preloader

интизор шавед...

Баррасӣ ва муҳокимаи масоили муҳим дар ҷаласаи шурои олимони институт

  • 25-апр-2025
  • 78 дидани саҳифа

Имрӯз дар толори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимони Институт таҳти раисии директори тозаинтихоби муассиса Сафарализода Носир баргузор гардид.

Дар рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон чанд масъалаи муҳим ва мубрам баррасӣ гардиданд. Сароғоз, аъзоёни Шуро мутобиқи рӯзномаи ҷаласа масъалаи пешниҳоди номзадии ходими калони илмии лабораторияи палеонтология ва стратиграфия Назаров Парвиз баҳри дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва риёзӣ муҳокима намуда, қарори дахлдор қабул намуданд.

Масъалаи аттестатсияи магистрон ва унвонҷӯён низ яке аз масъалаҳои ҷаласа маҳсуб ёфта, дар он муҳаққиқони ҷавон дар ҳисоботи солаи худ аз натиҷаҳои илмӣ-таҳқиқотии хеш гузориш пешниҳод намуданд.

Тасдиқи мавзуҳои рисолаҳои номзадиву доктории унвонҷуён дар рузномаи ҷаласа ворид гардида буд, ки хело баҳснок ва мавриди муҳокимаронӣ аз ҷониби аъзоёни Шуро қарор дода шуд. Месазад қайд намуд, ки ҳама мавзуҳои пешниҳодгардида фарогири масоили мубраму актуалии замони муосир ва ҷавобгуи талаботи имрӯзи соҳаи геология буданд.

Имрузҳо бо дастгириву саъюу кӯшишҳои сарвари муассиса Сафарализода Н.С. навиштани монографияҳо дар Институт аз ҷониби олимони соҳа ҷоннок гардонида шудааст. Дар ҷаласаи мазкур баррасӣ ва пешниҳоди монографияи ходими пешбари илмии лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезис Малахов Ф.А. дар мавзуи “Минералогия  ва шароитҳои ҳосилшавии минерализатсияи оникси мармарӣ дар қисмати Тиён-Шони ҷанубӣ ва минтақаҳои ҳамсарҳад” низ таҷдиди назар карда шуд.

Оид ба ҳама рузномаҳои ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту