
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши умумии кормандон баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолу озодӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, гиромидошти дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда дар самти рушди илм ва фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро директори Институт, номзади илмҳои геология ва минералогия Носир Сафарализода оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
Дар оғози нишаст Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, ба фазои ҳвамоиш рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ бахшид.
Дар суханронии худ директори Институт дар мавзуи “Истиқлолият - пояи давлатдорӣ, сарчашмаи созандагӣ ва роҳи рушди миллӣ” таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ буда, ҳамчун омили асосии таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат менамояд.
Зикр гардид, ки маҳз дар заминаи Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботи пойдор дар мамлакат барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла иқтисод, иҷтимо, фарҳанг, маориф ва илм шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин давра барои таҳкими зерсохти илмӣ, рушди муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, омода намудани кадрҳои ҷавони илмӣ ва густариши ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд.
Директори Институт ҳамчунин таъкид намуд, ки илм дар шароити муосир яке аз омилҳои муҳимтарини рушди давлат ба ҳисоб рафта, фаъолияти муассисаҳои илмӣ бояд ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеа ва иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ, пешгирии хатарҳои табиӣ ва татбиқи дастовардҳои илмӣ дар амал равона карда шавад.

Бо дарназардошти самти фаъолияти Институт, таҳқиқоти геологӣ, омӯзиши равандҳои сейсмикӣ, арзёбии хавфҳои заминҷунбӣ ва таҳияи усулҳои муосири сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар аз ҷумлаи самтҳои муҳими фаъолияти илмӣ ба шумор мераванд. Дар ин раванд саҳми олимону муҳаққиқони Институт дар таҳкими заминаҳои илмии ҳифзи аҳолӣ ва инфрасохтор аз таъсири офатҳои табиӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар идомаи ҷамъомад котиби илмии Институт Амриддин Ҳоҷиев дар мавзуи “Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод” маърӯза намуд.
Мавсуф масъалаҳои марбут ба рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, имкониятҳои васеи истифодаи он дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илм, маориф, геология, сохтмон, саноат, иқтисод ва мудирият мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид масъалаи марбут ба эътирофи 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод-ро дастгирӣ намуда, ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи истифодаи масъулона, бехатар ва боэътимоди технологияҳои зеҳни сунъӣ равона гардидааст.
Дар ин замина, истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар рушди илм, коркарди маълумоти илмӣ, таҳлили натиҷаҳои таҳқиқот, моделсозӣ ва пешгӯии равандҳои табиӣ метавонад ба рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ мусоидат намояд. Барои муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла соҳаҳои геология ва сейсмология, истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ метавонад имкониятҳои навро дар самти коркарди маълумоти илмӣ ва баланд бардоштани самаранокии таҳқиқот фароҳам созад.
Муовини директор оид ба илм ва таълим Мустафо Лоиқзода низ дар мавзуи Истиқлоли давлатӣ суханронӣ намуда, нақши соҳибистиқлолии кишварро дар рушди соҳаи илм, таҳкими иқтидори илмӣ-тадқиқотӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос муҳим арзёбӣ кард.
Зикр гардид, ки рушди илм бидуни омода намудани кадрҳои ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандон имконнопазир аст. Аз ин рӯ, омӯзиши технологияҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, иштирок дар чорабиниҳои илмии байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимми фаъолияти кормандони соҳаи илм ба ҳисоб мераванд.

Яке аз бахшҳои муҳими ҷамъомад қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони Институт буд. Сардори шуъбаи кадрҳои Институт фармони Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро оид ба сарфароз гардонидани кормандони илмӣ бо “Ифтихорнома”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қироат намуд.
Мутобиқи фармони мазкур, Ҳоҷиев А.К. – котиби илмии Институт, Кароматуллои Юсуф – сардори шуъбаи кадрҳои Институт ва Раҳимов Ф. – ходими илмӣ барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар фаъолияти муассиса ва иштироки фаъолона дар рушди соҳаи илм бо Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Қадрдонии кормандони фаъол дар доираи чунин ҳамоишҳо нишонаи таваҷҷуҳ ба меҳнати олимону кормандони муассиса буда, барои баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, ҳавасмандӣ ва рушди минбаъдаи фаъолияти касбӣ мусоидат менамояд.
Дар идомаи нишаст ба хатмкунандагони курси омӯзиши забони англисӣ сертификатҳои хатм супорида шуданд.

Таъкид гардид, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони англисӣ, барои кормандони соҳаи илм аҳамияти махсус дорад. Донистани забони англисӣ ба олимону муҳаққиқон имкон медиҳад, ки аз захираҳои илмии байналмилалӣ васеътар истифода намуда, бо натиҷаҳои таҳқиқоти олимони кишварҳои гуногун шинос шаванд ва дар ҳамоишҳо ва чорабиниҳои илмии байналмилалӣ фаъолтар иштирок намоянд.
Дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи забондонии кормандон яке аз омилҳои муҳими рушди иқтидори касбии онҳо ва густариши ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ ба масъалаи дастгирии иҷтимоии кормандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ба 20 нафар кормандони ниёзманди Институт бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ кумакпулии яквақта ба маблағи 200 сомонӣ барои ҳар нафар расонида шуд.
Ин иқдом аз таваҷҷуҳи роҳбарияти Институт ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва дастгирии кормандон шаҳодат дода, барои таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмӣ, дастгирӣ ва ҳамбастагӣ дар муҳити меҳнатӣ мусоидат менамояд.

Дар фарҷоми ҷамъомад таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрӣ, балки заминаи асосии рушди устувори кишвар, таҳкими давлатдории миллӣ ва болоравии мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар шароити имрӯза ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, рушди илм ва маориф, тарбияи насли ҷавони донишманд ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ минбаъд бо истифода аз имкониятҳои фароҳамомада, тавассути анҷом додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ, омода намудани кадрҳои ҷавони илмӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи дастовардҳои илмӣ дар амал дар пешрафти илми миллӣ ва рушди устувори кишвар саҳми худро хоҳанд гузошт.

Ҷамъомади умумӣ бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институт дар фазои тантанавӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои истиқлолу давлатдорӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон, бо мақсади боз ҳам хубтару хотирмон баргузор гардидани ҳамоиш барои иштирокчиён хӯроки нисфирӯзӣ ташкил карда шуд. Дар идомаи он барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуда, аҳли Институт бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва барномаи ҷолиби фарҳангӣ фаро гирифта шуданд. Қисмати фарҳангии ҳамоиш ба ҳозирин рӯҳияи болида бахшида, фазои тантанавии чорабиниро боз ҳам ғанӣ гардонид. Ташкили чунин нишастҳо дар таҳкими ҳамбастагӣ, дӯстиву рафоқат ва рӯҳияи созанда дар байни кормандони Институт нақши муҳим дорад.
Амриддин ҲОҶИЕВ,
котиби илмии Институт