preloader

интизор шавед...

Рӯзи Парчами Давлатӣ

  • 24-ноя-2023
  • 159 дидани саҳифа

Рӯзи Парчами Давлатӣ

  Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар санаи 24.11.2023 дар Институти геология, сохтмони ба заминчунбӣ тобовар ва сейсмология Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.

  Ҷаласаро муовини директор Гадоев Мустафо Лоиқович оғоз намуда оид ба таърихи пайдоиши парчам, парчамдории халқи тоҷик ва Парчами давлатӣ маърӯза намуданд. Қайд карда шуд, ки Парчами миллӣ, ливои озодию истиқлолият ҷузъе аз муқаддасоти миллӣ ифодагари ягонагию як порчагии саросарии кишвар, раҳнамои сулҳу субот мебошад. Имрӯз бо ифтихор гуфта метовонем, ки мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зери ҷилваи Парчами муқаддаси миллат бо меҳнати фидокоронаи халқамон ва баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дастовардҳои нав ба нав шарафёб мегардем. Бинобар ин ҳамаи моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди шаҳрвандию ифтихори миллӣ ба Парчами давлатӣ дар қатори дигар рамзҳои давлатӣ Нишон ва Суруди миллӣ, арҷгузорӣ бошем.

  Бояд ин амал ба қарзи шаҳрвандӣ ва номуси ватандории мо мубаддал гардад. Дар баробари ин бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ дар зери ҳимояи қонун ва давлат қарор гирифтаанд.  Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ, арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, яке аз омилҳои муҳимми худшиносӣ ба ҳисоб меравад. Рӯзи Парчам ба ҳамаи ҳамватанон муборак бошад.

  Ва дар охири ҷаласа ҳамаи иштирокчиёнро низ директори институт муҳтарам Аминзода Пулод бо рӯзи Парчами миллӣ табрик намуда ба онҳо сиҳативу сарбаландӣ ва зиндагии осудаву сарсабзро таманно кард ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҷовидонро орзу намуд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту