preloader

интизор шавед...

Пайдоиш ва рушди геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология дар Тоҷикистон. Бахши аввал

  • 22-янв-2024
  • 88 дидани саҳифа

Тоҷикистон дар минтақаи бархӯрди бузургтарин силсилакўҳҳои ҷаҳонӣ - Помир ва Тиён-Шон, пайдоишҳои гуногуни геологӣ ба ҳам пайваста, як навъ озмоишгоҳи нодири табииро барои ҳалли доираи васеи масъалаҳои амалӣ ва назариявии геология, сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар бавуҷуд меоранд, ҷойгир шудааст.

Тадқиқоти аввалин дар мавриди ба масъалаҳои геология ва сейсмология дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар асрҳои IX-X аз ҷониби олимони бузурги энсиклопедист Абуалӣ ибни Сино (Авитсенна) ва Абурайҳони Берунӣ оғоз гардида буд. Аз ҷумла, Ибни Сино аввалини ташаккулёбии минералҳоро таҳқиқ карда, дар бораи минтақаҳои сатҳи замин бо басомади гуногуни такрори заминларза, дар бораи чораҳои эҳтиётӣ аз заминҷунбиҳои шадид ишора карда, масъалаи тақсимоти заминҷунбиҳои қувваҳои гуногунро дар вақташ баррасӣ намуда, кӯшиш кардааст, ки таъсири моҳ ва Офтобро ба басомади заминҷунбӣ дар вобастагӣ бо вақти сол муайян намояд. Абурайҳони Берунӣ дар Шарқи Миёна аввалин шуда системаи   гелиосентрии (анг. Heliocentrism – назарияи хуршедмарказӣ ё ҳелиоснентризм) ҷаҳонро пешниҳод кард, координатҳои бисёр нуқтаҳои  ҷуғрофии Осиёи Миёна ва қаламрави ҳамсояро ҳисоб карда, доираи Заминро муайян кард. Вай инчунин дар бораи ба маъданҳо, сангҳои қиматбаҳо ва конҳои он замон маълумот ҷамъоварӣ карда буд.

Дар миёнаҳои асри XIX ва ибтидои асри XX ҷамъияти ҷуғрофии Россия барои гузаронидани тадқиқотҳои геологӣ ва омӯзиши заминҷунбиҳои сахт дар Тоҷикистон экспедитсияҳои илмӣ ташкил намуд. Барои дарки муосири захираҳои табиӣ ва сохтори геологии Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон замина гузошта шуд. Дар соли 1884 аввалин харитаи кишвари Туркистон аз чоп баромад.

Омӯзиши системавии геология, боигариҳои минералӣ ва шароити табиии Тоҷикистон аз солҳои бистуми асри ХХ оғоз ёфта, бо фаъолияти экспедитсияҳои комплексии Шӯравӣ-Олмон, Помир, Тоҷик ва экспедитсияи Тоҷику Помир, ки солҳои 1928-1937 бо роҳбарии А.Е. Ферсман, Д.В. Наливкин, Д.И. Шербаков, В.А. Николаев, А.П. Марковский ва Н.П. Горбунов гузаронида шуда буд, алоқаманд аст. Аввалин харитаҳои геологӣ ва харитаҳои ноҳиябандии сейсмикию сейсмотектоникӣ сохта шуданд.

Марҳилаи муҳим дар рушди тадқиқоти геологии Тоҷикистон анҷумани (съезди) Қарамазор оид ба металлҳои ранга ва нодир, ки аз 18 то 26 октябри соли 1931 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ба ҳисоб меравад. Анҷуман вазъи захираҳои металлҳои ранга ва масъалаи ташкили металлургияи рангаро дар заминаи конҳои полиметаллии Қарамазор муҳокима кард. Аз ҷониби иштирокчиёни анҷуман ин минтақа ҳамчун яке аз пойгоҳҳои асосии металлургияи рангаи Иттиҳод баҳо дода шуд. Дар ин анҷуман маърӯзаҳои геологҳои маъруф Д.И.Шербаков, Ф.И.Волфсон, А.П.Кириков, В.Г.Соловев, Г.Д.Ажгирея ва таҳиягарон И.И.Трушков, В.А.Глазковский, И.А. Шукин, В.К.Фредерикс ва дигарон шунида шуданд.

Дар моҳи марти соли 1932 дар шаҳри Сталинобод базаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС созмон дода шуда, пойгоҳи геохимиявии Хуҷанд, ки корҳои зиёдро дар омӯзиши геология ва канданиҳои фоиданоки Қарамазор гузаронида буд ба ҳайати он дохил карда шуд.

Соли 1937 дар ҳайати базаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС бахши геология ташкил карда шуд, ки ба он пойгоҳи геокимиёвии Хуҷанд дохил шуд. Бахши мазкур дорои ҳайати илмии иборат аз 7 ходими калон ва 3 ходими хурди илмӣ буд. Аз соли 1937 то соли 1940 бахши геологияро И.Е.Губин, С.А.Шафронов ва номзади илмҳои геология-минералогия С.И.Ильин роҳбарӣ намуданд.  

Дар ин солҳо бахши геологӣ барои омӯзиши геология ва канданиҳои фоиданоки пастхамиҳои (депрессия) Қарамазор, водиҳои кӯҳии Зарафшону Ҳисор ва Тоҷикистони Ҷанубӣ тадқиқотҳо гузаронд. Дар соли 1940 аз тарафи кормандони ин бахш дар Қарамазор кони полиметаллии Чалата ва дар ҳудуди қаторкӯҳи Ҳисор конҳои оҳан, сурб, руҳ ва арсен кашф карда шуда, омӯзиши сохтори геологӣ ва хусусиятҳои гидрогеологии маҳалли чашмаҳои минералии карбонатии Хоҷа-Сангхок (ҳавзаи дарёи Варзоб) гузаронида шуд, таҳшинҳои юра дар ҷануби Тоҷикистон, ки бо онҳо конҳои ангишт ва слансҳои сӯзанда алоқаманданд, мавриди тадқиқ қарор дода шуда, харитаҳои аввалини геологӣ сохта шуданд.

1-уми марти соли 1941 бахши геологияи базаи Тоҷикистонии АИ ИҶШС ба Институти геологияи Филиали Тоҷикистонии АИ ИҶШС табдил дода шуд.

Дар вақти таъсисёбии Институти геология, аввалан се бахши илмӣ геологияи умумӣ, канданиҳои фоиданоки маъданӣ, гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ созмон дода шуд. Соли 1951 дар баробари дохил шудани Институти геология ба АИ ҶШС Тоҷикистон, лабораторияҳои рентгенӣ ва спектралӣ, устохонаи суфтакунӣ ва осорхонаи геологӣ низ дар сохтори Институт барои бомуваффақият амалӣ намудани тадқиқоти илмӣ ташкил карда шуданд. Дар ин вақт, аз ҳисоби геологҳо доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор С.М.Юсупова (1910-1966) ва баъдан соли 1976 узви вобаста П.А.Панкратов (1907-1979) академик шуданд. Дар соли 1953 дар ҳайати Академия А.П.Недзветский (1902-1992) – узви пайваста, Р.Б.Баротов –- узви вобаста ва соли 1968 – узви пайваста, С.А.Захаров (1910-1987) дар соли 1963 – узви вобаста ва соли 1978 – узви пайваста, соли 1973 М.М.Кухтиков (1921-1997) ва соли 1981 М.Р.Ҷалилов – узви вобаста интихоб шуданд. Соли 1991 М.Р.Ҷалилов (1933-1994) узви пайвастаи Академия, В.И.Буданов ва Г.Х.Салибаев (1937-2000) – узви вобаста интихоб шуданд. Дар соли 1997 А.Р.Файзиев – узви вобаста интихоб гардид.

Нахустин директори Институти геология номзади илмҳои геология ва минералогия С.И.Илин буд, ки дар ин вазифа то моҳи марти соли 1944 фаъолият намуд. Дар солҳои минбаъда роҳбарии институтро инҳо ба ӯҳда доштанд: номзади илмҳои геология ва минералогия И.К.Никитин (солҳои 1944-1945), профессор Б.Л.Личков (солҳои 1945-1946), доктори илмҳои геология ва минералогия С.Ф. Машковтсев (солҳои 1947-1949), номзади илмҳои геология ва минералогия И.В.Белов (солҳои 1949-1950), академик П.А.Панкратов (солҳои 1950-1953) ва академики АИ ҶТ Р.Б.Баротов (солҳои 1953-1988), академики АИ ҶТ М.Р.Ҷалилов (солҳои 1988-1994), номзади илмҳои геология ва минералогия А.М.Бабаев (солҳои 1994-1997), узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор А.Р.Файзиев (солҳои 1997-2011).

Самтҳои асосии тадқиқоти илмии Институти геология ин  геологияи минтақавӣ ва тектоника, палеонтология (деринашиносӣ) ва стратиграфия (чинашиносӣ), магматизм ва маъданпайдошавӣ, гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, литология (сахрашиносӣ ё сангшиносӣ) ва минералогия (минералшиносӣ) буданд, ки дар доираи он тадқиқотҳо дар соҳаи неотектоника ва сейсмотектоника, палеобиология ва палинология, петрология (ё сангшиносӣ) ва металлогения, термоминералогия ва балнологияи обҳои зеризаминӣ, минералогияи маъданӣ, термобарогеохимия, таҳлили литофатсиалӣ ва фарматсионии қабатҳои таҳшинӣ ва канданиҳои фоиданоки ба онҳо алоқаманд буданд.

Изҳои пойҳои динозаврҳо дар таҳнишинҳои давраи юраи болоии ҳавзаи дарёи Ширкент (ҲиссориҶанубӣ)

Аммонитҳо ва моллюскаҳои дутабақаи лояи қарақуз (бури поёнӣ), Тахти-Сулаймон, (қаторкӯҳи Ҳисор)

 Палеонтологҳо ва стратиграфҳои Институт (М.Р.Ҷалилов, Г.Х.Солибоев, В.Л.Лелешус, В.М.Рейман, Ф.Х.Ҳакимов, В.И.Дронов, Г.К.Мелникова, В.Д.Салтовская, М.3.Пулатова, А.А.Ашуров, Э.В.Бойко, Э.В.Голтман, В.Н.Овчаренко, А.А.Собиров, Н.К.Оспанова, И.А.Бардашев, Н.П.Бардашева, А.Б.Маҳкамов, Г.Н.Менакова ва дигарон) маълумотҳои навро дар бораи ба морфология, систематика, филогения, палеоэкология, палеобиогеография ва аҳамияти стратиграфии гурӯҳҳои гуногуни ҳайвоноти қадимаи Тоҷикистон ба даст оварда, ҷамъбаст намуданд. Дар таҳшониҳои фанерозой зиёда аз 8000 таксонҳои дараҷаҳои гуногун муайян карда шуданд, ки дар байни онҳо тақрибан 600 намуд, насл ва оилаҳои нав тавсиф карда шудаанд. Қонунияти ошкоршудаи паҳншавии амудии боқимондаҳои омӯхташуда имкон дод, ки схемаҳои нави минтақавӣ ва маҳаллии стратиграфӣ таҳия карда шуда, мутобиқатии таҳшинҳои синну соли гуногундоштаи фанерозой бо таҳшинҳои дигар минтақаҳои кураи замин гузаронида шаванд. Ноҳиябандии биогеографии ҳавзаи мезозойи Тоҷикистон гузаронида шуда, маконҳои сершумори осори ҳаёти давраи қадим, аз ҷумла нишонаҳои беназири динозаврҳо тавсиф карда шуданд, «Луғати стратиграфии фанерозойи Тоҷикистон (бе Помир)» (2012) бо тавсифи 1018 воҳиди стратиграфӣ, «Луғатҳои стратиграфии Помир" (2006 ва 2013) бо тавсифи 649 ва 669 воҳидҳои стратиграфӣ тартиб дода шуданд. Дар асоси натиҷаи таҳқиқотҳои палеонтологӣ ва стратиграфӣ, нашрияи бисёрҷилдаи «Атласи ҳайвонот ва набототи боқимондаи Тоҷикистон» ва  «Атласи сутунмӯҳрадорҳои триаси Помир» аз чоп баромад. То ин вақт, палеонтологҳо ва стратиграфҳои институт тақрибан 2300 асари илмӣ, аз ҷумла зиёда аз 30 монографияи калон нашр карданд.

 

П. АМИНЗОДА Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, номзади илмҳои техникӣ П. Аминзода

М.Л. ГАДОЕВ, муовини директор оид ба илм ва таълим,

номзади илмҳои геология ва минералогия  

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту