8-уми апрели соли ҷорӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар доираи даҳаи муаррифии илми академии тоҷик Конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявии олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)”, Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор (солҳои 2018-2028)”, “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (солҳои 2025-2030)”, “Соли байналмилалии ҳифзипиряхҳо (соли 2025)” ва 700-солагии бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ (соли 2025) баргузор гардид.
Конфронсро директори Институт, номзади илмҳои геология ва минералогия Носир Сафарализода ифтитоҳ карда, иштирокдоронро бо оғози кори ҳамоиш табрик намуд ва баҳри эшон дар ҷодаи илм комгориҳоро таманно намуд.

Дар рӯзномаи кории ин ҳамоиши илмӣ аз ҷониби кормандони илмии Институт зиёда аз 25 маърузаи илмӣ пешниҳод ва шунида шуд. Аз ҷониби кормандони илмӣ маърузаҳое ироа гардид, ки фарогири ҳама ҷабҳаҳои илмии фаъолияти Институт буданд. Аз он ҷумла маърузаҳои н.и.т. Пӯлод Аминзода дар мавзуи “Саҳми Институт дар устувории ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар” ҷолиби диққат буд ва перомуни ҳамкориҳои байналхалқии Институт бо дигар Институтҳои ҳамрадифи соҳа маълумоти дақиқ ва возеҳ манзури иштирокчиён гардонида шуд.
Доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи АМИТ, мудири лабораторияи зилзилатобоварии бино ва иншоот Низомов Ҷ.Н. таҳти мавзуи “Оид ба усулҳои моделикунонии заминҷунбиҳо бо мақсади ҳисоби бевоситаи динамикии биноҳо ва иншоот” маърузаи пурмуҳтаво кард.
Мудири лабораторияи тадқиқоти комплексии сейсмологӣ ва геофизикӣ, д.и.ф.м. Каримов Ф.Ҳ. ва ходими хурди илмӣ ДавлатоваМ.З. дар мавзуи “Моделикунонии физикии эрозияи ҷинсҳоикӯҳӣ” суханронӣ карданд.
Инчунин, мудири лабораторияи тадқиқоти комплексии сейсмологӣ ва геофизикӣ, д.и.ф.м. Каримов Ф.Ҳ., ходими пешбари илмӣ Шозиёев Ш.П., н.и.ф.м., муҳандиси пешбар Олимов Ш.А. –, дар мавзуи “Таҳлили мавҷӣ оид ба тағйирёбии параметри рН-и обҳои зеризаминии термалию минералӣ дар Тоҷикистон (аз руи маълумоти пойгоҳҳои сеймогеохимиявии Хоҷаобигарм, Обигарм, Шоҳамбарӣ ва Явроз)” маъруза намуданд. Гузашта аз он, д.и.ф.-м. Каримов Ф.Ҳ. дар мавзуи “Релаксатсияи инертсионӣ ва гравитатсионии муҳити геофизикии часпакию пластикӣ” маърузаи пурмуҳтаво намуд.
Мудири лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезис, д.и.г.-м. Ғафуров Ф.Г. таҳти унвони “Карбонатитҳо-сарчашмаи муҳими маъданҳои камёфти заминӣ ва камёфтметаллӣ” маъруза намуда, дар хусуси аҳамияти карбонатитҳо ва ҷойгиршавии онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон маълумот пешкаш намуд.
Инчунин, мудири лабораторияи канданиҳои фоиданок, д.и.г.-м. Файзиев Ф.А. бо номи “Оид ба марҳилаҳои минерализатсияи конҳои нуқра ва нуқрадори Тоҷикистон”, роҳбари гурӯҳи коркарди маълумотҳои сейсмикӣ, н.и.г.-м. Ҷӯраев Р.У. дар мавзуи “Модели эҳтимолиятии пайдошавии заминҷунбиҳои сахт дар ноҳияҳои Рашт-Тоҷикобод барои коркарди чорабиниҳои коҳиши хатари сейсмикӣ”, ходими пешбари илмӣ, н.и.г.-м. Шварс А.В. дар мавзуи “Хатари ярчӣ ба каскади НОБ дар дарёи Вахш”, ходими илмии лабораторияи канданиҳои фоиданок Раҳимов Ф.А. зери номи “Истифодаи технологияҳои инноватсионии геофизикӣ ҳангоми ҷустуҷӯй ва иктишофи конҳои нафт ва гази Тоҷикистон”, ходими калони илмии лабораторияи зилзилатобоварии иншооти гидротехникӣ дар мавзуи “Полоиш тавассути сарбанди НОБ-и Норак аз рӯи натиҷаҳои мониторинг”, ходими пешбари илмии лабораторияи тадқиқоти комплексии сейсмологӣ ва геофизикӣ, Phd Муродов Д.Ҳ. дар мавзуи “Сохтори амиқи пуштакӯҳи Помир ва атрофи он аз нигоҳи геофизикӣ” маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва фарогири масоили мубрами соҳавӣ ироа гардиданд.

Дар ҷамъбасти кори Конфронс оид ба ҳар як мавзуъ баҳсу мунозираҳои илмӣ ва суолу ҷавобҳо миёни маърузачиён ва иштирокдорон сурат гирифтанд.
Маърузаҳои беҳтарин барои сарфароз ва қадрдонӣ гардонидан бо ифтихорномаву сипосномаҳои раёсати АМИТ пешниҳод карда шуданд.
 |
Ш. Ёқубов, мудири Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикии ИГСЗТС АМИТ.
|
 |
Р. Назирзода, ходими хурди илмии лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезиси ИГСЗТС АМИТ.
|