preloader

интизор шавед...

Чаро алмос гаронтарин санг боқӣ мемонад?

  • 06-апр-2025
  • 62 дидани саҳифа

Алмосҳои хурди саноатӣ аз миёнаҳои солҳои 1950 баинҷониб дар озмоишгоҳҳо синтез карда мешаванд. Инчунин мумкин аст, ки кристаллҳои қиматбаҳо ба даст оранд, гарчанде ки ин хеле гарон аст. Дар даҳсолаҳои охир олимон дар бораи алмос ва пайдоиши он бисёр чизҳоро омӯхтанд ва таҷҳизоти таҷрибавиро такмил доданд, аммо технологияҳои муосир дар назди илм мушкилоти нав ба миён меоранд. Акнун муҳаққиқон ба рақобат бо табиат ворид шуда, парвариши кристаллҳои хосияташон ғайриодиро омӯхтанд.

 

ДОНИШМАНДОН АЛМОСРО МЕСӮЗОНАНД

 

Таърихи алмосҳои маснуъӣ пур аз драма аст ва то ҳол асрори зиёде дорад. Ба қарибӣ мақолаи академик Сергей Стишов дар маҷаллаи «Успехи физических наук» чоп шуд, ки ба баъзе аз ин ҳолатҳо равшанӣ меандозад. Аммо то кунун омӯзиши пурраи алмос ба анҷом нарасидааст ва илм интизори кашфиётҳои нав аст. 

Табиатшиноси асри XVIII фаронсавӣ Лавуазе басо моҳирона нишон дод, ки алмос аз чй сохта мешавад. Вай нурҳои офтобро ба кристалл дар колабе, ки пӯшида буд, равона кард ва ҳангоми сӯхтани он дар зарф танҳо оксиди карбон боқӣ монд. Маълум мешавад, ки алмос аз карбон аст.  

Алмос сахттарин маъдан дар табиат ва аз  графит нармтар аст. Ҳарду аз карбон сохта шудаанд. Чӣ тавр графитро ба алмос табдил додан мумкин аст? Физикдонҳо қобилияти гармии ҳар ду минералро андозагирӣ карда, ҳисобҳои термодинамикиро анҷом доданд ва муодилаи хатти гузаришро ба даст оварданд. То соли 1930 маълум шуд, ки синтези алмос фишор ва ҳарорати хеле баландро талаб мекунад, ки дар ин сатҳ технология дастнорас аст.

Пешравии воқеъӣ дар солҳои баъд аз чанг ба амал омад. Масъала дар се мамлакати аз ҷиҳати технологй пешқадам, Шветсия, ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар он вақт ҳанӯз кони алмоси худро надоштанд, роҳи ҳал пайдо кард. Лозим омад алмосро бо арзиши муносиб аз хариҷ ворид созанд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ин проблемаро института кристаллография бо сардории Алексей Шубников ва озмоишгоҳи фишори баланд бо сардории Леонид Верешагин ҳал карданд. Дар байни ин созмонҳо рақобати шадид авҷ гирифт. Дар ниҳояти кор Верешагин пирӯз шуд.

Чунон ки академик Стишов менависад, Верешагин якчанд гурӯҳҳо ташкил карда буд, ки ҳар кадом дар алоҳидагӣ ва мустақил фаъолият доштанд. Аммо дар ин бора танҳо худи ӯ маълумот ва тасаввуроти комил дошт. Зоҳиран камтарин нақше дар ин моҷаро ин буд, ки амрикоиҳо ҷузъиёти раванди синтезро ошкор карданд. Новобаста аз он, ки алмоси сунъӣ дар озмоишгоҳ ба даст оварда шуд, ки он вақт дар соли 1960 ба Институти физикаи фишори баланд таъсис ёфта буд.

Барои ин дастоварди илмӣ Леонид Верешагин ва ҳамкорони ӯ соҳиби унвону ҷоизаҳо шуданд. 

Ҳоло дар синтези алмос пешрафти бемисл ба мушоҳида мерасад. Шояд ҳоло олимон маълум карданд, ки дар қаъри замин ин минерал чи гуна шакл мегирад? Маълум мегардад, ки нуқтаи назари ягона дар ин бора вуҷуд надорад.

Даричаи хосеро дар озмоишгози зеризаминӣ кимберлитҳо (анг. Kimberlite) – ҷинсҳое, ки дар натиҷаи хароб шудани мавод дар қаъри замин ба вуҷуд меояд, ишғол мекунад. Маҳз онҳо сарчашмаҳои пайдоиши алмосҳои заргарианд. Кимберлитҳо ин қолибҳои карбонативу сликатианд, ки пораҳо аз мантия ба онҳо часпидаанд. 

 

 "Яке аз самтҳои таваҷҷӯҳи мо моделсозии таҷрибавии равандҳои ташаккули алмос дар табиат мебошад. Мо обҳои карбонатӣ, карбонатӣ-силикатӣ, сулфидҳо, инчунин моеъҳои системаи C-O-H-N-S-ро ба системаҳои табиӣ наздик месозем. Ин барои фаҳмидани механизми ташаккули алмос дар дохили замин кӯмак мекунад. Бори аввал ба мо муяссар шуд, ки алмосро  дар муҳити карбонатӣ ва табиат дар ҳарорат ва фишор синтез кунем ва натиҷаи онро дар маҷаллаи Nature мунташир созем,- мегӯяд олим.

Дар бораи пайдоиши алмос якчанд фарзия вуҷуд дорад. Эҳтимол меравад, ки кристаллҳо дар умқи гуногун, аз гудохтаҳо ва моеъҳои гуногун мерӯянд.

"Дар давоми даҳ соли охир маълумоти зиёд илова карда шуд. Алмосҳои хеле дар умқ ҷойдошта фаъолона омӯхта мешаванд ва баъзе моделҳо умқи пайдоишро дар то 600 километр асоснок мекунанд. Исбот шудааст, ки аз умқи 250 километр мантия он қадар коҳиш меёбад, ки дар он метавонад оҳани металлӣ вуҷуд дошта бошад. Чун ҷинсҳои оксидшудаи қаъри замин, аз ҷумла оксидшуда бо карбонатҳо ба мантия ворид мешавад, онҳо қудрати бо ҷинсҳои оҳанӣ муқобила кардан доранд. Дар соли 2013 мо чунин равандро шабеҳсозӣ кардем ва корхонае аз алмосҳои гуногун ба даст овардем. "Механизми эҳтимолӣ дар мақолаи мо дар PNAS навишта шудааст”,- хулоса мекунад Юрий Палянов.  

 

Манбаъ: Сомонаи Институти геология ва минералогияи  ба номи В.С.Соболев.

 

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту