preloader

интизор шавед...

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!

  • 23-ноя-2026
  • 41 дидани саҳифа

Ҳамватанони гиромӣ!

Ҳамаи Шуморо бамуносибати Рӯзи Парчами давлатӣ самимона муборакбод мегӯям!

Парчам дар радифи дигар муқаддасоти милливу давлатӣ ҷойгоҳи хосу шоиста дорад. Зеро он аз даврони қадим то ба имрӯз рамзи озодиву соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ будааст.

Ниёгони бузургвори мо ҳама пирӯзиҳои худ дар мубориза ба зидди аҷнабиёнро бо Парчам истиқбол мекарданд ва бо як ҷаҳон ифтихор онро баланд мебардоштанд ва нишони ғурури милливу ҷавонмардӣ медонистанд.

Ифтихор аз он дорем, ки насли Тоҷикистони соҳибистиқлолем ва Парчами давлатии кишвари азизамонро рамзи бахту саодат болои сар дорем ва аз он сарфарозем, ки он аз ҳастии миллати соҳибтамаддун ва давлати соҳибистиқлол башорат медиҳад.   

Агар ба таърихи куҳани худ назар андозем, мебинем, ки парчамдорӣ барои миллати азизи мо реша ба умқи таърих дорад. Замоне, ки баъзе миллатҳои дар хоби гарону буданду дар ғору пуштаҳо мезистанд, тоҷикон парчамдор буданд, парчамро изату икрому шаъну шарафи худ медонистанд. Яъне мо қадимитарин миллати олам будем ва парчамамон низ ҳамин гуна таърихи қадимӣ дорад.

Дар аввали садаи бистум, ки миллат давлатдории навини худро асос мегузошт, парчам ҳамеша бо ӯ буд. Чуноне медонем, 14-уми октябри соли 1924 Тоҷикистон чун Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистӣ дар таркиби ҶШС Узбекистон бунёд шуд ва 16 октябри соли 1929 ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ табдил ёфта, ба таркиби ИҶШС дохил гардид. Лозим омад дар як давраи хеле кутоҳи таърихӣ чандин маротиба парчами мо шакл дигар кунанд. Чунончӣ, соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба ҳуруфи кириллии русӣ иваз карда шуд ва парчамро низ дигар карданд. Парчами охирини Тоҷикистон дар даврони Шуравӣ аз 20 мартисоли 1953 то 9 сентябрисоли 1991 амал мекард. Вақте Эъломияи соҳибистиқлолии кишвар ироа гардид, то қабули парчами кунунӣ Тоҷикистон парчамашро шабеҳи парчами шуравиаш, бо андак дигаргунӣ истифода мебурд.

Билохира, 24 – уми ноябрисоли 1992 аз ҷониби вакилони Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон Парчами Тоҷикисттони соҳибистиқлол қабул шуд.  Мо шоҳодони он лаҳзаҳои таърихӣ будем, лаҳзае, ки ба толори Қасри Арбоб Парчами нави Тоҷикистони соҳибистиқлолро ворид карданд. Раиси Шурои Олӣ муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ва аъзои Шурои Олӣ ин Парчами давлатиро бӯса намуда, бо он савганд ёд карданд. Ҳоло ин аввалин Парчами Тоҷикистон дар Осорхонаи Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуровмаҳфуз аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон бо мақсади эҳтиром, қадршиносӣ ва садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20 ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид””-ро ба парлумони кишвар пешниҳод намуданд.

Инак, аз он рӯзи таърихӣ то кунун дар саросари Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Эҳтироми парчам барои тоҷикистониён ба ҳаддест, ки балантарин Парчами оламро дар пойтахти худ боло кардаанд ва он ба китоби Рекордҳои Гиннес дохил шудааст.


Рӯзи Парчами давлатӣ ба ҳамагон хуҷаставу фархунда бошад.

Парчамат парафшон бод, Тоҷикистони азиз!

 

Бо эҳтиром, Носир САФАРАЛИЗОДА,

директори Институти геология, сохтмони

ба заминҷунбӣ  тобовар ва сейсмологияи АМИТ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту