умумҷаҳонии 1,5 С”, ки соли 2018 расонаӣ шуд, аз ҷониби ВАО дар саросари олам васеъ шарҳ ёфт.  

Таҳлилгарон дар ин маърузаи охир низ таъкид карданд, ки натиҷаи гармои умумиҷаҳонӣ болоравии сатҳи оби баҳр, тағйири миқдорӣ ва сифатии боришот, афзудани биёбонҳо мебошад. Вусъати зичии падидаҳои ғайриодии обу ҳаво, аз ҷумла мавҷи гармӣ, хушксолӣ ва селҳо; оксидшавии уқёнусҳо; марги гунаҳои биологӣ бар асари тағйири низоми ҳароратӣ аз ҷумлаи омилҳои дигаранд. Барои инсон таҳдиди амнияти ғизоӣ ба асари таъсири манфӣ ба ҳосилнокии заминҳо (бахусус дар Осиё ва Африқо) ва аз даст рафтани ҷойҳои маскунӣ барои одамон дар натиҷаи баланд шудани сатҳи оби баҳр хеле муҳим ва таъсиргузор мебошад.

Сиёсати муқобила ба гармоиши сартосарӣ нармиш аз ҳисоби коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ ва мутобиқшавӣ ба таъсири он буд. Аксари кишварҳои олам дар айни замон аз ширкаткунандагони “Конвенсияи қолабии тағйири иқлими СММ” мебошанд. Онҳо ба ин натиҷа расиданд, ки партоби газҳои гулхонаиро бо ҳадафи маҳдуд кардани азамати гармоиш то 2,0 С коҳиш диҳанд.

Солҳои 2000-2010 партоби газҳои гулхонаи ба атмосфера 2,2% афзуд.Ин ҳам дар ҳолест, ки ин рақам дар солҳои 1970 – 2000 1,3%-ро ташкил медод.  

 Сатҳи дамои ҳаво дар давраи солҳои 1901-2012 ба ҳисоби миёна 0,89±0,20 °C афзуд. Ба эҳтимоли зиёд давраи сисолаи 1983-2012 қисмати Нимкураи Шимолӣ гармтарин дар 800 соли охир буд. Тағйири обу ҳавоӣ вобаста ба газҳои гулхонаӣ дар нимаи аввали қарни бистум ба рушди гиёҳон таъсир гузошт, ба вижа дар оғози қарни бистум хатари хушксолӣ дар миқёси ҷаҳонӣ афзоиш ёфт. 

Гармоиши шиносоишуда тавассути андозагириҳои мустақими дамои ҳаво бо доираи васеи мушоҳидаҳои аз ҷониби бисёре аз гурӯҳҳои мустақили тадқиқотӣ гузаронидашуда мувофиқат мекунад. Намунаҳое аз ин мушоҳидаҳо иборатанд аз афзоиши сатҳи оби баҳр (пайдошуда аз афзоиши ҳарорати об ҳангоми гарм шудан), об шудани пиряхҳо, афзудани гармии уқёнус, баланд шудани рутубат ва зудтар шуруъ шудани баҳор буда метавонад. 

Пойдории нисбии дамои атмосфера дар солҳои 2002-2009, ки бисёре аз расонаҳо ва бархе аз донишмандон онро “танаффус” ё “боздоштани” гармшавии ҷаҳонӣ номиданд, намунае аз чунин рӯйдоде аст.  Агарчи суръати афзоиши дамои атмосфера дар ин давра паст шуда бошад ҳам, дар уқёнус тамаркузи гармӣ дар умқи бештар аз пештар вуҷуд дошт.

 Ҳар соли давраи 1986-2013 ба ҳисоби миёнаи солҳои давраи 1961-1990 гармтар буд. То соли 2019 20 соли гармтарини таърихи мушоҳидаҳо, ки аз соли 1850 шуруъ шудааст, ба 22 соли охир тааллуқ мегирад. 

Ҳарорати ҳаво дар қисматҳои гуногуни ҷаҳон мухталиф аст. Аз соли 1979 инҷониб дамои рӯи замин назар ба уқёнусҳо ду маротиба афзуд. Дамои ҳаво бар рӯи уқёнусҳо ба далели зарфияти гармои зиёд ва сарфи энергия барои бухоршавӣ сусттар меафзояд. Нимкураи шимолӣ нисбат ба Нимкураи ҷанубӣ бо сабаби интиқоли гармии меридиалӣ дар уқёнус тезтар гарм мешавад ва фарқияти албедо1  дар минтақаҳои қутбӣ низ мусоидат мекунад. Арктика ду маротиба аз ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ гарм мешавад ва ҳарорат дар он ҷо хеле тағйирёбанда аст. Гарчанде, ки партоби газҳои гулхонаӣ дар нимкураи шимолӣ нисбат ба нимкураи ҷанубӣ хеле зиёданд, ин сабаби фарқияти гармшавӣ нест, зеро мӯҳлати ҳаёти газҳои асосии гармхонаӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки дар атмосфера самаранок омехта шаванд.

 Инерсияи гармии уқёнусҳо ва аксуламали сусти дигар унсурҳои системаи иқлим маънои онро дорад, ки садсолаҳо лозим аст, то ба мувозинат расад.

САБАБҲОИ ГАРМОИШ (ТАЪСИРОТИ БЕРУНӢ)

 

 Системаи иқлимӣ ба тағйири таъсироти иҷбории беруна (англ. external forcings) вокуниш нишон медиҳад, ки қодир аст иқлимро ба сӯи гармшавӣ ё сардшавӣ савқ диҳад. Намунаҳое аз ин таъсирот иборатанд аз: тағйир дар таркиби гази атмосфера (тағйири ғилзати (ғафсии) газҳои гулхонаӣ), тағйирот дар дурахшандагии Хуршед, фавронҳои оташнишонӣ, тағйир дар ҳаракати мадори Замин ба даври Офтоб. 

ПАРТОБИ ГАЗҲОИ ГУЛХОНАӢ

  Асари гулхонаиро соли 1824 Жозеф Фурйе2 кашф кард ва бори аввал аз нуқтаи назари миқдорӣ онро Сванте Аррениус3 соли 1896 мавриди омӯзиш қарор дод.  

Дар рӯи Замин  газҳои гулхонаии аслӣ иборатанд аз: бухори об (масъули тақрибан 36-70% асари гулхонаӣ, ба истиснои абрҳо), диоксиди карбон (CO2) (9—26 %), метан (CH4) (4—9 %) ва озон (3—7 %), нитроген (N2), оксиген (O2) ва ҳар гази дигаре, ки молекулаҳои он дорои тақсимоти қатъии симметрии потенсиали электрикӣ мебошанд, барои шуоъҳои инфрасурх шаффофанд ва барои таъсири гармхонаӣ аҳамият надоранд. 

Тақрибан нисфи тамоми газҳои гулхонаӣ, ки бар асари фаъолияти инсон партоб мешаванд, дар атмосфера боқӣ мемонад. Ҳудудан аз чор се ҳиссаи тамоми партобҳои антропогении гази карбон дар давоми 20 соли охир дар натиҷаи истихроҷ ва сӯхтани нафт, гази табиӣ ва ангишт ба вуҷуд омада, ки ҳудуде ниме аз ҳаҷми партобҳои гази карбонати антропогенӣ тавассути пӯшиши гиёҳии замин ва уқёнус ҷудо шудааст.

Бештари партобҳои боқимондаи CO2 дар натиҷаи тағирёбии ландшафт, пеш аз ҳама буридани ҷангалҳо ба вуҷуд меоянд. Мувофиқи маълумоти Гурӯҳи байнидавлатии таҳлилгарони тағйири иқлим (IPCC, ГБТТИ) то сеяки партобҳои антропогении CO2 аз бар асари ҷангалзудоӣ мебошад. Тақрибан чаҳоряки тамоми газҳои гулхонаӣ аз фаъолияти кишоварзист.

НУФУЗИ САРВАТМАНДОН

Бино ба маълумоти Oxfam4 ва Stockholm Environment Institute5   соли 2015  50% партобҳои CO2 бар дӯши 10 дарсад сарватмандони олам буд.   

 

 ПОВАРАҚ:

  1. Албедо (анг. Albedo.)- ба маънии дарсади бозтоби нур аз сатҳи як ҷисм аст. Миқдори ин камият метавонад аз сифр (торики мутлақ) то як (рушани мутлақ) тағйир пайдо кунад. Албедоро гоҳ бо дарсад ва гоҳ бо як адади ишории хурдтар аз як нишон медиҳанд)
  2. Жозеф Фурйе (фаронс. Jean-Baptiste Joseph Fourier) – риёзидон ва физикдони аҳли Фаронса. Солҳои 1768-1830 зистааст).
  3.  Сванте Аррениус (шведии Svante August Arrhenius) – физикдон, кимиёшинос ва ахтарфизикдони шведӣ. Узви пайвастаи Академияи илмҳои Шветсия (1901), узви фахрии академияҳо ва анҷуманҳои чандин кишварҳои олам. Соли 1859 зода шуда, соли 1927 дар 68-солагӣ аз олам гузаштааст.
  4. Oxfam(Оксфамноми яке аз бузургтарин созмонҳои  байналмилалии имдодрасонӣ барои решакан кардани фақр, гуруснагӣ ва беадолатӣ муташаккил аз 15 созмон дар  98 кишвар аст. Он соли 1942 дар Донишгоҳи Оксфор дар қолаби як кумитаи имдодрасонӣ барои мубориза бо қаҳтӣ аз ҷониби фаъолони иҷтимоӣ ва донишгоҳиён таъсис шуд. Аввали шуъбаи хориҷии Оксфам соли 1963 дар Конадо ташкил шуд.
  5. Stockholm Environment Institute-Муассисаи муҳити зисти Стокҳолм – як Муассисаи таҳқиқӣ ва сиёсатгузории ғайритиҷоратӣ аст, ки ки ба рушди устувор ва масъалаҳои муҳити зист тахассус дорад. Соҳиби 7 дафтари намояндагӣ дар саросари ҷаҳон аст.

(Идома дорад)

Таҳияи Бобоҷон Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Январь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту