
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон ва Рӯзи Парчами миллӣ семинари илмӣ доир гардид.
Директори Институт Носир Сафарализода ҷамъомадагонро ба муносибати ин ду рӯзи барои миллат шодиовар ва ду санаи муҳим барои кишвар муборакбод кард ва гуфт, ки 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид ва дар ин Иҷлосия барои тақдири ояндаи миллати тоҷик тасмимоти бунёдиву дурандешона сурат гирифт. Дар иҷлосияи мазкур чандин масъалаҳои муҳиму зарурӣ барои таъмини сулҳу субот дар кишвар ва гузоштани пояҳои устувори давлатдориву қабули рамзҳои давлатӣ баррасӣ ва ҳаллу фасл шуданд. Яке аз масъалаҳои матраҳгардида дар ин Иҷлосия ҳамчун раиси Шӯрои олии кишвар интихоб гардидани фарзанди фарзонаи халқ ва он замон хеле ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Инак, аз он рӯзҳо 33 сол сипарӣ шуд ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикороти мондагори худ ва эътимоду боварии халқи тоҷик Ватани азизамон – Тоҷикистонро ба як кишвари ободу зебо ва хонаи умеди тамоми тоҷикон табдил доданд. Би ягон шак имрӯз таҷрибаи сулҳи мо намунаи ибрати кишварҳои дар ҳоли ҷангу хунрезиву хушунат мебошад.

Носир Сафарализода дар бахши дигари суханронии худ иброз дошт, ки бо дарназардошти хадамоти хастагинопазир ва ҷоннисориву фидокориҳои Пешвои миллат ихтисос додани рӯзе ҳамчун рӯзи Президент дар тақвими ҷашнҳои кишвари маҳбубамон амри воқеӣ ва садоқати бепоён ба хидматҳои арҷманди Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун санаи мубораку таърихӣ асрҳои аср ёд хоҳад шуд, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия намояндагони қишру гурӯҳҳои мухталиф сари тадбир омаданду арзиши миллият ва тоҷикиятро болотар аз хостаҳои дигар гузоштанд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз заминаҳои мусоидро барои давлатсозиву давлатдорӣ фароҳам овард ва Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшид.

Вай илова кард: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун сиёсатмадори сулҳпарвар ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудаанд. Пешвои миллат аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ бо пешниҳодҳои муҳим – аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи захираҳои об, истифодаи оқилонаи он ва пешгирии тағйирёбии иқлим – садо баланд карданд. То кунун зиёда аз шаш ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтааст, ки ин далели эътирофи ҷаҳонии мақому нуфузи Тоҷикистон мебошад. Бо ин васила, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари фаъол дар сиёсати байналмилалӣ ва ҷонибдори сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ табдил ёфтааст.

Дар идома Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобоҷвар ва сейсмологияи АМИТ дар бораи таърихи парчам дар кишвар ҳарф зад ва гуфт: Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи муқаддасоти асосии истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвар аст. Он 24 ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаст ва маҳз дар он рӯзҳои душвори таърихӣ, ки миллат ба ваҳдати воқеӣ ниёз дошт. Он на танҳо нишонаи давлати соҳибистиқлол, балки пайванди зинда байни гузаштаи пурифтихор ва ояндаи дурахшони мост. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» (аз 12 майи соли 2007) муқаррар шудааст, ки Парчам ҳамроҳ бо Нишон ва Суруди миллӣ - се рамзи асосии давлатро ташкил медиҳад.

Дар ин ҳамоиши илмӣ ҳамчунин муовини директори Институт Мустафо Гадоев, Шокарим Шозиёев, Субҳонқул Мавлонӣ, Нарима Оспанова, Фотеҳ Файзиев ва дигарон суханронӣ намуда аз муққадас будани Парчам ва хидматҳои мондагори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди бесобиқаи Тоҷикистони тозаистиқлол ҳарф заданд.
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат, эҳёи арзишҳои таърихӣ, забону фарҳанг, суннату одатҳои миллӣ ва густариши худшиносиву худогоҳӣ ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки миллате, ки таърих, забон ва фарҳанги худро эҳтиром мекунад, ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад. Хушбахтона имрӯз Тоҷикистон – кишвари ободу амн, воҳид ва рӯ ба тараққӣ мебошад. Ҳамаи ин дастовардҳо бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт пайваст мебошанд. Ӯ дар ҳақиқат кафили амният, бунёдгари сулҳ, меъмори ваҳдат ва поягузори рушди устувори давлат мебошад.

Баромадкунандагон ҳамчунин иброз доштанд, ки ки Рӯзи Президент, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад ва он ҳамчун рамзи эҳтирому садоқати халқ ба роҳбари худ мебошад. Он нишонаи ваҳдат, сулҳ, амният ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Мо шаҳрвандони кишвар, бояд бо ифтихор аз хидматҳои Пешвои миллат ва дар партави сиёсати хирадмандонаи ӯ барои таҳкими давлати миллӣ, рушду ободии Ватан ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳамеша беғаразона талош намоем.
Дар поёни нишаст миёни ширкаткунандагон дар масъалаҳои Парчам ва Рӯзи Президент табодули афкор сурат гирифт.