
Ин китоби геолог ва маъданшиноси маъруфти тоҷик, академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1968), доктори илмҳои геология ва минералогия (1966), профессор (1967), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974) Рауф Баротов соли 1980 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Тавре аз номаш пайдост маъдани маълуму машҳури лаъди Бадахшон мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтааст.
Муаллиф китобро бо як сарсухани пурмуҳтаво ба чоп расондааст, ки лозим донистем онро ин ҷо биёварем.
САРСУХАН
Хонандагони азиз, ба Шумо маълум аст, ки зиёда аз 90 фоизи сарзамини мо-Тоҷикистонро кўҳҳо ишғол мекунанд, ки баландии онҳо аз 300 то 7450 метр мерасад. Қаторкўҳои кишвари тоҷикон дар Иттифоқи Советӣ аз кўҳҳои балантарин ба шумор мераванд.
Тоҷикистон дар хусуси пайдоиши кўҳҳо, сохту таркиби ҷинсҳои кўҳӣ ва гуногунии сарватҳои зеризаминаш аҷаб кишвари нотакрору нодирест.
Халқи тоҷик ҳанўз дар замонҳои қадим ба кўҳҳои осмонбўсу водиҳои зархези кишвараш бо умед ва орзуҳои нек менигарист. Бозъёфтҳои археологӣ далели онанд, ки ниёгони мо ҳанўз дар асри биринҷӣ дар Қорамазору кўҳистони Зарафшон, Ҳисору Помир барин мавзеъҳои ин сарзамин бо коркарди маъдан машғул будаанд. Конканони қадим мису тилло, сурбу нуқра, симобу оҳан ва аз сангҳои қиматбаҳо лаъл, лаҷвард фирўзаву мармарро аз конҳо дастӣ меканданд.
Номи маҳалҳои Тоҷикистон, ба монанди Кондара, Конинуқра, Конимансур, Кўҳи Лаъл ва монанди инҳо акси садоест, аз корномаҳои конковони замони куҳан. Дар асрҳои XI-XII истеҳсоли маъдан дар кишварамон хеле ривоҷ ёфта будааст. Ҳануз дар асри XI алломаи бузурги Шарқ Абуалӣ Сино нахустин бор дар ҷаҳон ҷисмҳои минералиро ба гурўҳҳо тақсим карда буд.

Қомуснигори машҳур Абурайҳони Берунӣ дар “Китоб-ул-ҷамоҳир фи маърифат-ул-ҷавоҳир” (Китоб дар боби шинохтани ҷавоҳирот), ки соли 1048 таълиф шудааст, масъалаҳои омўхтан ва тадқиқ кардани сарватҳои зеризаминӣ, пайдоиши минералҳо ва тавсифи сангҳои қиматбаҳоро мавриди баҳс қарор медиҳад.
Берунӣ дар ин асараш сарватҳои зеризамини Осиёи Миёна, аз ҷумла конҳои тилло Қаротегину Шуғнон, лаъли Бадахшон, симобу нуқраи Зарафшон, нефти водии Фарғона ва ғайраро муфассал шаҳр додааст.
Маорифпарвари бузурги халқи тоҷик Аҳмади Дониш дар “Наводир-ул-вақоеъ” менависад: “Бадахшон мулкест, ки манзари назари офтоби рахшон аст ва дар он чаҳор маъдан аст: тилло, лоҷвард, лаъл, ёқут”.
Ҳамаи ин далелҳо гувоҳи онанд, ки сарватҳои зеризамини тоҷикон дар гузашта ҳам шўҳрат пайдо карда будааст.
Татқиқотҳои аввалини дар бобати ба таври илмӣ омўхтани табиат ва сарватҳои зеризамини Тоҷикистон бо номи олимони рус Ф.Богославский, П.П.Семёнов-Тяншанский,А.П. Федченко, И.В.Мушкетов,Г.Д.Романовский, Д.В.Наливкин ва дигарон, ки дар асри XIX гузарондаанд, вобаста аст.
Ба таври мумтазам омўхтани сохти геологӣ ва ганҷинаҳои Тоҷикистон танҳо баъди ғалабаи Револютияи Кабири Октябр ва барқарор гардидани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон сар шуд. Аз соли 1925 сар карда аз Маскав, Ленинград ва Тошканд ба ноҳияҳои гуногуни кишвари мо якчанд экспедицияҳои геологӣ ташкил карда шуданд. Солҳои сеюм дар худи ҷумҳурӣ идораҳои истеҳсолии геологӣ ва институтҳои тадқиқоти илмӣ таъсис ёфтанд. Соли 1948 дар Университети Давлатии Тоҷикистон шўъбаи геология ташкил гардид, ки барои ҷумҳурӣ тайёр кардани кадрҳои геологиро ба ўҳда дошт.

Дар натиҷаи корҳои пурсамари геологҳо ҳоло дар кишвар ҷоеро наметавон ёфт, ки қадами мубораки геолог нарасида бошад. Харитаҳои геологии ҷумҳурӣ масштабҳои гуногун кашида шудаанд.
Қонунияти асосии дар миқёси Тоҷикистон хобидани конҳои маъдан, иртиботи онҳо бо баъзе ҷинсҳои кўҳӣ ва структураҳои тектоникӣ муайян карда шудаанд.
То Револютсияи Октябр дар Тоҷикистон фақат ба миқдори хеле кам аз кони САНТО нефт (дар Исфара) ва аз кони Шўраб ангишт мегирифтанд. Ғайр аз ин, чанд кони намак буд, ки аҳолии маҳаллӣ аз онҳо намак мегирифтанд, аз кони Дарвоз бошад рег шуста тилло ҳосил мекарданд.
Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон саноати маъдани кўҳ ба вуҷуд омад. Ҳоло дар ктшвари мо истеҳсоли сурб (қурғошим), руҳ, волфрам,қалъаӣ, симоб, сурма, тилло, нуқра, висмут, флюорит, булўри кўҳӣ, сангҳои қиматбаҳо (лаъл, лоҷвард, фирўза, аметист), намаксанг, масолеҳи бинокорӣ ва ғайра сол то сол меафзояд. Истеҳсоли ангишт, нефть, гази табиӣ низ пешомадҳои калон пайдо карда истодааст.Чашмаҳои минералии шифобахш ва обҳои зеризамин низ ба манфиати халқу Ватан омода мебошад.
Захираҳои ашьёҳои хоми минералӣ барои дар ҷумҳурӣ буньёд кардани корхонаҳои металлургияи ранга, саноати маъдани кўҳ, саноати химия ва саноати масолеҳи бинокорӣ замина тайёр карданд.
Агарчи қисме аз сарватҳои зеризамини кишварамон имрўз омодаи истифода бошанд ҳам, қисми беши онҳо ҳоло кошифони худро интизор аст. Ҳамаи ин сарватҳои аёну ноаён боигарии мамлакатамон, моликияти ҷамъияти, боигарии мову шумоянд. Истеҳсоли онҳоро пурра дастрас гардонда, ба манфиати халқу Ватан омода карданд вазифаи шарафнок ва пурифтихори на танҳо геологҳо, балки ҳар як гражданини республикаи ҷоноҷонамон мебошад.
Барои ба даст овардани ганҷҳои зеризаминӣ дониши зиёди ҳаматарафа, меҳнати садоқатмандона, меҳру муҳаббати софи ватандўстона, қадрдонию қадршиносии самимӣ заруранд. Ба ин маънӣ Фирдавсии бузург сурудааст:
Ба ранҷ андар аст, эй хирадманд,ганҷ,
Наёбад касе ганҷ нобурда ранҷ.
Асри 20-умро ба таври ҳаққонӣ асри фатҳи Кайҳон меноманд. Инсон на танҳо фазои наздизаминиро таҳқиқ кард, балки қадами мубораки худро ба сатҳи Моҳ гузошт, бо ёрии аппаратҳои париши кайҳонӣ сайёраҳои системаи офтобро низ зина ба зина таҳқиқ карда истодааст. Вале чунин пешравиро дар бобати омўхтани қишр ва қаъри замин гуфтан мумкин нест. Мо ба таври бояду шояд табиати мантия ва ядрои Заминро, ки тақрибан 2500 км ғафсӣ дорад, намедонем. Маълум аст, ки структураи фазои атрофи Заминро назар ба сохти дохили кураи Замин бештар омўхтаем. Бо мақсади омўхтани табиати қаъри Замин олимонӣ советӣ дар нимҷазираи Кола ва Озарбойҷон қабати Заминро то ба умқи 15000 метр парма карданд. Ин пармачоҳи аз ҳама жарфтарини олам аст. Вай ба бисёр масъалаҳои илми геологияи муосир ҷавоб хоҳад дод.
Илми геология дар оянда басе проблемаҳои муҳимми илмиро бояд ҳал кунад. Яқин медонем, ки ҳалли баъзеи онҳо бар дўши шумо хоҳад афтод. Барои геолог, умуман намояндаи ин ё он соҳаи илм шудан мақсадро ҳанўз дар курсии мактаб бояд муайян кард. Барои ин аз хурдсолӣ кишвари худро дўст доред, омўзед. Кишварро дўст доштан чунин нест, ки табиати онро бо шавқу завқ ва эҳсосоти бузург тамошо кард, балки ўро ҳарисона ва кунҷковона бояд омўхт.Ба ҳар як хуҳуроти он саволомезона нигаристан лозим.
Бисьёр касон аз назди кўҳу дараҳо гузашта раванд ҳам кўҳҳои боҳашамат диққати онҳоро ба худ кашида наметавонанд. Ганҷ ҳама вақт андаруни кўҳ ниҳон нест. Шахҳое низ ҳастанд, ки дар вуҷудашон аз тилло ҳам қиматбаҳотар маъдан доранд.
Мо набояд аз назди онҳо бепарвоёна гузарем, балки ганҷро аз хоро, хокро аз гулбута фарқ кунем. Ба қадри маъдану санги қиматбаҳо расидан, онҳоро нағз шинохтан, дар айни замон, аз мо чун заргару ганҷшинос амал карданро талаб мекунад. Чашми тез, зеҳни бурро, ҳассос будан – ин аз хислатҳои умумии ҳар як геолог аст.
Кўҳу дараҳо – махзани ганҷиноҳоянд, иктидори мамлакати мо маҳз ба ихроҷи ҳамин ганҷинаҳо вобаста аст. Умед дорам, ки фардо аз байни шумоён ҳам кошифони маъруф ба камол хоҳанд расид.