Гурӯҳе аз олимони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Файзуллоев, Д. Муродов, У. Шарифов М. Бахтиёрӣ аз 9-ум то 20-уми ноябри соли равон (2025) дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар семинари илмии “Истифодаи усулҳои геологӣ дар омӯзиши заминҷунбиҳо ва кафишҳои тектоникии фаъол” ширкат карданд.
Мақсади асосии семинар баланд бардоштани дониш ва малакаҳои иштирокчиён дар соҳаи палеосейсмология буд. Семинар барои шиносоӣ бо усулҳои муосири муайян ва таҳқиқ кардани заминларзаҳои қадима, фаҳмиши раванди ташаккули кавишҳои тектоникӣ ва муайян кардани такроршавии ҳодисаҳои сейсмикӣ равона шуда буд.
Барои гузаронидани семинари мазкур минтақаи махсус интихоб гардид, ки онҷо дидани кафидаҳои тектоникии фаъол ва ярчҳои дар натиҷаи заминҷунбӣ ба вуҷуд омада хеле хуб намуддор буданд. Минтақаи интихобшуда 290 км шарқтар аз шаҳри Алмато ҷойгир мебошад (Расми 1).

Расми 1. Ҷойгиршавии минтақаи омӯзиш
1. Мавзуъҳои асосии омӯзонидашуда
1.1. Шиносоӣ бо палеосейсмология
Моҳияти палеосейсмологӣ ва аҳамияти он дар арзёбии хатари заминларза;
Тафовут байни заминларзаҳои таърихӣ ва инструменталӣ;
Зарурати омӯзиши кафидаҳои фаъол ва нишонаҳои ҳодисаҳои қадима.
1.2. Таҳқиқот дар хандақҳо
Усулҳои кофтани уфуции хандақҳо нисбат ба кафишҳои фаъоли тектоникӣ;
Шинохтани қабатҳои ҷобаҷошуда, таҳшониҳои коллювиалоӣ ва қабатҳои лағжидашуда;
Ҳуҷҷатгузорӣ ва шарҳи геометрияи ҷобаҷошавӣ;
Таҳлилу тафсири ҳодисаҳои ба кафишҳои тектоникӣ таалуқ дошта ва ҷудо кардани давраҳои заминларза.


Расми 2. Аксҳо аз ҷараёни гузаронидани корҳо дар хандақҳо
1.3. Усулҳои таърихгузорӣ
Санагузории радиокарбонӣ (C14) аз бозмондаҳои органикӣ.
Таъсири нур ба намунаҳо (масалан, ҳангоми гирифтани намуна).
Асосҳои усули OSL – Optically stimulated luminescence
Таҳлили синну сол барои муайян кардани вақти заминларзаҳои қадима.
1.4. Ярчҳо ҳамчун нишонаи заминларзаҳои қадима
Ярчҳои сейсмогенӣ ва нишонаҳои морфологӣ;
Ҷоиз ва маҳдудиятҳои муайян кардани магнитуда бар асоси ярчҳо;
Омезиши додаҳо бо таҳлили геоморфологӣ ва ГИС.


Расми 3. Аксҳо аз рафти ҷараёни маърузаи Шоҳнавоз Файзуллоев.
1.5. Арзёбии хатари сейсмикӣ
Чи гуна додаҳои палеосейсмологӣ дар ҳисобкунии такроршавии заминларза истифода мешавад?
Тартиб додани модели даврият барои кафидаҳои тектоникӣ ё минтақаи мушаххас;
Истифодаи натиҷаҳо дар микроноҳиябандӣ ва банақшагирии инфрасохтор.
2. Малакаҳои амалии бадастовардашуда.
Хондан ва таҳлили девори хандақҳои палеосейсмологӣ;
Усулҳои гирифтани намунаҳо аз таҳшинҳои карбонатӣ барои ошкор кардани синну сол бо C14 ва OSL ва пешгирии иштибоҳҳо;
Кор бо нишонаҳои геоморфологии кафишҳои фаъоли тектоникӣ;
Барқарор кардани силсилаи ҳодисаҳои қадимаи сейсмикӣ;
Инчунин дар давоми семинар Файзуллоев Ш.А. дар мавзуи “Landslide susceptibility of Tajikistan territory” ва Муродов Д. “The relationship between the seismic activity of Tajikistan and the tectonic structures of the Pamir and Tibetan plateau” (расмҳои 3 ва 4) суханронӣ карданд.


Расми 4. Аксҳо аз рафти ҷараёни маърузаи Д. Муродов
Аксҳо олимони ҷавони ИГСЗТС АМИТ аз рафти корҳои саҳроӣ дар ҷумҳурии Қазоқистон, 2025 с.

Ходими калони илмӣ,
роҳбари гурӯҳи технологияи
геоиттилоотӣ ва зондкунии
дистансионии ИГСЗТС АМИТ
Файзуллоев Ш.А.
Ходими пешбари лабораторияи
тадқиқоти комплексии сейсмологӣ
ва геофизикӣ
Муродов Д.Х.
Ходими илмии гурӯҳи
коркарди маълумоти сейсмикӣ
Шарифов У.А.
Ходими калони илмии
лабораторияи баҳодиҳии
хатари сейсмикӣ
Бахтиёрӣ М.С.