
Субҳи имрӯз дар ҷаласаи муштараки Шурои олимон ва роҳбарони воҳидҳои зерсохтори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мӯҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар баррасӣ шуд.
Директори Институт Носир Сафарализода иброз дошт, ки дар Тоҷикистон ироаи Паёми Президенти ҶТ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” салоҳияти конститутсионии Президенти ҶТ мебошад. Мувофиқи қисми сеюми моддаи 55 Конститутсияи ҶТ Президенти ҶТ бо Паём “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баромад менамояд. Дар зербоби мазкур таърихи ташаккулёбӣ ва рушди падидаи Паёми Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо пайдоиш ва инкишофи падидаи президентӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Директори Институт Носир Сафарализода иброз дошт, ки мо ҳамасола дигар одат кардаем, ки солро бо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ҷамъбаст кунем. Паёмро тамошо мекунем, мешунавем ва як соли фаъолияти худро пеши назар меорем. Дастовардҳоро бармешумарем, камбудиҳоро ошкор мекунем, то соли оянда баҳри рафъи онҳо тадбирҳои мушаххас андешем. Ислоҳи ҳар камбудӣ ин омили пешрафти давлати мост.
Аз Паёми имсола мо донистем, ки чи пешрафтҳо доштем. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо батафсил дар бораи ҳар як комёбиву муваффақият ҳарф заданд. Шунидани комёбӣ ба кас рӯҳу илҳом мебахшад. Аз ҷумла Пешвои миллат гуфтанд, ки дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад. Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.
Ҳамзамон Президенти муҳтарам иброз доштанд, ки моро зарур аст суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 на кам аз 8 фоиз ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоем.

Дар Паёми Пешвои муаззами миллат масъалаи киҳшварзӣ низ таҳлил шуд. Гуфтанд, ки бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво соли 2025 дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд. Ҳамчунин, сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид.
Яъне кишоварзони мамлакат, хусусан, дар шароити номусоиди обу ҳавои соли ҷорӣ, аз ҷумла хокборишҳои шадид софдилона заҳмат кашида, бозори истеъмолиро бо маҳсулот таъмин карда истодаанд.
Директори Институт дар бахши дигар аз суханронии худ дар ҷаласаи муштарак гуфт, ки як бахши муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илм ва рушди он, ниёзмандиҳои кишвар ба олимони донишманд, кадрҳои баландихтисос, кушоишҳо ва таҳқиқотҳои пурарзиши илмӣ бахшида шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як бори дигар таъкид карданд, ки асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад. Мо дида истодаем, ки давлатҳои мутамаддину тараққикардаи дунё ба чӣ дастовардҳо ноил шуда истодаанд.
Имрӯз онҳо аз офтоб барқ истеҳсол мекунанд. Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон азият накашанд.
Директори Инстут ҳамчунин гуфт, ки Пешвои миллат иброз доштанд, ки соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд. Аз ҳамаи сохторҳои дахлдор даъват карданд, ки “фаъолияти илмӣ ва амалиро дар ин самт густариш дода, дастовардҳои худро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоянд”.

Тавре Пешвои миллат гуфтанд, мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад.
Дар Паём пешниҳод шуд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад.
Директори Институт Носир Сафарализода аз кулли кормандони Институт, аз донишмандон ва мутахассисони ин ниҳоди пажӯҳишӣ даъват кард, ки барои дар амал татбиқ намудани дастурҳои ироашуда дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилонаву фаъолона талош варзанд ва соли 2026 ба дастовардҳои муҳими илмӣ дар самти пажӯҳишҳо оид ба заминларза, зилзилатобоварии биноҳо ва кашфиётҳои геологӣ ноил гарданд.
Дар охир миёни ширкаткунандагон дар ҷаласа атрофи Паёми Пешви муаззами миллат табодули афкор сурат гирифт.