preloader

интизор шавед...

Шумори ҷонбохтагони заминларзаи Мянма аз ҳазор нафар гузашт

  • 29-мар-2025
  • 11 дидани саҳифа

Мақомоти Мянма хабар доданд, ки дар заминларзаи ахир 1002 нафар ба ҳалокат расиданд ва 2376 нафар захмӣ шуданд. Ин заминларза дирӯз, 28-уми март рух дод ва гуфта мешуд, ки қувваи он дар марказ 7,7 балл буд. Такони замон дар Таиланд ва Чин ҳам эҳсос шуд.

Аммо ҳукуматдорони Мянма гуфтанд, ки талафоти ҷонӣ бар асари ин зилзила метавонад афзоиш ёбад.  

Тавре гуфтем, ин заминларза бо қувваи 7,7 балли ҷадвали Рихтер дар қаламрави давлати Мянма, 12 километр дуртар аз шаҳри Сагайн рух дод. Ин зилзила ба ҳадде қавӣ буд, ки такони он дар Бангладеш, Ҳинд, Лаос ва Чин ҳам эҳсос шуд.

Сокинони маҳаллӣ ба хабаргузориҳо иттилоъ доданд, ки дар бисёр ҷойҳо иртиботи мобилӣ қатъ шуд, ҳамчунин интиқоли қувваи барқ низ ба шадидтарин мушкил рӯбарӯ гашт. 

Кумитаи миллии мубориза бо офатҳои табиӣ дар минтақаҳои Сагайн, Мандалой, Магвэй, Баго дар қисмати шимолу шарқии иёлати Шан ва округи Нейпъидо ҳолати фавқулода эълон кард. 

Дар айни замон хабар дода мешавад, ки Русия ва Чин ба Мянма имдодгарон, духтурон ва таҷҳизоти махсус барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷоти зарардигарон аз заминларза эъзом кардаанд.  

Ҳукумати Таиланд ҳам дар Бангкок ҳолати фавқулода эълон намуд. Бино ба маълумоти расмӣ шумори куштаҳои ин заминларза дар пойтахти Таиланл ба 117 нафар расид ва ин теъдод ҳамоно дар ҳоли афзоиш аст.  

Мянма як аз кишварҳои ба заминларза ҳассоси олам ба ҳисоб меравад. Ин кишвар байни чор плитаи тектоникӣ қарор гирифтааст: плитаи тектоникии Ҳинд, Авруосиё, Зонд ва Бирма, ки дар вақти равандҳои фаъоли геологӣ ба ҳамдигар таъсир мерасонанд. 

Дар имтидоди соҳилҳои ғарбии ҷазираҳои Кокос, дар соҳили иёлати Рохайн ва Бангладеш як марзи ҳамгирои бисёр хамида вуҷуд дорад. Ин шикасти асосии тектоникӣ сарҳади байни плитаҳои Ҳиндустан ва Бирма мебошад.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту