preloader

интизор шавед...

А.Р.Файзиев - асосгузори мактаби илмии термобарогеохимия дар Тоҷикистон

  • 15-мар-2023
  • 259 дидани саҳифа

Асосгузори мактаби илмии термобарогеохимия дар Тоҷикистон


   Сухан аз узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Файзиев Абдулҳақ Раҷабович – поягузори илми термобарогеохимия дар кишвар аст. Олиме, ки чанд даҳсола дар майдони илм гомҳои устувор мегузорад ва на фақат ин илмро дар кишвар рушд додаву ба дастовардҳо ноил шудааст, балки даҳҳо нафарро тарбия кардааст, ки онҳо имрӯз бо ифтихор худро дастпарварони мактаби илмиву инсонсози профессор Файзиев медонанд.

 

   Бояд гуфт, ки термобарогеохимия - илм дар бораи омӯзиши ҳолати физикӣ-кимиёвии муҳити минералҳосилшавӣ аст, ки аз рӯйи ҷамъшавии ҳубобчаҳои флюидӣ дар раванди сабзиши онҳо омӯхта мешавад. Ҳубобчаҳои флюидӣ, ки дар таркиби минералҳо вуҷуд доранд, маълумоти васеъ ва муфассали геокимиёвиро оид ба равандҳои магматикӣ, баъдимагматикии ҷараёни минералҳосилшавӣ, доир ба аз навҳосилшавии метаморфикӣ ва инчунин дар хусуси равандҳои диагенезиро ба мо дастрас менамоянд.

  Гузашта аз он, термобарогеохимия дар навбати худ- ин ҷамъи усулҳоест, ки ба омӯзиши параметрҳои асосии физикӣ-кимиёвии (ҳарорат, фишор, таркиби маҳлулҳои муҳит ва ғ.) равандҳои минералњосилшавии эндогенӣ машғул аст, ки дар асоси омӯзиши реликтҳои муҳити минералҳосилшавӣ дар минералҳо ба миён меояд. Ба донишмандони илми геология аён аст, ки усулҳои асосии арзёбии ҳарорат ва фишор - ин усулҳои гомогенизатсия (ҳамгунсозӣ), криометрия ва декрепитатсия ба ҳисоб мераванд.

  Имрӯз илми термобарогеохимия яке аз самтҳои тараққикардаи илми геология дар Тоҷикистон аст. Маҳз ин самти илмиро академики Академияи аврупоии илмҳои табиатшиносӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Файзиев Абдулҳақ Раҷабович нахустин шуда, дар амалияи корҳои таҳқиқотӣ дар кишвар ба роҳ монданд. Ин равияи илмӣ аз ҷониби ин шахсияти шинохтаи илми тоҷик ҳанӯз солҳои ҳафтодуми асри гузашта рӯйи кор омада буд ва дар солҳои соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон рӯ ба рушду тараққӣ ниҳодааст.

  Бояд зикр кард, ки дар ин мактаби илмӣ имрӯз даҳҳо нафар тарбият ёфтаву ба шоҳроҳҳои мухталифи илми муосири геология раҳсипар гардидаанд, ҳар яке дар пешбурду нумуъи илм ва соҳаи геология пурсамар фаъолият доранд ва дар истиқлолияти иқтисодии кишвар гомҳои устувори худро мегузоранд.

  Дар асоси пешрафти ин усули наву замонавӣ дар илми муосир ба олимони тоҷик муяссар гашта, ки ба як қатор дастоварду навовариҳои ҷолиби илмӣ ноил гарданд. Хосса, дар натиҷаи пиёда намудани ин равия ва усулҳо олимони соҳа муваффақ ба он шуданд, ки дар омӯзиши пайдоиш ва марҳилаҳои маъданҳосилшавии чандин кони кандании фоиданок ва махзану зуҳуроти онҳо маълумоту далелҳои васеъ ва дақиқ ба даст оранд.

  Омӯзиши ҳамаҷонибаи минералогӣ-геокимиёвии конҳои тилло, нуқраву полиметаллии Тоҷикистони Шимоливу Марказӣ, аметисту барити Тоҷикистони Марказӣ, зуҳуроти карбонатитии Тоҷикистони Марказиву Помири Шарқӣ, лаъли Помир,  майдонҳои маъдании Тоҷикистони Ҷанубӣ ва як зумра кону махзани канданиҳои фоиданок, маҳз тавассути истифодаи васеъи усулҳои термобарогеокимиёвӣ ба даст оварда шудаанд.

  Нахустин дастпарварони ин мактаби илмӣ дар кишвар М.М.Фозилов, Ф.Ғ.Ғафуров, Ш.С. Соҳибов, Ф.А.Малахов, И.С.Оймуҳаммадзода, М.Л.Гадоев, Ш.О. Худобахшова, Н.С.Сафаралиев, Ф.А.Файзиев, Н.Ф.Набиев, А.Ғ.Маҳмадалиев, С.А. Элназаров, А.Т. Мутавалиев, С.Б.Ятимов, Б.Н.Шарифов ва дигарон мебошанд, ки бештари онҳо имрӯз аз пешбарандагони илму соҳаи геологияи тоҷиканд. Ҳамаи онҳо бешак, нозукиҳои ин илми соҳавиро маҳз дар мактаби илмии профессор Файзиев А.Р. омӯхтаву ба камоли илмиву пажӯҳишҳои муҳим даст ёфтаанд.

  Профессор Абдулҳақ Файзиев ҳамзамон бо ташкили ин мактаби илмӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз солҳои аввали баъди соҳибистиқлолии кишвари азизамон, талош кард дар пойтахти азизамон ш.Душанбе Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Термобарогеокимиёи равандҳои эндогенӣ» баргузор шавад, ки дар кори он аз чандин кишвари ҳамсоя олимони варзидаи соҳа бо маърузаҳои илмии худ баромад намуданд.

  Ҳамаи ин дастоварду пешравиҳо ва натиҷаҳои назарраси илмии бадастовардаро ба инобат гирифта, ташкилоту ассотсиатсияҳои бонуфузи соҳавии байналхалқӣ устод Абдулҳақ Файзиевро ба раисиву аъзогии худ пазируфтанд.

  А.Р.Файзиев раиси шуъбаи тоҷикистонии Иттифоқи термобарогеохимикони ИДМ (аз соли 1992), раиси шуъбаи тоҷикистонии термобарогеохимикони Осиёву уқёнуси Ором (аз соли 1994), раиси зеркомиссия оид ба  харитакашии ҷустуҷӯии минералогии мамолики ИДМ ва як зумра ташкилоту созмонҳои байналхалқианд.

  Мавсуф узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (аз соли 1997) ва Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Соли 2016 бо дипломи АМИТ «Пурмаҳсултарин олими Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи геология» ва соли 2017 бо медали ҷашнии «200 соли Ҷамъияти минералогии Русия» сарфароз гардонида шудаанд.

  Мактаби илмии профессор Абдулҳақ Файзиев рӯз то рӯз дар ҳоли инкишоф аст. Бо назардошти пешрафти ин шохаи илми геология сафи олимони ҷавон афзудаву ҷалби муҳассилини макотиби оливу муассисоти соҳавӣ бегуфтугӯ афзуда истодааст.

  Мо умед дорем, ки бо роҳбарии бевоситаи профессор Файзиев А.Р. ин самт ва равияи илми геологияи муосир боз ҳам пеш рафтаву инкишоф меёбад ва мактаби илми термобарогеокимиё рӯ ба рушд мениҳад, дастоварду натиҷаҳои илмӣ аз ҷониби дастпарварони ин мактаб боз ҳам афзун мегардад.

 

Бо камоли эҳтиром, шогирдон!

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту