preloader

интизор шавед...

Ёде аз Сатпаев Каниш Имантаевич – донишманди маъруфи илми геология

  • 26-апр-2023
  • 262 дидани саҳифа


  11-уми апрели соли ҷорӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология АМИТ бахшида ба рӯзи мавлуди Сатпаев Каниш Имантаевич маросими гулгузорӣ ба пояи лавҳаи ёдгории мавсуф, ки дар пештоқи бинои Институт насб гардидааст, доир гардид.

  Дар чорабинии мазкур, ки бо иштироки васеъи кормандони институт сурат гирифт сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Валихан Амирханули Туреханов, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Исроиловна Қоҳирова ва директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология АМИТ Пӯлод Аминзода суханронӣ намуда, аз саҳми бузурги ин олими нотакрори соҳа ва хидматҳову кӯшишҳои  ӯ ёдрас шуданд.

  Каниш Имантиевич  Сатпаев яке аз мутахассисони барҷастаи соҳаи геологияи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб ёфта, дар пешбурду нумуи ин соҳаи муҳими иқтисодиёт заҳматҳои назаррасу шоиста ба сомон расонидаааст. Бо иштироки бевоситаи ин шахсияти бузурги соҳаи геология ҳанӯз солҳое, ки Иттиҳоди Шӯравии қудратманд барпо буд, кашфи чандин кони кандании фоиданок, ки баҳри тараққии саноати металлургӣ ва мудофиавӣ зарур ва муфид буд, ба роҳ монда шуд.  Ҳанӯз соли 1930 ба К.И. Сатпаев муяссар шуд, ки кони маъдани мисдори Ҷезказган (Қазоқистон)-ро мавриди омӯзиш қарор дода, захираи комили онро муайян намояд, ки аз лиҳози захира дар миқёси ҷаҳон калонтарин ба ҳисоб мерафт.  Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ олими варзида тавонист, ки яке аз конҳои бузурги маъдани мангандорро дар Қазоқистон кашф намояд. Ин кон дар маҷмуъ, зиёда аз 70,9 дарсади умумии истеҳсоли ин маъданро дар миқёси Иттиҳод ташкил медод.

  

   Соли 1950 К.И. Сатпаев коркарди “Усулҳои комплексии таҳлилҳо ва пешгӯйиҳои форматсионӣ- металлогении конҳо”-ро ба роҳ монд, ки мутобиқи саҳеҳият ва далелнокиаш барои таҳқиқоти комплексии металлогенӣ дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ яке аз беҳтарин ва асоситарин ҳисобида мешуд.

  Шоистаи зикр аст, ки соли 1951 дар маҷлиси аввалини Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон Сатпаев К.И. аъзои фахрии АИ Тоҷикистон интихоб гардид ва минбаъд ҳамчун аъзои фахрӣ саҳми назарраси худро дар рушди илми тоҷик гузошт. Дар ин ҳангом ба фаъолияти илмию тадқиқотии Институтҳои геология ва сеймология, ҳамчунин ба пешбурди корҳои геологии Саридораи геология аз наздик шинос шуд. Натиҷаи ҳамин сафар буд, ки дар  Саридораи геология ва Институти геология бо ҷалби олимони машҳури он замон корҳо оид ба сохтани харитаҳои металлогении Қарамазор, Тоҷикистони марказӣ ва Помир шуруъ шуданд.

 

  Дар солҳои минбаъда бо ташаббуси бевоситаи академик Сатпаев К.И. ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ байни Институти геология АИ Тоҷикистон ва Институти илмҳои геологии Қазоқистон густариш ёфтанд.

  Хидматҳои бузурги Сатпаев К.И. дар тайёр ва омода намудани кадрҳои ҷавони соҳа низ хело калонанд. Қариб кулли дастпарварони мактаби Сатпаев К.И. имрӯз шахсиятҳои воқеан ҳам номдору соҳибкасб ва пешбарандагони илми геология, на танҳо дар Қазоқистон, балки бурун аз он низ шинохта шудаанд. Чандин нафаронро маҳз бо тавсияву раҳнамоии ин донишманди шинохта ба вазифаҳои баланду роҳбарикунандаи соҳаву илми геология дар Қазоқистон пешбарӣ намуданд, ки самараи заҳмати онҳоро имрӯз аҳли илми ин кишвар хуб дарк намудаанд.

  Аҳли илми геологияи кишвар он кӯшишу заҳматҳои созандаи ин олими мӯътабар, шахсияти воло ва яке аз асосгузорони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро имрӯз ҳам фаромӯш накардаанд.

 

М. Гадоев, Ф. Ғафуров

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Май 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту