
Имрӯзҳо бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ Сафарализода Носир Саидҷалол дар самти тайёр намудани кадрҳои илмӣ иқдому кӯшишҳои зиёд шуда истодаанд.
Санаи 16-уми апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеи лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезиси Институт муҳокимаи рисолаи номзадии ходими калони илмии лаборатория Ҳоҷиев А.К. “Хусусиятҳои петрологию геохимиявӣ ва маъданнокии серияи габбро-плагиогранитоидии минтақаи Ҳисори Ҷанубӣ (Тиёншони Ҷанубӣ)” таҳти роҳбарии номзади илмҳои геология ва минералогия Мамаҷонов Ю. доир гардид. Таҳқиқоти мазкур фарогири масоили мубрам ва актуалии илми геология буда, дар асоси Барномаву Стратегияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои афзалиятноки илмӣ ва илмӣ-техникӣ таҳия гардидааст.
Натиҷаҳои илмии бадастомада имкон медиҳанд, ки пайдоишоти серияи габбро-плагиогранитии минтақаи таҳқиқшударо бо пайдоишоти шабеҳи магматикии дигар минтақаҳо муқоиса кунем.
Натиҷаҳои рисолаи илмӣ дар истеҳсолоти корҳои геологӣ-иктишофии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ истифода мешаванд.
Рисолаи мазкур дар асоси лоиҳаҳои илмии лабораторияи мазкур омода гардидааст. Ба рисола доктори илмҳои геология ва минералогия Ғафуров Ф.Г. ва сардори лабораторияи петрологияи Институти геология ва геофизикаи ба номи Х.М. Абдуллоев (Тошканд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон) номзади илмҳои геология ва минералогия Каримова Ф. тақризҳои мусбат навиштаанд.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур монографияи илмии номзади илмҳои геология ва минералогия, ходими пешбари илмии лаборатория Малахов Ф.А. “Минералогия ва шароитҳои ҳосилшавии минерализатсияи оникси мармарӣ дар қисмати Тёншони Ҷанубӣ ва минтақаҳои ҳамсарҳад” муҳокима ва барои чоп пешниҳод гардид. Монографияи мазкур аз 189 саҳифаи чопи компютерӣ иборат буда, 8 бобро дар бар мегирад. Дар он инчунин нақшаву аксҳо ҷой дода шудаанд.
Рушди босуръати саноати коркарди санг дар Тоҷикистон боиси афзун гардидани талабот ба ашёи хоми сангҳои ранга, аз ҷумла оникси мармарӣ гардид. Ин дар навбати худ, зарурати зиёд кардани захираҳои оникс ва кашф кардани манбаъҳои нави минералии ин ашёи хомро ба миён овард.
Натиҷаҳои асосии таҳқиқоти гузаронидашуда дар фароварди асари илмӣ дар 9 банд оварда шудааст.
Монографияи Натиҷаҳои асосии таҳқиқоти гузаронидашуда дар фароварди асари илмӣ дар 9 банд оварда шудааст.
Монографияи “Минералогия ва шароитҳои ҳосилшавии минерализатсияи оникси мармарӣ дар қисмати Тиёншони Ҷанубӣ ва минтақаҳои ҳамсарҳад” ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ буда, натиҷаҳои илмии он дар амалияи корҳои геологӣ-иктишофӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар кори ҷаласаи васеи лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезис олимон ва мутахассисони соҳа аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултаи геологияи ДМТ ва дигар сохторҳои соҳавӣ ширкат ва дар муҳокимарониҳо баромад намуданд.
Мо – кормандони илмии Институт ба ходими калони илмии лаборатория Ҳоҷиев А.К. барои бомуваффақият баррасӣ ва муҳокима намудани рисолаи илмиашон бурдбориву комёбиҳои назарраси илмӣ таманно дорем. Ба ходими пешбари илмӣ Малахов Ф.А. дар таҳияву навиштани асарҳои илмии баландмазмун ва фарогири масоили мубрами илми геология бурдбориҳо хоҳонем.






