preloader

интизор шавед...

Рӯзи поккориҳо. Шанбеи гузашта дар Институт чунин рӯзе буд

  • 05-окт-2025
  • 101 дидани саҳифа

Шанбеи гузашта чун ҳама шанбеҳои моҳу сол кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ аз сари субҳ ба коргоҳашон ҳозир шуданд.

Имрӯз онҳо ба корҳои ободониву поксозии ҳамешагии худ идома доданд.

Гурӯҳе пайи рангубору андоваи деворҳои рехтаи баъзе утоқҳои кориву роҳравҳои бино машғул шуд.

Халоҷойе, ки хеле фарсуда шуда буд, таъмир карданд ва таҷҳизоти обраву обрези нав васл карданд.

Бонувон чун шаберӯзҳои пеш ба рубучину поксозии саҳни бино, атрофи он машғул шуданд.

Азбаски тирамоҳ асту фасли хазон, дарахтон бештар бо резондани баргҳои зарди худ тана урён мекунанд. Лозим меояд пайваста оброҳаҳо, ҷӯйборҳо ва бехи дарахтону буттаҳо аз ҳар гуна бодовардаҳо тоза карда шавад.

Маъмулан фасли тирамоҳ ҳам чун баҳор ҳавои тағйирёбанда дорад. Метавонад хеле ба зудӣ боди сард вазад, ё борону барф борад.

Аз ин рӯ сари вақт тоза кардани ҷӯйборҳо аз бодовардаҳо муҳим аст.

 

Расмҳо аз ҷараёни як рӯзи дигари покиву назофат дар Институт.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту