preloader

интизор шавед...

Боз як рисола барои дарёфти унвони илмӣ омода ва ба ҳимоя пешниҳод шуд

  • 14-фев-2024
  • 161 дидани саҳифа

Дар ҷаласаи васеи лабораторияи канданиҳои фоиданоки Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳокимаи диссертатсионии  Мираков Мирак Абдурасулович баргузор шуд.

Мавзӯи тадқиқоти ин рисола: “Минералогияи элементҳои нодири литофилӣ дар пегматитҳои гранитии Помир (дар мисоли майдонҳои пегматии Курурт, Шоҳдара ва Намангут)”, барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои геология ва минералогия аз рӯи ихтисоси 25.00.11 – Геология пешниҳод шудааст.  

 Дар баррасии мазкур мудирони лабораторияҳо ва кормандони институт ҳузур доштан. Мирак Мираков дар майдонҳои пегматитии Курурт, Шоҳдара ва Намангут бо тадқиқоти муфассали минералогии пегматитҳои Помир машғул буд. Дар натиҷа диссертант зиёд шудани консентратсияи скандийро муқаррар намуда, таркиби минералии пегматитҳоро муфассалтар омӯхтааст. Вай маъданҳои қаблан номаълуми скандииро аз гурӯҳи оксидҳои мураккаби шахдараит хефтетьернит ва необохефтетьернит муайян кард. Минерализми ниоби-танталӣ кашф карда шуда, дар таркиби минералҳои гурӯҳи микролитҳои колумбит, танталит ва пирохлор тафовутҳо муқаррар карда шуданд.

Минерализатсияи пегматитҳо дар замини камёфт омӯхта, дар натиҷаи он минерали нави бадахшонит кашф карда шуд. Инчунин дар конҳои пегматитии Помир 7 маъданхои нодир, аз кабили ферсмит, висмутоколумбит, гадолинит, поликраз, поликразаи уран, пепросиит ва аналоги иттриуми он кашф карда шуданд.

Ҳайати кормандони Институт тақризҳои ворид шуда ва ба саволҳо посух додани довталабро шунид, якдилона қарор қабул намуд, ки рисолаи илмии дисертатсионии унвонҷӯ Мираков Мирак Абдурасулович ба  ҳимоя пешниҳод карда шавад.

Ҳайати роҳбарӣ ва кормандони Институти геология, сохтмони ба заминчунбӣ тобовар ва сейсмология АМИТ хамкасби худро табрик намуда, ба вай муваффакиятҳои минбаъдаи илмӣ орзу мекунад!

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту