preloader

интизор шавед...

Семинари илмӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • 05-ноя-2025
  • 142 дидани саҳифа

Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида 31-мин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ баргузор гардид.

Директори Институт Носир Сафарализода ҷамъомадагонро ба муносибати ин фархундарӯз муборак бод кард ва гуфт, ки санаи муборак аст ва як рӯзи барои миллати азизи мо сарнавиштсоз. Тоҷикистон баъди Истиқлоли давлатӣ бори аввал соҳиби Конститутсияи худ шуд Мардуми он ин ҳуҷҷати муҳимро бо номи “Бахтнома” низ ёд мекунанд, ки ишора ба эҳтирому самимияти онҳо нисбат ба Қонуни асоси кишвар мебошад.

Дар бахши дигар аз суханронии худ Носир Сафарализода ба нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатсозӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии кишвар ишора кард ва гуфт: “Натиҷаи ҳамин дастовардҳои таърихӣ-ҳуқуқист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст”.

Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар идомаи суханронии худ иброз дошт: Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул карда шудааст».

Дар идомаи нишаст А. Ҷобиров суханронӣ намуд. Вай аз таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад ва гуфт, ки аз қабул гардидани Қонуни Асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  31 сол сипарӣ гардид. Боиси фараҳмандӣ  ва хушбахтӣ аст, ки маҳз 6-уми ноябр  ҳамасола  сартосари Ҷумҳурии азизамон ин санаи бузургро бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ таҷлил менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлоли миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд дода фармуданд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».

Номбурда дар идома афзуд: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 – уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Ин тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо мусоидат мекунад. Конститутсияи кишвари мо “дастоварди бузурги миллӣ” ба ҳисоб меравад, чунки он дар давраҳои бениҳоят душвору баҳснок ва аз ҷониби тамоми мардуми Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.

Қобили қайд аст, ки дар мудати 31 – сол ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ,  ташкилоту  муассисаҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст, ки  самараи  ҳамкориҳо хеле  назаррас  ва густурда мебошанд.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки дастовардҳои бузургтарини кишвари азизамон пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори  миллӣ, таъмини рушди устувори молиявию иқтисодӣ, таҳкими бехатарии ҷомеа, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ин ҳама маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  кишварамон  Ҷаноби  Олӣ  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон  ва заҳмату кўшишҳои мардуми соҳибмаърифату фарҳангдўсти тоҷик муяссар гардидааст. 

Дар поёни ҳамоиши илмӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ширкаткунандагон дар атрофи ин санади тақдирсоз табодули афкор сурат гирифт.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Январь 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 

Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267

    Facebook
    Открыть карту