preloader

интизор шавед...

Эътирофи илми геологияи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ

  • 13-янв-2026
  • 170 дидани саҳифа

Дар оғози соли 2026 хушхабар расид, ки мудири озмоишгоҳи петрология ва геокимиёи Институти геологиясохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, доктори илмҳои геология ва минералогия Ғафуров Фарҳод Ғиясович ба ҳайати Шурои диссертатсионии  навтаъсиси DSc.31/2025.27.12.GM.02.01.М оид ба ҳимояи рисолаҳои доктории назди Институти ашёҳои минералии Донишгоҳи илмҳои геологии Вазорати геологияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон пазируфта шуд. Шурои мазкур 10 нафар олимони варзидаи соҳавӣ, докторони илмҳои геология ва минералогияро, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ соҳибмавқеанд, гирд овардааст.

Фарҳод Ғафуров муаллифи зиёда аз 280 мақолаи илмӣ, 2 монография, 5 китоби дарсиву 6 дастурамали таълимӣ ва зиёда аз 150 мақолаи илмӣ-оммавӣ  буда, кашшофи 2 минерали нав - файзиевит, александровит мебошад. Гузашта аз он, аз ҷониби олими маъруфф дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон  6 минерал ошкор кардаву бори нахуст дар бораи онҳо маълумоти илмӣ дода шудааст. Мавсуф барандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ аст.

Дар Паёми солонаи худ (16.12.2025 с) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳуда қайд накарданд, ки соҳаи геология ва омӯзишу ошкор намудани захираҳои гуногуни канданиҳои фоиданок яке аз самтҳои афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти кишвар ҳисобида мешавад. Ин нукта дар Стратегияву Барномаҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дарҷ гардидааст. Аз ҷумла, дар Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва баҳодиҳии металлҳои нодиру камёфт барои солҳои 2016-2026 талабот барои “...омӯзиши зуҳуроти карбонатитии Тоҷикистон...” муайян карда шудааст.

Бо талошҳо ва заҳматҳои ин олими тоҷик дар қаторкӯҳҳои Туркистону Олой (мавзеъҳои Дараи Пиёз ва Ёсумани ноҳияи Рашт) бори нахуст чанд зуҳуроти карбонатитӣ ошкор карда шудаанд, ки дорои захираҳои бойи металлҳо ва унсурҳои нодиру камёфт (стронсий, барий, тантал, ниобий, литийу бериллий ва ғ.) мебошанд.

Фарҳод Ғафуров аз ин пас  дар қабули қарорҳо оид ба додани дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илмҳои геология ва минералогия аз рӯйи ихтисосҳои ”Геология, ҷустуҷӯй ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки сахт. Металлогения ва геокимиё”,  “Минералогия. Кристаллография”, “Геодезия. Картография” иштирок ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард.  Месазад зикр намуд, ки мавсуф дар асоси қарордод барои донишҷуёни ихтисосоти геологии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов аз фанҳои “Геологияи сохторӣ ва харитакашии геологӣва “Минералогия” сабақи илм медиҳад...

Тоҷикистон кишвари кӯҳист. Аз ин рӯ, дар қаъри кӯҳҳои хамӯши мо захираҳои бойи чандин кандании фоиданок нуҳуфтааст. Баҳри омӯзиш ва кашфи онҳо имрӯз кадрҳои баландихтисоси илмии маҳаллӣ заруранд. 

Ин дастовард аз он шаҳодат медиҳад, ки кадрҳои маҳаллӣ дар арсаи байналхалқӣ қадрдонӣ мешаванд ва ин бидуни шак эътирофи илми тоҷик, дастовардҳои донишмандони кишвар  ба шумор меравад. Ба ин васила мо метавонем, ки дар тайёр намудани кадрҳои илмии маҳаллӣ заҳмати бештар ба харҷ диҳем. Илми тоҷик ба донишмандони ҷавону болаёқат ва тезфаҳму пурҷасорат ниёз дорад.  

Маврид ба таъкид аст, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устуворро соҳиб гардидааст. Ин нуфузу обрӯи Академия аст, ки имрӯзҳо як зумра олимони ин боргоҳи илму маърифат бо заҳмату талошҳои хеш дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи устуворро соҳиб гардидаанд.

Пазируфта шудани Фарҳод Ғафуров ба ҳайати Шурои диссертатсионии навтаъсиси  DSc.31/2025.27.12.GM.02.01.М аз ҳамин ҷумла буда, баёнгари он нукта аст, ки илми геологияи тоҷик барои худ дар сатҳи ҷаҳон роҳ мекушояд ва ҷойгоҳ пайдо мекунад.  

Аҳли олимони соҳаи геологияи тоҷик доктори илмҳои геология ва минералогия Ғафуров Фарҳод Ғиясовичро бо ин дастовард табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти пурсамарашон дар кори Шурои диссертатсионӣ комёбиҳо таманно доранд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Январь 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту