preloader

интизор шавед...

Навсозии Неругоҳи барқи обии “Норак” дар давраи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • 04-май-2026
  • 1 009 дидани саҳифа

Навсозии неругоҳи барқи обии “Норак дар давраи истиқлоли давлатииҶумҳурииТоҷикистон яке аз самтҳои асосии рушди энергетикаи кишвар гардид. Ин раванд ба якчанд марҳала ҷудо карда шудааст.

Пас аз пошхӯрии ИҶШС, Неругоҳи “Норак” ҳамоно манбаи асосии неруи барқи кишвар боқӣ монд ва қисми зиёди эҳтиёҷоти энергетикиро таъмин мекунад. Аммо гидроагрегатҳои неругоҳ, ки солҳои 80-уми асри гузашта мавриди истифода қарор дода шуда буданд, бо гузашти солҳо ва фаъолияти тулонӣ фарсуда гардиданд. Неругоҳи Норак ба таҷдиди куллӣ ниёз дошт, аз ҷумла иваз кардани гидроагрегатҳо, трансформаторҳо ва системаҳои ёрирасон. Дар ин давра масъалаи навсозӣ баррасӣ шуда, бинобар маҳдудияти молиявӣ танҳо қисман амалӣ гардид.

Омодагӣ ва оғози таҷдиди васеъ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистонбо қадамҳои устувор дар соҳаи энергетика дар нимаи дуюми солҳои 2010 оғоз гардид. ҶСК Барқи Тоҷик барномаи мукаммали барқарорсозии неругоҳро оғоз намуд. Соли 2019 лоиҳаи бузурги байналмиллали навсозӣ бо иштироки ширкати австрягии  “Андритз гидро” (ANDRITZ Hydro) оғоз гардид. Маблағгузорӣ аз ҷониби ташкилотҳои молиявии байналмиллалӣ, аз ҷумла Бонки  ҷаҳонӣ ва бонки Аврупои бозсозӣ ва рушд таъмин шуд.

Лоиҳа ба ду марҳала ҷудо гардид:

Марҳалаи 1: Азнавсозии се гидроагрегати аввал ва таҷҳизоти ёрирасон;

Марҳалаи 2: Таҷдиди шаш гидроагрегати боқимонда.

 МАРҲАЛАИ ФАЪОЛИ АЗНАВСОЗӢ (соли 2020).

Аз соли 2020 корҳои навсозӣ босуръат идома дорад. Соли 2022 аввалин гидроагрегати таҷдидшуда бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба истифода дода шуд.

Дар солҳои 2024 ва 2026 гидроагрегатҳои навбатӣ тадриҷан ба кор даромаданд.

24 - уми апрели соли 2026 гидроагрегати №7 пас аз таҷдид бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба кор дароварда шуд.

То имрӯз гидроагрегатҳои №1 ва №4 таҷдид шуда, иқтидори неругоҳ тақрибан 120 МВт афзоиш ёфтааст, ки барои иктисодиёт ва рушди босуръати саноати миллӣ мусоидат хоҳад кард Технологияҳо ва таҷҳизоти муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ  насб карда шуданд.

 ҲАДАФҲО ВА ДУРНАМО

Ба анҷом расонидани пурраи навсозӣ то соли 2032 ба нақша гирифта шудааст:

- Ҳамаи 9 гидроагрегат таҷдид мешаванд,

- Иқтидори умумӣ  аз 3000 ба 3375 МВт мерасад,

- Муҳлати истифодаи неругоҳ барои 70 - 80 соли дигар дароз мешавад.

АҲАММИЯТИ АЗНАВСОЗӢ

Азнавсозии неругоҳи барқи обии “Норак” аҳаммияти стратегӣ дошта масъалаҳои зеринро дарбар мегирад:

- таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон;

- коҳиши норасоии неруи барқ дар фасли зимистон;

- афзоиши содироти неруи барқ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ;

- таҳкими устувории иқтисодии минтақа.

Дар давраи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозии Неругоҳи барци обии «Норак» ва таъмири қисмати он ба лоиҳаи бузурги байналмиллалӣ табдил ёфт. Имрӯз ин яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои зерсохти кишвар ба шумор меравад, ки ба таҷдиди мероси энергетикии давраи шуравӣ ва табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази муҳими энергетикии минтақа равона карда шудааст.

  Облоқулов Эркин Раҳмонович,

ходими илмии озмоишгоҳи

зилзилатобоварии иншоотҳои

гидротехникии Институти геология,

сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар

ва сейсмологияи Академия миллии илмҳои Тоҷикистон.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Май 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту