
Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки дар фазои сулҳу субот ва осудагии кишвари азизамон, бо шарофати сиёсати созанда, дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои рушди илму маориф ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид ҷиҳати иштироки ҷавонон дар ҳамоишҳои байналмилалии илмӣ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Мо ин дастгириҳоро қадр намуда, минбаъд низ барои густариши ҳамкориҳои судманд бо Донишгоҳи давлатии Дубна, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва муаррифии дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саъю талош хоҳем кард.
Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо Донишгоҳи давлатии Дубнаи Федератсияи Русия, Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сафарализода Н.С. аз соли 2025 инҷониб ҳамкориҳои илмӣ ва таълимиро бо ин донишгоҳи бонуфуз ба роҳ мондааст. Дар ин муддат, бахусус робитаҳои ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳаи геологияи Донишгоҳи давлатии Дубна тадриҷан рушд ёфта, мубодилаи таҷриба ва ҳамкориҳои илмӣ мазмуну муҳтавои нав касб намудаанд. Бо дастгирии роҳбарияти муассиса ин робитаҳо боз ҳам тақвият ёфта, барои фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкории байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам гардидааст.

Аз 15 то 21 ноябри соли 2026 гурӯҳи иборат аз 5 нафар олимон ва пажуҳишгарони ҷавони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Мактаби байналмилалии илмии “Дубна” барои олимони ҷавони кишварҳои ИДМ иштирок намуданд.
1. Кароматуллои Ю. - н.и.г.м., сардори шуъбаи кадрҳо ва коргузорӣ;
2. ШодибековМ.А. - ходими калони илмӣ;
3. МаҳмудовМ.Ю. - ходими илмӣ;
4. АламовБ.А. - ходими илмӣ;
5. КаримоваН.О. - Ходими хурди илмӣ.
Мактаби байналмилалии илмӣ дар Донишгоҳи давлатии Дубна (шаҳри Дубна, Федератсияи Русия) баргузор гардида, дар он олимони ҷавон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Арманистон ва Федератсияи Русия ширкат варзиданд.

Маврид ба ёдоварист, ки иштироки фаъоли олимони ҷавони тоҷик дар чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ самараи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон ва рушди илм ба шумор меравад. Фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, такмили ихтисос ва ҳамкориҳои байналмилалӣ барои олимони ҷавон аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар доираи барнома иштирокчиён дар лексияҳои олимони сатҳи байналмилалӣ, семинарҳои илмӣ ва муҳокимаҳои интерактивӣ иштирок намуда, бо самтҳои муосири тадқиқоти илмӣ, таҷҳизоти пешрафта ва инфрасохтори илмии шаҳри Дубна шинос гардиданд. Боздид аз лабораторияҳои илмӣ аз фаъолиятҳои ҷолиб ва хотирмон ба шумор мерафт.

Бояд гуфт, ки чунин омӯзишҳо на танҳо дониши назариявиро васеъ мекунанд, балки барои рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани ҳавасмандӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии касбӣ нақши муҳим доранд. Муоширати мустақим бо олимон ва ҷавонони илмии кишварҳои гуногун таҷрибаи нодири байналмилалиро фароҳам овард.
Дар натиҷаи сафар сатҳи омодагии илмӣ ва методологии иштирокчиён баланд гардида, дониш ва таҷрибаи нав барои корбурд дар фаъолияти минбаъдаи илмии Институт ба даст оварда шуд. Ҳамзамон, заминаи воқеӣ барои рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ фароҳам омада, нуфузи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар муҳити илмии байналмилалӣ тақвият ёфт.

Иштироки фаъолонаи олимони ҷавон дар чунин ҳамоишҳо гувоҳи сиёсати пайгиронаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти дастгирии олимони ҷавон ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки кормандони ҷавони илмии мо дар Мактаби илмии ҷавонони Дубна иштирок намуда, бо дастовардҳои кунунии илмӣ, таҷрибаи муҳаққиқони пешбари байналмилалӣ ва имкониятҳои нави ҳамкориҳои илмӣ шинос гардиданд. Чунин иқдомҳо барои баланд бардоштани сатҳи касбият, рушди тавоноии илмии ҷавонон ва мустаҳкамсозии робитаҳои академӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Сафарализода Н.С.


