Одат кардаем, ки дар ҷашну маросимҳои худ дастовезе дошта бошем. Ин ҳам мисли он аст, ки хонаи дӯст бо туҳфа меравӣ, то ба шодии ӯ шарик бошӣ. Рӯзи Истиқлол ҳам ҳамин гуна идест, ки бояд ҳар кадом ба истиқболаш дастовезе дошта бошем.
Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз аввали соли равон таҳти сарвари Директори нави он Носир Сафарализода даст ба иқдомҳои шоистаи ободонии пойгоҳҳои зилзиласанҷие зад, ки солҳо ба инҷониб аз кор монда буданд.
Як дастури Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода таконе шуд барои ин ободкориҳо.
Мо атрофи ин навгониҳо баъдтар муфассалтар мақолае хоҳем дошт.
Аммо хабари имрӯз он аст, ки дар остонаи ҷашни пуршукӯҳи Истиқлоли давлатӣ боз як пойгоҳи сейсмикӣ ба кор ва фаъолият омода шуд.
Бо супориши Президенти АМИТ пойгохи сейсмикии Лахш пурра бо таҷҳизоту воситаҳои ракамии сейсмикии муҷаҳҳаз гардонда шуд.
Ин пойгоҳ шуруъ аз солҳои ноороми ҷанги дохилӣ пурра корношоям шуда буд.




